Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Роҳ ба сӯи президентӣ: Ба воситаи муҳоҷирон?

27 январ 2012, 04:21

Қартаи муҳоҷирон дар Русия боз ба бозӣ даромад.
Аз ин қарта одатан мансабдорону сиёсатмадорони рус истифода мекунанд, то ҳадафҳояшон бароварда шавад. Бархе соҳибназарон тахмин мезаданд, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Русия ливои муҳоҷиронро ҳатман ба ҷилва медарорад. Ин мавзӯъ барои муддаиёни курсии президентӣ ҷиҳати ҷалби райъдиҳандагони бештар "равғани болои нон" аст. Владимир Путин, нахуствазир ва номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ низ наметавонист, ин луқмаи иштиҳооварро фурӯ набарад.
Владимир Путин, ки баъди чор соли дар симмати сарвазирӣ фаъолият карданаш мехоҳад, дигарбора ба курсии нафари №1-и Русия такя бизанад, ахиран ба мавзӯи муҳоҷирони меҳнатӣ дахл кард. Вай хостори шадидтар кардани қавоиди бақайдгирии муҳоҷирон шуд. Ин мавзӯъро Путин на дар маъракаи қаблазинтихоботӣ, балки дар матлабе баён дошт. Ҳарчанд ин мақола ҷузъе аз тарғиботи интихоботии ӯст. Дар мақолаи нахуствазир, ки рӯзномаи "Независимая газета" нашр кард, пешниҳод мешавад, барои будубоши ғайриқонунӣ ва вайрон кардани талаботи қоидаҳои бақайдгирӣ дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шавад.
Агар ин пешниҳод амалӣ шавад ва бо эҳтимоли зиёд чунин ҳам хоҳад шуд (дар кишварҳои пасошӯравӣ кадом пешниҳоди нафарони аввали давлат дар ҳаво муаллақ мондаанд?) бештар нисбат ба муҳоҷирони тоҷик тадбиқ мешавад. Зеро ҳамватанони мо аз беҳуқуқтарин муҳоҷирони корӣ дар Русия маҳсуб мешаванд. Ҳар мушти обдорро нахуст сари онҳо таҳамул мекунад ва қабеҳтарин суханҳоро гуши онҳо мешунавад…
Тибқи хабарҳо аллакай баъди нашри матлаби Путин "шикори муҳоҷирон" оғоз шудааст. Хабарнигори масковии хабаргузории "Озодагон" мегӯяд, пулис дар ҷойҳои серодам, бахусус вокзалу истгоҳҳо рейдҳо доир карда, асосан муҳоҷирин аз Осиёи Марказиро мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳанд. "Шоҳиди он будем, ки ҳатто нафаронеро, ки бо чиптаҳои бозгашт ба Тоҷикистон ба вокзали Қазони Маскав ворид мешуданд, пулис мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор медод. Ҳамчунин, иловатан ба ин вокзал 2 нақлиёти бузург бо теъдоди зиёди пулис, кинологҳо бо сагҳои бӯйгир кашида шудаанд",-иттилоъ медиҳад, Муҳаммад Рашод, хабарнигори "Озодагон".


Муҳоҷиронро забон меомӯзанд


Владимир Путин ҳамчунин дар матлабаш навиштааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ қонунҳои марбут ба муҳоҷиратро шадидтар хоҳад кард. ӯ менависад, ҳар нафари барои кор ба Русия омада бояд аз забону таърих ва адабиёти рус имтиҳон супорад. Мавзӯи имтиҳони муҳоҷирон дар Русия "қоғазпеч" нест. Қаблан ҳам чанд мақоми баланду паст санҷиши шаҳрвандони хориҷии барои кор омадаро амри зарур мешумурданд. Барои мисол ҳамин чанд вақти пештар Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия эълон кард, барои муайян кардани сатҳи донистани забони русӣ муҳоҷирон имтиҳон шаванд. Масрафи имтиҳонро ҷаноби Ромодановский ба ҳадди то 2 ҳазор рубли русӣ, муодили каму беш 300 сомонӣ муқаррар кард.
Ҷониби Тоҷикистон ҳам мегӯяд барои забономӯзии муҳоҷирон талош мекунад. Масъулини Хадамоти муҳоҷират дар нишасте сатҳи тахассус ва маълумотнокии муҳоҷирони тоҷик дар муқоиса ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои дигари ИДМ-ро нигаронкунанда хонданд. Зикр шуд, ки бо дархости онҳо тибқи созишномае вазорати маориф муваззаф шудааст, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба таҳсил дар омузишгоҳҳои касбӣ-техникии вазорат ҷалб намояд. Аммо ин иқдомро бархе соҳибназарон танқид карданд. Ба қавли онҳо вазорати маорифи кишвар бояд ин мушкилро аз давраи таҳсили мактаби миёнаи хонандагон ба инобат бигирад. Дар сӯҳбате ба хабаргузории "Озодагон" ин коршиносон гуфтанд: "Дар ҳоле, ки 11 соли таҳсили мактаби миёна ва барои бархе муҳоҷирон таҳсил 5 сола дар донишгоҳ натавонист, донишу малака ва сатҳи ҳуқуқу забондонии онҳоро баланд бардорад, курсҳои чандмоҳа наметавонад, роҳи ҳал гардад".
Ин ҳам дар ҳоле, ки ахиран расонаҳо навиштанд, ки Хадамоти муҳоҷирати Ставрополи Русия тасмим гирифтааст, дар масҷидҳои ин минтақа ба муҳоҷирони корӣ ба таври ройгон забони русиро дарс бидиҳад. Гуфта мешавад, ки аксари муҳоҷирони кори ин вилоятро шаҳрвандони Тоҷикистон ва ӯзбакистон ташкил медиҳанд.


Путин-хайрхоҳи муҳоҷири тоҷик?


Матлаби Путин аз қадамҳои ӯ дар самти ба даст овардани дили шаҳрвандони қобили райъ унвон мешавад. Ин мақола дар сомонаи тарғиботии ӯ низ қобили хондан аст. Нахуствазир ваъда медиҳад, ки агар президент интихоб шавад ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён медиҳад.
Бархе соҳибназарон мегӯянд, аз ин нуктаи назари Путин набояд ранҷид. Ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ поён додан ба ин маънист, ки акнун тоҷикон назди миллатгароёну кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот сархаму бечораҳол нашуда, дар маркази таҳқиру таҳвин қарор намегиранд.
Владимир Путин ҳамчунин ба бурузи нажодпарастӣ дар қаламрави кишвараш ишора кардаву навиштааст, ки фаъолияти аҳзоби миллатгароро мамнӯъ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон мегӯянд ҳомиёни гурӯҳҳои миллатгаро пушти деворҳои Кремл нишастаанд. Ҳолатҳои зиёди аз толорҳои суд раҳо шудани сартарошидаҳои қотил ва ё бо ҷурми авбошӣ муҷозот шудани онҳоро ин қисмати соҳибназарон далели рушане барои тақвияти фикрашон мисол мезананд.
Сиёсатмадорон ва лидерони сиёсӣ дар Русия ҳамеша барои бароварда кардани хостаҳояшон аз қартаи муҳоҷирон истифода мекунанд. Муҳоҷират ҳам омили фишор шудааст ва ҳам василаи касби маҳбубият. Бархе раҳбарони ҳизбҳо бо гуфторҳои шадидулаҳн ба адреси муҳоҷирон ва талаби берун кардани онҳо аз хоки Русия миёни мардум "холи сиёсӣ" кор мекунанд. Ва дар аксари ҳолат ангушт сӯи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба вижа Тоҷикистон дароз мешавад. Аз қартаи муҳоҷирон ҳатто давлати Русия ҳам истифода мекунад, аммо ба ҳайси фишанг ба Тоҷикистон. Ҳар вақт ки Кремл дар масъалае кӯтаҳ омад тугмаи сурхи фишангро зер мекунад.
Охирин маротиба ин абзори фишор моҳи ноябр васеъ истифода шуд. Вақте ду халабон, ки яке шаҳрванди Русия буд бо ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа 8,5 сол ҳукм гирифт. Ҳам президент, ҳам намояндаҳои Думаи давлатӣ, ҳам сардухтури №1, ҳам шаҳрванди оддӣ, ҳам саркалаки хунсард ва ҳам деди пенсионер то тавонистанд, гуфтанду куфтанд. Албатта, мо ва миллату давлати моро…


Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки биравӣ ба муҳоҷират


Теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия наздики ду миллион тахмин мезананд. Тибқи маълумотҳои оморӣ ин афрод солона ба кишвар аз 2,5 то 3 миллиард доллар мефиристанд, ки ба 4/3 ҳиссаи ММД-ии кишвар баробар аст. Мақомоти Русия мегӯянд, аксари ин муҳоҷирон бидуни санади расмӣ ва асноди будубош кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, тартиби дарёфти ҳуҷҷатҳо барои ҳақи фаъолияту зиндагии муваққат дар Русия осон нест ва вақту маблағи зиёдеро талаб мекунад.
Аз ҳама муҳимаш партофтани хонавода, зану фарзанд, волидайни пир дар чорсӯи зиндагӣ ва ҳиҷрат ба ватане, ки туро ба ғайри дубинкаи пулису калтаки сартарошидаҳо ва таҳқири корфармо касеву чизе интизор нест ба кӣ мефорад? Ба назарам ба ҳеч кас. Аммо зиндагӣ маҷбур мекунад, ки биравӣ ва қути лоямути оиларо пайдо кунӣ. Ба ҳар навъу шевае, ки набошад…


Абдулазизи ВОСЕЪ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!