Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Пӯсти президент-манбаъи тиҷорат

25 июн 2011, 07:13

Рӯзе қабл аз чанд ҷойи ин шаҳр дидан кардам ва воқеан дар ҳар деворе, пушти мошине ва ё либоси касе ному расми президентро дидам.Ҳамчунин, чанд марказҳои кӯчаки фурӯшро ёфтам, ки номи президентро доранд ва ё баъзеашон расми ӯро дар берун аз ҷои фурӯш часпондаанд…


Ифтихор аз рангу пӯст ва номи президент
Дар Ню-Йорк, ки яке аз бузургтарин шаҳрҳои Амрико ба ҳисоб меравад ва қисмати зиёди сиёҳпўстон ин ҷо иқомат доранд, бисёр марказҳои фурўшу хизматрасони номи Обамаро гирифтанд ва ё дар маҳсулоти баровардаи худ аз номи ў истифода мекунанд. Ба андешаи аксарияти ин соҳибкорон чунин раванд ба инкишофи тиҷорати онҳо воқеан такони муфид медиҳад,- чунин хулоса баровард рўзномаи "Daily News"  дар як таҳқиқоти кўчаки худ дар ҳафтаи ахир.

Истифода аз номи шахсони маъруф дар инкишофи тиҷорати мол ва ё дигар намуди хизматрасонӣ дар Амрико муди тоза нест, аммо на ҳама вақт номи президентро то ин андоза зиёд истифода кардаанд. Аксарияти соҳибназарон бар он ақидаанд, ки чун президент Обама нахустин сиёҳпўст аст ва пас аз Мартин Лютер Кинг ин қадар шӯҳрат дар байни сиёҳпўстони ҷаҳон пайдо кард. Таҳлили чанде аз марказҳои таҳқиқотии маориф ва васоити ахбори оммаи Амрико нишон дод, ки бештари сиёҳпўстон дар қиёс бо чандин соли пеш дар тадорису таълим фаъолтар шуданд ва сатҳи пастравии ҷиноёт дар миёни онҳо дар тўли чанд соли ахир мушоҳида мешавад.

Президент Барак Обамаро на танҳо сокинони кишварҳои Африқо, балки мардуми сурхпӯсту сиёҳпӯсти қисмати Осиё ифтихори худ мешуморанд, ки дар таърих нахустин бор на аз сафедпўстон, балки як сиёҳпӯст Амрикоро идора мекунад. Салон, муҳочир аз Яман, ки чандин сол аст маркази фурўшро дар Ню Йорк кушодааст,- мегўяд аз он фахр дорад, ки  «Обама нахустин раиси ҷумҳуру сиёҳпўст аст ва шахси донову ростқавл аст".  "Мехоҳам номи ўро дар ҳама ҷо гузораму бинам,-мегўяд Салон. Ў медонад, ки мо  чӣ тавр бояд ба оянда роҳ кушоем. Мардум барои ин бисёр меҳнат мекунанд, то зиндагии беҳтаре дошта бошанд".

Муҳаммад Сироҷӣ ҳам номи маркази хизматрасонии сартарошхона ва рангубори нохунашро, ки дар шаҳри Бруклин мустақар аст, ба номи "Обама" гузоштааст. "Мардум номи ўро дўст медоранд-андеша дорад Сироҷӣ, оилаи ман номи ўро дуст медорад. Ва ў аз ҳамаи дигар президентҳои собиқ беҳтар аст. Ман сиёҳпўст аз Бангладеш ҳастам ва бо ин чиз ифтихор дорам".

Кел Мартини 24 сола низ, ки гаражи мошинҳоро дар Ню -Йорк дорад, мегўяд номи муассисаашро Обама гузошт ва шумори мизоҷонаш афзуд. Кел худ зодаи давлати Доминикан аст, аммо мегўяд, чун дар навоҳие, ки ӯ ин гаражро кушодааст аксарияти куллро сиёҳпўстон ташкил медиҳанд, барои ин номи гаражро "Обама" гузошт.
Ҳамчунин, Девид Сейлони 31-сола ҳам номи маркази фурўшашро Обама гузошт ва ў ҳам тасдиқ кард, ки теъдоди мизоҷон пас аз ин ба маротиб зиёд шуд.
"Аксарияти мизоҷон сиёҳпўстонанд, онҳо ҳатто дигар марказҳои фурўши наздиктарро монда барои харидани чизе ба ин мағозаи ман меоянд. Умуман, даромади хуб дорам"-мегўяд Девид.

Ин аҷиб аст
Рӯзе қабл аз чанд ҷои Бруклин ва Манҳеттен дидан кардам ва воқеан дар ҳар деворе, пушти мошине ва ё либоси касе ному расми Обамаро мебинам. Ҳамчунин чанд марказҳои кўчаки фурўшро ёфтам, ки номи президентро доранд ва ё баъзеашон расми ўро дар берун аз ҷои фурўш часпондаанд, ё қисмате дар дари хонааҳояшон расму номи Обама доранд. Шояд аксарият имрӯз дар Ню -Йорк, Чикаго, Лос Анҷелос, Вегас ва ё ҷойи дигар чун маркази тиҷорат аз номи ў барои инкишофи тиҷорат истифода кунанд, аммо "шӯҳрати  Обама дар Амрико ва қисматҳои дигари ҷаҳон ҳоло охир надорад".
Акмал Қадам, Ню-Йорк, ИМА
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!