Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:39

Қонун

3 феврал 2012, 09:53

Шояд ҳеч як кишвари ҷаҳон мушкилотеро надошта бошад, ки мардуми Тоҷикистон доранд.

Агар назаре жарфтар ба ин мушкилҳо андозед, дарк хоҳед намуд, ки ин ҳама рабт мегирад ба  беэътиноӣ нисбати қонун. Сабаби қафомондагии тамоми соҳаҳо дар кишвар низ маҳз ба риоя нагардидани қонунҳо вобаста мебошад. Шахсе, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқҳояшро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор намекунанд, дигар ҷое барои шикоят намеёбад. Анъана шудааст, ки чунин ашхос охирон умедро ба президент мебанданд ва тавассути матбуот ё тариқи Дастгоҳи раисиҷумҳур ба роҳбари давлат арзи хешро иброз мекунанд. Дастгоҳи президент ин номаҳоро дубора барои баррасӣ ба ҳамон мақомоте мефиристад, ки ҷабрдида маҳз аз болои ҳамон ташкилот  навиштааст. Ин мақомот номаро "баррасӣ" намуда ба "боло" менависанд, ки "далелҳои дар нома буда исботи худро наёфт". Пас, аз ин барои ҷабрдида ҷои шикоят бурдан танҳо даргоҳи Худо боқӣ мемонад.

Даст ба қонуншиканӣ задани ҳомиёни қонун дар кишвари мо ҳарфи нав нест. Ба иттилои Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия танҳо дар соли 2011 кормандони ҳифзи ҳуқуқ 137 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта  содир намудаанд, ки ошкор гардидааст. Ҷиноятҳои ошкорношудаву ошкорношуданӣ низ дар ин миён ҳатман бояд, ки бошад. Ба замми ин шояд ҷиноятҳое низ содир намуда бошанд, ки ба ришвахорӣ иртибот надоштаанд. Аз ин рӯ, вазъи ҳуқуқии кишвар ба назари инҷониб фоҷеабор  менамояд. Оё 137 ҷинояти вобаста ба ришвахорӣ содир намудан  аз ҷониби муҳофизони қонун дар як кишвари кучак ба назаратон даҳшатнок нест? Ин омор пеш аз дастгир шудани як чанд кормандони боломақоми амнияту тартибот бо ҷурми даст доштанашон ба нашъаҷаллобӣ расонаӣ шуда буд. Ҳоло мавзӯи қочоқи маводи мухаддир аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки рисолати мубориза алайҳи ин падидаи нанговарро доранд сари забонҳост.

Бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудани шахсони маъули мақомоти қудратӣ ақидаи аз тарафи бархе "калонҳо" пуштибонӣ ёфтани тиҷорати маводи мухаддирро оё тасдиқ наменамояд?

Ҳоло ки чеҳраҳои аслии бархе аз ҳомиёни қонуну тартибот намоён мегардад, мардуми оддӣ пас аз ин ба кӣ бовар кунад? Арзи мушкили ҳуқуқиашро пеши кӣ барад?

Суоли дигаре, ки посухашро интизор аст, ин аст, ки чаро онҳое, ки ба  қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, танҳо пас аз ишораҳои президент дар маҷлиси ҳукумат боздошт шуданд? Оё ин маънои онро надорад, ки баъзан сухани як нафар аз қонунҳо дар кишвари мо болотар меистад? Пас, маълум мешавад, ки қонун ва низоми қонуну қонунписандӣ дар кишвар ба ҳар ду по мелангад.

Ва дар охир: Бо ин шеваи кор куҷо меравему ба чӣ мерасем, агар Худо надонад, мутмаинам, ки бандаи хокӣ намедонад.

Азизи НАҚИБЗОД



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!