Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Хуни шаҳидон аз дари қасри ҳукумат шуста шуд?

9 феврал 2012, 10:52

Медонам, ки "мурда бар дили меросхор хор" аст. Вале шаҳидони баҳманмоҳ мероси моддӣ набуданд.

Онҳо, пеш аз ҳама қурбониёни бегуноҳи дасисае буданд, ки зимомдорони вақт ба роҳ андохтанд ва дар масофи оинаву алмос кайфари марги золимонаро чашиданд

Қабл аз фоҷеаи Душанбе чунин ҳодиса дар баъзе ҷумҳуриҳои Шуравӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Вилнюс, Тифлис, Боку…. низ рух дод. Куштори Тифлисро бузургтарин ходимони сиёсӣ ва илму адаби Шӯравӣ, аз ҷумла академик Сахаров, шоир Вознесенский, нависанда Карякин, файласуф Чаликова ва дигарон маҳкум намуданд. Дар Тифлис то ба имрӯз 9- уми апрелро чун рӯзи қурбониёни озодӣ ёд меоваранд ва ҳамчунин маҷмаъе дар пойи рӯҳи қурбониён бунёд ниҳоданд ва омилони фоҷеа низ шиносонда шуданд. Гурҷиҳо тавонистанд, ки хунбаҳои маънавии фарзандони шаҳидашонро аз қотилон ситонанд.

Вале мо чӣ кардем? Президенти вақт Р. Набиев дар солрӯзи фоҷеаи баҳманмоҳ "Дар бораи абадӣ гардондани хотираи қурбониёни ҳодисаҳои фоҷеавии 12-уми феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе" амре содир намуд. Ҳамон вақт аз шаш супорише, ки дар он амр зикр шуда буд, фақат якеаш- гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар майдони  Шаҳидон бо сабти ному насаби қурбониён иҷро шуд. Вале баъд на Набиев монд, на амраш ва на он лавҳаи ёдгорӣ. Чаро чунин шуд? Посухҷӯӣ ба ин суол хаёли моро ҷои дигар мебарад: калламанораҳое, ки Темур сохт, нанги таъриханд; эътирофи қатли омми арманиҳо эҳтиром бар шаҳидон таъбир шуд; ҷинояткорони ҷанги дуввуми ҷаҳон новобаста ба синну солашон ба ҷазо кашида шуданд….. Яъне мо хоҳему нахоҳем, дер ё зуд, новобаста ба султаи ину он ҳама чиз дар тарозуи таърих андохта ва баркашида хоҳад шуд:

Бародари муборизам, замзамакун баҳорро,

Бичин зи шохаи яқин меваи  интизорро.

Баҳор шуд, баҳор шуд,ватан чу лолазор шуд,

То ки шуморад ин ҳама лолаи бешуморро.

Ба хун рақам заданд,то қиссаи рӯзгори ман

Бихон, бихон зи дафтарам шавкати ин таборро…..

Табсирае дар ҳошияи соярушанҳои баҳманмоҳи хунин

Аз вуқуъи фоҷеаи баҳманмоҳи соли 1990 бисту ду сол мегузарад. Дар атрофи он ҳодисаҳои фоҷеабор бисёр навишатнду гуфтанд. Вале ҳанӯз ҳам касе натавонистааст ба саволи аслӣ посух гӯяд: Чаро чунин шуд? Чаро одамони бегуноҳ қурбон шуданд? Чаро омилони  аслии ин фоҷеаи миллаткуш то ҳанӯз дар паси пардаанд? Ва ғайраҳуву ҳоказо….

Маводҳое, ки дар тӯли солҳои сипаришуда нашр шудаанд, то ҷое манзараи ҷомеъи фоҷеаи рухдода ва дидгоҳҳои мухталифи аҳли ҷомеа ва ҷомеадоронро нисбат ба он ҳодиса ифода мекунанд. Дар гармогармии фоҷеаи баҳманмоҳ Президиуми Шӯрои олии онвақтаи Тоҷикистон комиссияе оид ба тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 таъсис дод, ки муовинии раиси ин коммиссияро намояндаи мардумӣ, муовини Додситони онвақтаи нақлиёти Осиёи Миёна С. Кенҷаев ба уҳда дошт. Дар арафаи солрӯзи ин фоҷеа гузориши  комиссия оид ба тафтиши воқеаҳо нашр гардид. Ҳамон рӯзҳо С. Кенҷаев  дар як мусоҳибаи расонаӣ гуфта буд: "…мо 17 нафар аъзои комиссиюн сарфи назар аз он ҳама садду мушкилоте, ки ҳини кор пеши роҳамон пайдо гаштанд, кори зиёдеро ба субут расонидем… ва дар натиҷа ба хулосаи аниқе омадем, ки сабаби асосии рух додани воқеаҳо ин ба ҳадди ниҳоӣ паст будани сатҳи зиндагии мардуми таҳҷоӣ, вазъияти буҳронии иқтисодиву иҷтимоӣ, тараққиёти номутаносиби ноҳияҳо ва беътиноии роҳбарон ва талабу дархостҳои рӯзафзуни аҳолист. Сабабҳои дигар, аз қабили овозаҳои ба ҷумҳури омадани як гурӯҳ арманиҳои гуреза ва ғайра, ки имрӯз баъзеҳо онҳоро асбоби асосии сар задани ҳодисаҳо шуморида, бад-ин васила саркардагони хунрезиҳоро паноҳонидан мехоҳанд, сабабҳои дуюмдараҷаву сеюмдараҷаанд".

Дар гузориши комиссияи зикршуда ба марги одамони бегуноҳ "… ҳарбиён, кормандони милиса ва КБД" айбдор дониста шудаанд. Дар хулосаи комиссияи мазкур "гунаҳгор будани рӯҳониёни расмӣ ва созмони ғайрирасмии "Растохез" истисно шудааст. Вале баъди чанд муддат ҳамон С. Кенҷаев хулосаи худ ва комиссияро дигар карда"неруҳои навпайдои сиёсии ҷомеа"-ро масъули баҳманмоҳи хунин медонад: "Баъзеҳо мегӯянд, ки ин падидаҳои нав буду як намуди демократия, аммо ба фикри мо наметавонад ба хунрезӣ сабаб шавад. Ва он чи агар оқибат ба хунрезӣ ва ҷангу ҷидол барад, ягон хел падидаи демократӣ буда наметавонад. Ба ақидаи ман ин воқеаҳо шахсони тарроҳу ташкилкунанда ва шахсони иҷрокунандаи худро доштанд". Чунонки мебинем бо гузашти вақт ва бо тағйир ёфтани мавқеи сиёсиаш С. Кенҷаев на фақат хулосаи комиссияи тафтишотиро, ки худаш муовини он буд инкор мекунад, балки тадриҷан онҳоеро гунаҳкор мекунад, кибо онон дар як саф қарор дошт.

Дар хулосаи комиссияи парлумонӣ омилони аслии бедодиҳо ва қатли шаҳрвандони бегуноҳ номбаршуда, ҳамчунин паҳлуи дигари ҷинояти созмонёфтаи он рӯзҳо изофанависии роҳбарони корхонаҳо низ фош карда шудааст. Тадқиқ собит кардааст, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои 12-14 феврал ба давлат на ба маблағи 6568096 сӯм, балки 3193007 сӯм зиён расидааст. Масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мехостанд аз бадбахтии халқ истифода карда, аз хазинаи давлат бо роҳи ғайри қонунӣ 3375089 сӯмро аз худ намоянд. Комиссия дар хулосааш маълумоти дақиқро оид ба ҳалокшудагон, василаҳои куштор ва омилони аслии он низ ироа карда буд, вале бо гузашти фурсати кӯтоҳе, яъне дар солрӯзи ин воқеа ҳама чиз фаромӯш шуд.

Дар матбуоти он солҳо баъзе маводҳое нашр шудаанд, ки дар шинохти сабабҳо ва омилони аслии фоҷеаи баҳманмоҳ моро раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла мулоҳизаи зерини афсари онвақтаи КГБ-и Тоҷикистон А. Назаров қобили таваҷҷӯҳ аст: "Зиёиён ва рӯшанфикрони Тоҷикистон дар Осиёи Миёна аз зумраи пешқадам буданд, ки аввалин шуда талаби мақоми давлатӣ гирифтани забонро ба миён гузоштанд, яъне ба муқобили режими тоталитарӣ сар бардоштанд, яъне озодфикрон муборизаро барои озодии миллӣ сар карданд, амнияти империя ва он режиме, ки мавҷуд буд, КГБ-ро ба ташвиш наоварда наметавонист ва барои ҳамин ҳама кӯшишҳоро дар мақомоти ҳизбӣ ба воситаи дастгоҳи бехатарӣ ба кор бурданд, то мардум бӯи демократияро нафаҳмад…Вақте ҳаминхел гуфтугузорҳо пайдо шуд, КГБ ҳаракат кард, ки ба ин раванд пешипо диҳад, бо баҳонае, ки  гӯё он интернатсионализмро халалдор мекунад. Ин супориши КМ КПСС буд ва раиси КГБ Петкел рӯирост дар ҷаласаҳо мегуфт, ки бояд ин забон мақоми давлатӣ нагирад". Ин баёнот собит месозад, ки ҳадафи асосии тарроҳон  бо ташкили дасисае  пеши роҳи ҳаракати озодихоҳии мардумро гирифтан ва бадном кардани он будааст.

Барои ба ин ҳадаф расидан фитнаи гурезаҳои арманӣ василаи корсоз буд дар дасти хадамоти вижаи КГБ-и СССР. Роҳбари онвақтаи Шӯравӣ М. Гарбачёв дар рӯзҳои воқеаҳои феврал дар яке аз суханрониҳояш сареҳан гуфта буд, ки "Шӯълаи оташ аз Боку ба Душанбе расид". Воқеан ҳам фоҷеаҳои Душанбе баъди ҳаводиси ҳаммонанди Боку сурат гирифта буд. Ишораи Гарбачёв ҳушдори корманди масъули КМ ҲКИШ-ро ба котиби КМ ҲК Тоҷикистон А. Д. Дадабоев дар хусуси вуруди эмиссарҳои  озорбойҷонӣ бо мақсади таблиғоти зидди ҳизбӣ ба ёди мо меоварад. Ҳамин эмиссарҳо то саршавии ҳаводиси феврал дар Душанбе муқобили арманиҳо таблиғот низ бурдаанд, ки таҳқиқи комиссияи парлумонӣ онро собит кардааст. Суол ин аст: чаро пеши роҳи ин фитна гирифта нашуд? Ин сарҳалқаи аввали дасиса буд. Ҳалқаи дигар, ки ҳиссиёти мардумро то ҷое таҳрик бахшид, овозаи либосҳои аз Тоҷикистон ба кӯмаки  зилзилазадагони Арманистон фиристодаро оташ задани арманиҳо буд. Санади бисёр ҳам ҷолиби дигареро, ки дар гузориши комиссияи парлумонӣ омадааст ва барои дарки моҳияти он балво ёрӣ мерасонад, иқтибос мекунем: "10 феврал дар маҳаллаи Зарафшон гурӯҳи ҷавонон бо кирдори худ нафраташонро нисбати арманиҳои маскуни Душанбе баён карда, хонаи як арманиро оташ заданд. Ҳамон вақт аз меҳмонхонаи "Душанбе" ба Вазорати корҳои дохилӣ бо телефон хабар доданд, ки озариҳо дар меҳмонхона ғавғо бардоштанд, то ба арманиҳо ҷой надиҳанд, дар акси ҳол 11.02-90 вазъият тезутунд мешавад". Воқеан ҳам баъди таҳдиди "эмиссарҳои озарӣ" мардум дар назди бинои КМ ҷамъ омаданд ва талабашон низ мушаххас буд: гурезагони арманӣ аз хоки ҷумҳурӣ берун карда шаванд.

Пас аз андешидан сари ин санадҳо суол пайдо мешавад: Чаро ҳеҷ ниҳоди қудратӣ пеши роҳи ин фитнаро нагирифт? Кӣ дасти мухбирони рӯзномаи "Молодёж азербайҷана" ва радиои Би-Би-Си Т. Ҷаъфаров ва сокини шаҳри Боку М.А. Низомиддиноваро кушода медошт то дар Душанбе  ҳар кореро, ки бихоҳанд, кунанд? Чаро дар матбуоти Шӯравии собиқ ва ҳам ҷумҳурӣ барои "психологические отработка"-и  аҳолӣ хабарҳои дуруғ ва тахрибгар нашр мешуду пеши роҳи онро касе намегирифт? Чаро дар "Литературное газета" барин рӯзнома маводи дурӯғ дар бораи вуруди неруҳои "Ҳаракати исломии Покистон" ба кишвар, дарёфти "миқдори зиёди граната, маводи мадҳушкунанда, расмҳо" чоп мешуд? Ин ҳама тавтеа барои чӣ буд?

Ва даҳҳо суоли ҳаммонанд симои қудратеро тарҳ медиҳад, ки "хуруҷи миллатгароён"-ро он сол дар Душанбе амалӣ сохт. Мантиқи ҳаводиси рухдода фақат далолат бар он дорад, ки баҳманмоҳ нақшаи тарроҳишудаи хадамоти вежаи Шӯравӣ ва ҳадафаш шикаст додани неруҳои истиқлолхоҳӣ миллӣ буд ва дар ин амали нопок душманони хоназоди халқи тоҷик нақши калидӣ бозиданд. Ҳамин тавр бо кӯмаки ҳамин тоифа Хирси сафед аз панҷара ва Ҷин аз кӯза берун омаданд ва ҳар коре, ки хостанд, карданд. Яке одамони бегуноҳро мекушт, дигаре ба боми мардум санг мезад, фитна меангехт ва собиткарданӣ мешуд, ки "аз тарафи ҳукумат касе тир" напарондааст, "ба ҷавонони гумроҳ лаънатиҳои ашаддӣ махфӣ тир меандозанд".

Дар ҳоле, ки Комиссияи президиуми Шӯрои олӣ, ки дар ҳайати он профессрон Юсуфхон Исҳоқӣ, Аъзам Пӯлодов ва дигар шахсиятҳои маъруф буданд, собит кард, ки аз 25 нафар фавтида 21 нафарашон бо АКМ-74 парронда шудаанд ва аз инҳо 16 нафар тоҷик, 5 нафар рус, 2 нафар узбек, 1 тотор,1 нафар озорбойҷонӣ буданд, корманди вижаи КГБ В. Пономарёв дар фазои иттилоотии Шӯравӣ русҳо ва намоянадгони дигар миллатҳоро қурбонии аслии ин фитна маънидод карда, воқеаҳои баҳманмоҳро "ҳамчун хуруҷи миллатгароёна" тавсиф менамуд.

Дар ҳоле, ки шоҳидон ва аъзоёни комиссия аз ҷониби ҳарбиён парронда шудани шаҳидонро таъйид мекарданд, котиби якуми онвақтаи кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе Ҷ. Каримов чунин исрор мекард: "Ман чун котиби  якуми ҳизбии шаҳри Душанбе аз номи худ ва номи куммунистон изҳор мекунам, ки тамоми чораҳоро мебинем то аз тарафи мо ягон кас тир напаронад. Вале тамоми мураккабӣ ва душворӣ аз он иборат аст, ки ташкилотчиёни бетартибиҳои шаҳри Душанбе, ин лаънатиҳои ашаддӣ, аз ҳеҷ гуна бадкирдорӣ ҳазар намекунанд ва ба ҷавонони гумроҳ махфӣ тир меандозанд, ноҷавонмардона амал мекунанду гуноҳи ин рафтори худро ба гардани қушун, ки ҳоло ин ҷо мебошад, бор мекунанд". Воқеият ба чашмони Ҷ. Каримов чунин менамуд. Вале Раиси он вақтаи кумитаи Шӯрои олӣ Ҳикматулло Насриддинов чунин шаҳодат додааст: "Ман аз тирезаи дафтари кориам (он дар шафати КМ ҳизб буд) медидам, ки аз ҳуҷраи бюрои рухсатдиҳии КМ 4-5 нафар одами низомии яроқдор пайдо шуданд. Онҳо баракси даъвоҳои роҳбарони собиқ, ки гӯё ба осмон тирҳои дуруғин паронда бошанд, бар муқобили намоишчиён тирҳои ҳақиқатан марговар сар доданд. Ин боиси саршавии бетартибиҳои оммавӣ шуд. Умуман, онҳое, ки ба сарзадани воқеаҳои нохуш сабаб шуданд, одамоне буданд ва ҳастанд, ки ору номуси миллат, шарафи халқи тоҷик барояшон як тини пучак арзиш надошт". Отахон Латифӣ низ ҳамон вақт чунин шаҳодат додааст: "Онҳое, ки силоҳи оташфишон доштанд, асосан дар қабати дуюм ва сеюм, ки дафтари кории котибони СеКа буд, ҷой гирифта буданд"…Ва назар ба хулосаи Комиссияи Президиуми Шӯрои олӣ "теъдоди зиёди шаҳидону маҷруҳон ҳангоми истифодаи техникаи ҷангии вазнин ва аслиҳаи автоматӣ на фақат дар минтақаи митинг, балки дар дигар ҷойҳо низ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин кор аз тарафи ҳарбиён, кормандони милисия ва КГБ 12,13,14 феврали соли 1990 беандеша сурат гирифт".Вале пленуми таърихии ҳизби коммунист, ки моҳи марти ҳамон сол доир шуд, тавонист мардумро бовар кунонад, ки ифротиён якдигарро парондаанд, дигар ҳеч.

Аксари аъзоёни он пленум бо сарварии Қ.Маҳкамов ҳақиқатро масх карда, ҳатто воқеияти рӯбарӯяшонро эътироф намекарданд. Ҳол он ки муқаррар шуда буд, ки шаҳрванд Н. Неъматулина рӯзи 12.02.1990 дар хонаи модараш, кӯчаи Лелин (Рӯдакӣ), бинои 91, хонаи 23 соати 15:40 ҳине, ки  дар ошхона буд, тирхӯрд ва ҳалок шуд. (Масофаи баландии тири автомат 5 метру 94 см аст). Комиссияи президиуми Шӯрои олӣ муайян карда буд, ки "тир тавассути тирезаи дуқабата гузашта шишаро фақат аз як ҷой сурох кардааст. Самти ҳаракати тир аз боло ба поин аст. Хонаи модари Неъматулина дар рӯ ба рӯи қаноти рости бинои КМ (ҳоло қароргоҳи президент)воқеъ аст. Навиштаҳое, ки гӯё Неъматулина ва Матросовро "ифротиён" парондааанд, ба воқеият рост намеоянд, зеро аз яроқи оташфишон аз кӯча истода ба ошёнаи дуввум паррондан номумкин аст". Хулосаи комиссияи зикршуда дар бораи 21 нафари дигари ҳалокшудагон низ чунин аст, яъне онҳо аз тири автомати калашников-74 кушта шудаанд.

Аз ёддошти афсари собиқи КГБ-и СССР А. Назаров, ки дар солрӯзи ин фоҷеа дар матбуот чоп шуда буд: "Ба хотир биёред мусоҳибаҳои Петкелро дар матбуот ва изҳороти генерал-лейтенант Толкуновро (сардори  умури инспектории КГБ-и Шӯравӣ, ки он рӯзҳо дар Душанбе буд)дар хусуси мавҷудияти гуруҳҳои яроқнок дар ҷумҳурӣ. Вақте ки афсарон тир мепарронданд, Петкел дилпур буд, ки гуноҳро ба сари гурӯҳҳои бофтаву хаёлии яроқнок мезанад ва то як дараҷа ба ин кор муваффақ ҳам шуд. Дар рафти кори пленуми СеКа аниқ ба хулосае омаданд, ки "ифротиён" якдигаррро парондаанд. Наворҳоро тамошо мекунаму дилам фишор мехӯрад. Гурӯҳи ҷавононро бо калтакҳо мезананд, қисме гурехтанӣ мешаванд ва аскарони дивизияи каллабури Витебск ба сари онҳо расида, то дами мурдан мезананд ва дар навор баръало ҷон кандани одамро мебинӣ. Масалан, дар назди Сум. Ҳангоме ки С. Кенҷаев ба тафтиши фоҷеаи баҳманмоҳ машғул буд, роҳбарони КГБ ба ӯ намоиши филми се қисмаро ваъда дода буданд. Он филм ҳоло мавҷуд аст, лек ба фикрам онро гум мекунанд, ба хусус, ки Маскав дида буд. Инҷо як чизро ногуфта наметавонам, ки агар тайёрии пешакӣ намебуд, чи гуна Кузин "Аз хоби гарон хез"-и "Растохез"-ро оварда ба навор мантаж мекунад?"

Бистуду сол мегузарад аз он рӯзҳои сиёҳ, ки аз яке фарзанд рабуд, аз дигаре мансаб. Тарроҳон ва иҷрокунандагони аслии қатли тоҷикон- душманони хоназод- нафақат беҷазо монданд, балки дар курсӣ устувортар нишастанд. Аз рӯи сенарияи пешакӣ (А. Назаров Петкел ва ҷонишини сардори управленияи "З"-и КГБ-и СССР, генерал- майор Воротниковро муаллифони сенария муаррифӣ кардааст) пленуми ҳизб Б. Каримов, Н. Табаров ва А. Ҳабибовро сиёҳ кард, вассалом.

Дар як назарсанҷие, ки дар арафаи солрӯзи фоҷеаи баҳманмоҳ доир шуда буд, ин рӯйдодро 26, 2% исёни бешуурона, 25,4% инқилоби ҳақпарастон, 21,3% балвои созмонёфта, 12,6% суиқасди дарборӣ, 9,4% тасодуф ва 5,1% намедонам таъбир карда буданд. Дар як пурсиши дигар дар солрӯзи 14-уми ин фоҷеа Неъматулло Амонбеков чунин натиҷагирӣ кардааст: "Воқеаҳои феврали соли 1990 аз тарфи мақомоти амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Ва ин ягон имконият намедод, ки ин воқеаҳоро пешгирӣ кунем. Зеро ин воқеаҳо ҳамчун дастаке буд, барои воқеаҳои соли 1992".

Чунонки ишора шуд, С. Кенҷаев низ мавқеияташро дар шинохти воқеаҳои баҳманмоҳ дигар  ва онро заминасози ҷанги дохилӣ унвон кард. Барои дарки саҳеҳи воқеоти он солҳо суханони зерини А. Достиев ба ҳақиқат талмеҳ мезанад: "Ба ҳам шӯрондану баъд ба иззати нафси дигарон расидан танҳо хоси депутатҳои силоҳдор набуд, зеро ки депутатҳои Шӯрои Олии даъвати 12-ум ҳама гувоҳем, ки мо бо ҳазору як орзуи ободии кишвар ба иҷлосияи Шӯрои Олӣ меомадем, вале қабл аз он ё баъди анҷоми ҳар рӯзи кори он роҳбарон, кормандони масъули мақомоти  марказии давлатӣ (Шӯрои вазирон, КМ ва ғайра) ба меҳмонхонаҳо омада моро бар зидди як дигарамон мешуронданд ва бисёриҳо супоришҳои онҳоро иҷро ҳам мекардем ва аз бисёр ҷиҳат ин яке аз сабабҳои нофаҳмиҳову нооромиҳои ба ҳамаамон маълум  буданд. Ин бадбахтиҳоро касе аз маҳал эҷод накарда ва наоварда буд, балки ин ҳама дар марказ эҷод гардида, саркардаҳо ба ҳар восита аввал вакилон ва баъд мардуми ноогоҳро ба майдон мекашиданд". А. Достиев дар ин баёноташ то ҷое пайи пойи ҳамон Хирси Сафед ва Ҷинни фитнагарро намудааст…..

Нудбаи шаҳидони баҳманмоҳ

Мурғи сукут ҷузаи марги фаҷеъ аст! Вале мо, он гумшудаҳо, ба ин дастур аз тирагӣ берун наомадаем, ки дар хун нишаставу рафта бошем. Бок не, агар ҳеҷ кас моро марсият намекунад. Вале бок аз он аст, ки исёни мо фардӣ набуд. Он замон шояд ҳарорат бар сарамон зад, "носуррии рӯҳ" иҷоза надод, ки мисли миллиёнҳо ҳамватан мушкилоти ҷомеаро шахсӣ ва кучак шиносем. Он чи мо дидем ва тафаҳҳус кардем авомили умумӣ буд ва ба ҳастии миллат пайванд мехӯрд. Он ҳама ноҷуриҳо захмҳое буданд, ки рӯҳро мисли хӯра мехӯрд: сияҳбахтӣ фақат аз дунёи мовароуттабиъа сарчашма намегирад. Ин ҳамоқатҳо ва разолатҳо ва ҷиноятҳои дунболадор аст, ки дар зерливои қонун фардро хору залил ва миллатро сарафкандаю дастнигар месозад. Шиканҷаҳои рӯҳии танҳоии миллат низ беиллат нест.

Бинобарин ҳам он рӯзҳои маргбор хостем "теппаи бостониро, кибо заболаҳои имрӯзӣ қотӣ" шудаанд, пас бизанем ва ҳар чи бештар дар ин ковиши худ пеш рафтем, бештар ба ваҳшат афтодем: дуруғ, вақоҳат, зӯргӯӣ ва ситам ҷои ҳуш ва рушанбиниро гирифта буд. Решаи бадбахтиҳои миллат дар хурофот аст, ки ҳазорсолаҳо домангири ӯ будааст. Хурофоте, ки виҷдони фардро дар торикии мутлақ нигаҳ дошта ва ибтикор ва шуури лозим барои зиндагии озод ва хушбахтро аз ӯ тадриҷан мегирад ва ё аллакай гирифтааст.

Бидонед, мо ба тӯдаҳои бечора коре надоштему надорем, онҳо бе ин ҳам ба дарди худ гирифторанд, вале ҳақ дорем аз ин сӯи арвоҳ бигӯем, ки то вақте ки як андешаманд, як рушанфикр ва як ҳунарманд (шоир, нависанда, рассом, актёр ва…) бандаи шикам ва зери шикам аст, дар назди ситамкорон қадр ва манзалат дорад! Бо ӯ ба мисли як гурбаи анқара рафтор хоҳанд кард:  навозишаш мекунанд, ба меҳмонӣ мехонанд, дар ҷаласаҳои ифтихорӣ ба ӯ сухан медиҳанд, барои ҳеч ҳар чизаш инъом мекунанд, тоқиву ҷома мепӯшонанд, шароит фароҳам меоваранд, ки дар маҷомеъи байналмилалӣ ва миллӣ садри маҷлис бошад ва ё ширкат кунад….

Аз фаҷоеъе, ки гузашту мегузарад, оқибат бар асоси як истидлоли сода, вале маҳкам ба ин натиҷа расидем, ки масоили воқеӣ дар масири кӯтоҳи умри инсон матраҳ аст. Дар ҳамин дунёи дун аст, ки одамҳоро хар мекунанд, кӯру кар мекунанд, савор мешаванд… вале яқини мо ин аст, ки он арбобони золими савора низ дар торикии офаридаи худашон дасту по хоҳанд зад. Ҳақиқат ин аст, ки ниҳояти кор зиндонбон низ дар роҳрави ҳуҷраҳои маргбори эъмор кардааш раҳгум хоҳад зад. Зиндагии ӯ низ мисли асирону бардагон мавҳум ва нафасгир аст. Сояи заҷркашидагон ҳамеша дунболи ӯст ва соъате дар болини роҳат аз гулӯяш хоҳад гирифт.

Гуноҳи кабираи мо талош барои озодӣ буд, дигар ҳеч. Ин омил барои онҳое, ки бандаи шикам ва зери шикам буданду ҳастанд, марговар буд ва ҳаст. Мо надонистем, ки якбора роҳ гирифтан аз торикӣ сӯи равшанӣ чи қадар хатарнок будааст. Мо шояд кореро анҷом доданӣ шудем, ки ҳеҷ гоҳ кӯри модарзод чунин иқдом намекарду намекунад, зеро ӯ аз рӯзи милод медонад, ки кӯрро табиат барои торикии абад офарида аст. Мо кӯрҳои модарзоди парвардаи муҳити ҷомеаи Шӯравӣ будаем, ки Худоямон Ленин ва калимаи шаҳодатамон "Шаҳодати ранҷбарӣ" буд.

Ҳоло дар ҷое, ки мо сар ниҳодем, шумо по мегузоред. Санги пои рӯҳи моро пешпоӣ заданд. Бок не! Шаби Варфоломей- қатли омми Париж низ тавҷеҳи худро дошт. Он замон мо хостем аз торикӣ берун оем, вале натавонистем. Имрӯз ҳамсолони марги мо бистудусола мешаванд. Ҳоло бояст нафас рост кард ва ба худ омад, ниру бояд гирифт. Фироқи фарзандони аз даст додаатон набояд шуморо аз роҳи ҳақ- ҳадафи аслӣ берун кашад. Ҳадаф ҳамон бояд бошад, ки буд. Барои ҳамин ҳам ба қадри зиндагонӣ низ бояд расид, зеро он низ  фардоро замонат медиҳад: бе зиндагии ҳадафманд ба ҷое намерасем ва ба ҷое, ки нарасидем зистан низ маънӣ надорад. Дар вазъи имрӯзаи касолати ахлоқӣ ва таваҳуш шумо наметавонед мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди инсонии ашхосеро, ки  моро қатли ом  карданд, дақиқ ташхис диҳед. Барои шинохтани эшон арманиҳои гуреза ва эмисарони озарӣ ёрӣ намекунанд. Дар ҳар сурат қатли бегуноҳон ваҳшонияте беш набуд. Афсус, ки ин ҳақиқати талх аст. Ин ҳамаро сохтанд, вале халқи моро  бо баҳонаи дуруғи низои миллӣ  бадном ҳам карданд. Шоиронамон моро ба Чингиз ҳамсон шинохтанд. Рӯзномаи "Правда" бо номи "Зангулаҳои умед" тӯҳматномаеро дар ҳаққи халқи мо нашр кард, ки дар он аз тарафи тоҷикон пора-пора кардани кӯдаки рус, аз пули Путовский ба дарё афкандани зани рус, таҷовузи занони ғайри тоҷик хабар дода мешуд. Ҳамин тӯҳматномаро рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" чоп кард. Моро ба дигарон ҳамин гуна шиносонданд. Ва имрӯз ҳеч ҷои тааҷҷуб нест агар В. Жириновский ва В. Холмагоров ба воситаи НТВ-и Русия аз қатли оми русҳо дар ибтидои солҳои навад дар Тоҷикистон ҷор зананд! Чаро бо мо чунин бархурд карданду мекунанд? Барои он ки аз қадим то ба имрӯз моро  душманонамон муҳосира кардаанд ва моро ҳеч кас фаҳмида наметавонад, ҳатто душманони хоназодамон низ. Аз нигоҳи дигарон мо ситамдида не, балки ситамгарем, зулмдида не, золим ҳастем.

Вақте ки як нафар шоир - баҳманмоҳи моро бо қатли оми Чингиз муқоиса мекунад ва мегӯяд, ки "аз замони таҳоҷуми Чингизхон" дар сарзамини вай чунин "қатлу ғорат" сурат нагирифтааст ва ин ҷурмро ба гардани миллат мезанад ва метарсад бигӯяд, ки  омилони аслии ин тозиш киҳоянд, пас, ҳарфҳои дили Лоиқ- "Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст"- ҳақиқат дорад? Ва ё ҳарфҳои шоири саргардон Бозор Собир- "Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт дод, Суннати волою девон дошт дод, Тахти Сомон дошт дод"- магар ҳанӯз ҳам мухолифи "интернатсионализми пролетарӣ" - анд?!

Ҳақиқат ин аст, ки дар тӯли таърих "дар сарояш тоҷик аз бахти нагун бо габру мусулмон ҳамсаро буд", муҳоҷимонашро паноҳ дод. Ҳеч халқе мисли тоҷик ба қотилонаш, ки аз сари фарзандони ӯ калламанораҳо сохтаанд, дилу дидаашро накушодааст, ҳеч халқе мисли тоҷик дар канораш душманони хоназод напарвардааст. Дар ҳама аъсор тоҷикон парварандаи муҳоҷирон буданду ҳастанд, ба бегона дасти тааддӣ набардоштаанд. Ҳамин жириновскийҳою рогозинҳо, ки имрӯз аз тоҷик дев месозанд, бояд ҳофизаашонро зинда кунанд ва даме биандешанд ва аз хешу таборашон бипурсанд, ки ҳиҷрати иҷбории сталиниашон тӯли ҳафтод сол дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?! Тоҷикон ба русҳо ва миллатҳои дигари муҳоҷир имтиёзҳое дода буданд, ки ба фарзандонашон надодаанд. Фарҳанги русиро ба курсӣ нишонданд. Расму оини худро ба эҳтироми "бародари бузург" тахриб карданд. Хидматҳое, ки дар тӯли асрҳо тоҷикон ба бегонагон кардаанд, Фаронсаи рамзи озодӣ ва Русияи байрақбардори интернатсионализм накардаанд. Вале, бадбахтона, халқи моро на бегонагону муҳоҷимон фаҳмиданд, на душманони хоназодаш- гурбаҳои анқара!

Муҳаббат дар чашм аст. Ҳоло аз он сӯи арвоҳ рӯҳи мо ба шумо менигарад. Ғами мо бояд шуморо созад, қотилонамонро хафа кунад. Ҳеч бегонае, ҳамин ҷаноби Барак Обама низ, ки ба ҷои Буши Бағдоди афсонаҳои ҳазору як шаби моро харобкарда ба курсӣ нишаст, ғамгусори шумо нахоҳад шуд. Ҳомиёни бегона бетамаъ нестанд ва иқдомҳои ёрихоҳонаашон хатар низ дорад. Бинобар ин ҳам мо бояд ҳуввияти миллиямонро ҳифз кунем, аз динамон, ойинамон дифоъ кунем….

Дар ин замона марзҳои амниятии тоҷикон тағйир хӯрдааст. Дигар ҳифозати марзҳои обию хокӣ ва ҳавоӣ арзиши худро гум кардаанд. Истилои Ватан аз ҷониби бегонагон истилои ҳуввияти миллат аст. Ба инсоне, ки гури падарашро аз ёд бурдааст, нахуст фарзанди ӯ пӯшт хоҳад гардонд. Чунин бешарафонро на дӯст эҳтиром мекунад, на душман. Дар ин дунёи каҷдору марез масъала як аст: зистани бошарафона. Халқи мо сазовори бошарафона зистан аст. Вале душманони бегона ва хоназод бояд бидонанд, ки нутфаи эҳёгарӣ дар батни модари тоҷик намурдааст. Вале афсус, ки омилҳои кушандаи миллат дар ҳоли афзоишанд: фахрфурӯшӣ ва тавтеа зербинои ормонҳои созандаро вайрон мекунанд. Омили сонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ дар қатори сарҳои мо сари садҳо бегуноҳонро хӯрд ва сарнавишти мо, ки қурбониёни бегуноҳи як тавтеъаи бузурги зидди тоҷиконем, сабақҳое дорад омӯхтанӣ. Дигар аз тоҷик набояд золим сохт. Дуои мо ин аст: худованд пасояндагони моро аз бадбинии таҳмилшуда, тӯҳмат, марги бегуноҳӣ ва фитнаҳои душманони хоназод наҷот диҳад. Ва "ҳамоно худованд ғайбу пинҳони осмонҳову заминро медонад ва ба он чи амал мекунед басират дорад(ва огоҳ аст)" (Сураи ҳуҷурот, ояти 18)

Руҷӯи охир

Ба хун вӯзу гирифт, то бародари шаҳиди ман,

Ба ашк шуям ин замон зи чакмаам ғуборро.

Дуои мо нисоратон диловарони асрҳо,

Ки истиқомат аз шумо расида кӯҳсорро.

Кашида пар зи ошён, парандаҳои ҷонашон,

Ғубори ҷомаҳояшон гирифта бӯи ёрро.

Ситоразор шуд замин, зи ахтарони меҳанам,

Ба қоби рӯзгор бин шукӯҳи шоҳкорро.

 

Сабоҳуддин Содиқи Аминпур



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!