Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Тсой: Дар Афғонистон инсондӯстӣ вуҷуд надорад

17 феврал 2012, 05:16

Яков Николаевич Тсой, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳудуди чаҳор сол дар маҳбаси "Пули чархӣ"-и Афғонистон зиндонӣ буд.

Номбурда ҳанӯз авохири моҳи июли соли 2008 ҳамроҳи ду шаҳрванди дигар Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отариев бо сафари корие озими Кобул гардида, онҷо зиндонӣ мешавад.

Дар ин миён вазорати умури хориҷаи кишвар, додситони кул ва сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон хабарҳоеро интишор намуданд, ки гӯё ин се нафар шаҳрванди кишвар на бо қасди тиҷорат, балки барои омодаи "бомбаи ҳастаӣ" ба Кобул рафтаанд. Бино бар маълумоти расмии мақомоти Тоҷикистон ин гурӯҳ дар ташкили ҷинояти вазнин муҷрим дониста мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари собиқ маҳбусин ва наздикони Ширинбек онҳо дар ҳеч ҷинояте даст надоранд.

Раҳоии "ҷинояткори вазнин" аз зиндони Кобул

Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки Яков Тсой дар асоси санади дуҷонибаи интиқоли маҳбусин раҳо ёфтааст. Бино бар маълумоти номбурда дар маҳбасҳои Афғонистон ҳоло 10 нафар шаҳрванди дигари кишвар зиндониянд, ки барои озод ва баргардонидани онҳо сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолият дорад.

10-уми феврали соли 2012 Яков Тсой Николаевич озими Душанбе шуд. Бино бар маълумоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон номбурда ҳанӯз 6-уми феврал озод гардида, аммо аз сабаби сари вақт ҳозир нашудан ба фурудгоҳи Кобул бозгашти ӯ ба ватан барои 4 рӯзи дигар ба таърих афтод.

Дар фурудгоҳи Душанбе Яков Тсойро гурӯҳе аз хабарнигорон ва ҳайати махсуси вазорати умури хориҷаи кишвар пешвоз гирифтанд.

Яков Николаевич Тсой дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки то лаҳзаи охирин барои аз зиндон озод гардиданаш боварӣ надошт.

- Ҳафтае қабл ба наздам посбонони зиндон (аскарон) омаданд ва гуфтанд, ки либосҳоямро ҷамъ кунам. Ман дар тааҷуб афтодам. Чизе нагуфтам. Маро ба сафорати Тоҷикистон оварданд. Онҷо бо Маъруф, ки аз қабл бароям ошно буд, мулоқот кардам. Ба ман гуфт, ки то Душанбе маро гусел мекунад.

-Яъне давоми 3,5 сол масъулони сафорат дар маҳбаси "Пули чархӣ"-и аз шумо хабар мегирифтанд?

- Оре, онҳо дар қиссаи мо буданд.

-Шумо соли 2008 бо чӣ мақсад ба Кобул сафар кардед?

-Тобистони соли 2008 ман аз Алмаато ба Кобул сафар кардам. Маро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон фиристод. Ман бо пешниҳоди Кирим Борисович сафар кардам. Мутобиқи вазифаи вай ман барои мулоқот бо як инглисӣ озими Афғонистон гардидам. Сафар бояд ду рӯз давом мекард. Аммо ин мулоқот бароям муяссар нагардид.

-Бо Ширинбек Искандаров ва Ҳасан Отариев аз кай ошноӣ доштед ва чаро онҳоро ба Афғонистон даъват кардед?

-Бо Ширинбек дар Кобул шинос шудам. Ҳасанро аз қабл мешинохтам. Вақте маро дар Алмаато гуфтанд, ки бояд ба Кобул сафар кунам, ман ба Ҳасан занг задам. Гуфтам, ки сафар ду рӯза аст ва маро ҳамкорӣ кунад. Ҳасан гуфт, ки агар аз лиҳози молӣ сафарашро таъмин намоям, ҳамроҳам меравад. Ман ҳам розӣ шудам. Баъдан барояш гуфтам, ки мо ҳарду русзабонем ва бояд тарҷумоне бо ҳам бигирем. Ҳамин тавр пайдо кардани тарҷумон бар зимаи Ҳасан буд.

ӣ гуна дастгир шудед?

-Дар рӯзи дуввуми сафар мо ҳанӯз аз меҳмонхона дур нашуда будем, ки худрави моро нигаҳ доштанд. Баъдан моро ба худрави дигар савор карданду бурданд. Ба маҳкама оварданд. Онҷо инглис "Виҷей", ки ман қаблан бо ӯ сӯҳбати телефонӣ доштам (аз садояш шинохтам) омад, худро масъули департаменти давлатии Амрико муаррифӣ намуд. Гуфт, ки ҳар маълумоте дорам бояд ошкор бигӯям. Онҳо аз ман маълумоте мехостанд.

ӣ гуна маълумот?

-Ман намедонам, ки онҳо аз ман чӣ мехостанд. Мегуфтанд, ки бояд формулаи бомбаи ҳастаиеро бинависам. Ман мегуфтам, ки бо худ ба ҷузъ аз либосу варақ чизе наовардаам. Аз ҷониби дигар бомб ва ё маводи ҳастаиро намешавад тавассути ҳавопаймо ба як кишвари дигар бурд. Инро ҳатто набераи 5-солаи ман медонад. Барои сӯҳбат бо ман аз Вашингтон 5 нафар мутахассис омад.

-Шумо чӣ ихтисос доред ва то ин замон дар куҷо фаъолият доштед?

-Дар куҷоҳое, ки ман кор накардам. Ба назарам танҳо зери об. Дар рӯи замин, дар ҳаво ва ҳато дар зери замин ман кор кардам. Ба ман ҳамон инглис "Виҷей" мегуфт, ки шумо олим ҳастед. Ман ҳамеша таъкид мекардам, ки агар ман олим будам, инҷо бо ту нишаста сӯҳбат намекардам.

Тсой: Барои 300 млн доллар ману Ширинбеку Ҳасан зиндонӣ шудем

-Пас, ба назари шумо сабаби боздоштатон чист?

-Маблағ. Ман барои 300 млн доллар чек доштам. Аз он қазоқҳо, ба хусус Кирим Борисович бохабар буд. Чунки зимни мурофиаҳои додгоҳӣ вақте ба мо ҳукм мебароварданд, боре Ҳасан шикоят намуд. Вақте моро ба марҳилаи саввуми додгоҳӣ бурданд, Ҳасан гуфт, ки чаро моро зиндонӣ мекунед? Онҷо афғонҳо гуфтанд, ки дар паси қазияи шумо омрикоиҳо ҳастанд ва мо кореро анҷом дода наметавонем. Агар моро ба ихтиёри худ гузоранд, мо ҳамин ҳоло шуморо раҳо мекунем.

-Омрикоиҳо ба қазияи шумо чӣ рабте доранд?

-Барои ба Афғонистон фиристодани ман қазоқҳо бо омрикоиҳо маслиҳат кардаанд. Сухан атрофи ҳамин меравад.

-Акнун чӣ нақша доред?

-Ҳоло ман бояд ҳуҷҷатҳоеро омода созам. Дар Афғонистон омрикоиҳо ҳуҷҷатҳоямро барнагардониданд. Баъдан тасмим дорам номае унвони раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нависам. Ин кишвар барои 3,5 соли зиндагии ман ҷавобгар аст. Бо "заҳмати" онҳо ман зиндонӣ шудам, Маҳз бо "заҳмати" онҳо Ҳасан вафот карду, Ширинбек зарари зиёде бардошт. Ман ба раиси ҷумҳури Қазоқистон мегӯям, ки маро Кумитаи амниятии миллии ин кишвар, Кирим Борисович фурӯхтааст. Зеро парвози ман аз Алмаато ба Кобулро ӯ ба омрикоиҳо расонидааст. Баъдан, шатрномае, ки бояд миёни ман ва Ҳасан дар мавриди ин сафар мебуд, бо кадом роҳе ба дасти ҳамон инглис "Виҷей" расидааст. Нусхаи он танҳо дар дасти Кирим Борисович буд. Ҳамин ду далел кофӣ аст, ки ман Кирим Борисовичро ба ҷавобгарӣ кашам. Ман сад дарсад боварӣ дорам, ки маҳз бо талоши вай ман зиндонӣ шудам.

-Бигӯед, ки пас аз раҳоии Ширинбек вазъи шумо чӣ гуна буд?

-Шароити маҳбас барои ҳама маълум. Баъди раҳоии Ширинбек ман бемор шудам. Бо Ҳасан будам. Ҳасанро 3 маротиба ба беморхона бурданд. Доим аз дарди сар шикоят мекард. Ман гуфтам, ки дигар қаҳва нанӯшад. Аммо ӯ ҳамеша сигор мекашид ва қаҳва менӯшид. Ҳафтае қабл аз маргаш, ҳатто ҳамон қаҳваро нӯшида наметавонист. Табибони маҳбас ба ҷузъ аз қурси "аспирин" ва "панадол" чизеро намедонистанд. Мегуфтанд, ки фишор дорад. Аммо ба тахмини ман Ҳасан ҳанӯз 1 моҳ қабл аз марг сакта карда буд. Тарафи чапаш аз кор монд. Чашми чапаш ҳам намедид. Дар Афғонистон мафҳуми инсондӯстӣ аслан вуҷуд надорад.

Маврид ба зикр аст, сару садо атрофи боздошт ва зиндонӣ шудани се нафар шаҳрвандони кишвар дар ҳоле расонаӣ гардид, ки дар Афғонистон ду марҳилаи додгоҳии онҳо гузашта буд. Нахуст шикоят атрофи ёрӣ нарасонидани намояндагии Тоҷикистон дар Афғонистон зиёд буд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки бо вуҷуди санаде дар бораи интиқоли маҳбусин миёни Кобулу Душанбе ба шаҳрвандони кишвар ёрӣ расонида наметавонанд. Зеро ҳоло марҳилаи додгоҳии онҳо дар Афғонистон анҷом наёфтааст.

Таърихи 13-уми июни соли 2011 Ширинбек Искандаров аз зиндон раҳо шуд. Бино бар гуфтаи Ширинбек зимни озод шудан ба ӯ ҳеч ҳуҷҷате пешниҳод накарда, аз маҳбас на ба сафорати Тоҷикистон, балки ба як идора бурданд. Онҷо Саидмаъруф Шарифов, ки худро котиби сафири Тоҷикистон дар Кобул муаррифӣ кардаст, ҳуҷҷатеро дароз карда гуфтааст, ки бояд фавран роҳ ҷониби фурудгоҳ бигирад. Ширинбек гуфт, ки он замон талаб намудааст, то мактубе барояш бидиҳанд, ки давоми 2 солу 11 моҳ дар асоси кадом санад зиндонӣ буданашро бидонад. Аммо ин ҳама кӯшиш барояш натиҷае надод. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон Ширинбек Искандаров сару садое баланд карда, талаби баргардонидани ҳуқуқҳояшро намуд…

Зимнан набояд фаромӯш кард, ки Ҳасан Отариев маҳбуси дигари тоҷик моҳи ноябри соли 2011 дар зиндони "Пули чархӣ"-и Кобул бар асоси беморӣ фавтид.

Ҳамакнун Яков Тсой Николаевич  мегӯяд, ки барои баргардонидани ҳуқуқҳои худ ва ду нафар шаҳрванди дигар талош хоҳад кард.

Ф. Воҳидова: Тсой ҳуқуқҳои худро бояд аз Афғонистон талаб кунад

Се нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Афғонистон зиндонӣ шуданд. Онҳо бояд аз ҳукумати Афғонистон талаби ҳуқуқҳои худро кунанд, мегӯяд ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова. Масъулини Афғонистон бидуни исботи ҷиноят, бидуни далели кофӣ бештар аз 3 сол шаҳрвандони моро нигоҳ доштанд, ин ғайриқонунӣ аст. Онҳо давоми 3 сол ба шаҳрвандони мо айб эълон накарданд ва ҷазои муаяйн ҳам надоданд, ин амали ғайриқонунӣ аст. Агар Тсой воқеан барои баргардонидани ҳуқуқҳояш талош дорад, пас бояд аз Афғонистон шикоят бубарад. Аз ҷониби дигар қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки вазорати умури хориҷа онҳоро қаблан гунаҳкор, то ҷое ҷинояткор эълон намуд, аммо баъдан барои раҳоии онҳо талош кард. Метавон гуфт, ки эҳтимолан дар ин миён Тоҷикистон, Қазоқистон ва Афғонистон барои раҳоии се шаҳрванди мо бо ҳам сӯҳбатҳое дошта, ба мувофиқа расидаанд.

Гуфтан ба маврид аст, феълан Яков Николаевич Тсой барои гирифтани ҳуҷҷатҳо машғул мебошад. Номбурда мегӯяд, ки ҳадаф аз шикоят бурдани Қазоқистон баргардонидани 300 млн доллар нест.

Ҳумайрои Бахтиёр



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!