Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:37

Оё ҳаракатҳое, ки дар хориҷ таъсис меёбанд, ба вазъи Тоҷикистон таъсир расонида метавонанд?

17 феврал 2012, 05:36

Агар ба шарте, ки машварат ва пешниҳоди онҳоро дигар тараф қабул карда тавонад.

Ахиран, як гурӯҳ аз тоҷикон дар хориҷа аз таъсиси созмоне бо номи Ҷунбиши миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба қавли масъулини ин ҳаракат, ки тариқи интернет аз худ ва таъсиси ин созмон дарак доданд, ҳадафи аслии ин ҷараён таъмини фазои муносиб ба интихоботи шаффофу одилонаи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 аст. Ба ин манзур "Озодагон" аз соҳибназарон пурсид:

 

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагон

Қонун ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки дар дохили кишвар созмону ҳизбу ҷамъиятҳо ташкил кунанд. Ягон монеае дар ин самт вуҷуд надорад. Албатта, дар хориҷ шаҳрвандоне, ки миллаташон тоҷик аст, аз ҷумла, тоҷикони муқими Амрико, Русия ё Англия метавонанд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои он кишвар ҳар гуна ҷамъиятҳо ташкил кунанд. Ин кори шахсӣ ва гурӯҳии онҳо мебошад. Ба сиёсати дохилии Тоҷикистон ягон таъсири ҷиддӣ расонида наметавонад. Чунки ҳам қонунҳои сиёсӣ ва ҳам рушди ҷомеа тақозои онро дорад, ки агар шахс ё гурӯҳе хоҳад, ки фаъолияти сиёсиву иҷтимоии муваффақона дошта бошад, ӯ бояд ҳатман дар дохил бошад. Мо медонем, ки Тоҷикистон ҳам душман дорад ҳам дӯст ва онҳоро дигарон метавонанд дар ягон маъракаҳои муҳиме, ки дар Тоҷикистон мегузарад, истифода кунанд. Лекин онҳо метавонанд барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд. Он созмонҳое, ки дар хориҷи Тоҷикистон таъсис ёфтаанд ва мақсадашон ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикони муқими Русия аст, мардум бо онҳо муносибати хуб доранд ва ин фаъолияти хуб аст. Лекин гурӯҳҳое ташкил шаванд, ки мақсадашон дигаргунсозии сохти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин ғайриимкон аст.

Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони тоҷики муқими Русия

Таъсиси ҳизбу ҳаракатҳо дар хориҷ ба гумони ман ҳеч таъсире ба вазъияти дохилии кишвар расонида наметавонад. Вазъияти дохилии кишвари мо нисбатан хуб аст. Фарзан ин кор агар амалӣ шавад ҳам, ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар дохили кишвар ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд. Вале дар умум иллати дар хориҷ ташкил шудани ҳаракатҳоро ман дар набудани фазои озоди сиёсӣ дар дохили кишвар медонам. Албатта монеа вуҷуд дорад, вале кайфияти кори ташкилӣ ҳам ҳамин аст, ки тамоми монеаҳоро бо сабр ва субот ташаббускорона гузаранду дар "дег"-и сиёсат пухтатар шаванд. Он гоҳ ба қадри  ҳамон ҳаракат ва ё ҳизб мерасанд. Маслиҳати ман ба касоне ки мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар ҳизбу ҳаракатҳоро роҳ андозанд, ин аст, ки ба кишвар биёянду фаъолияти сиёсиро ба роҳ монанд. Бо вуҷуди худашон дар ҷомеаи тоҷик фазосозӣ кунанд. Ноумед нашаванду саъю кӯшиш намоянд, албатта муваффақ хоҳанд шуд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС

Созмону ҳаракатҳои сиёсие, ки дар хориҷи Тоҷикистон таъсис меёбанд, ба ҳаёти сиёсии мардум ҳеч таъсире гузошта наметавонанд. Ба хотири он ки дар дохили кишвар базаи иҷтимоӣ надоранд. Дар дохил барои таъсиси чунин ҳизбу ҳаракатҳо ягон монеа вуҷуд надорад, вале онҳо худашон дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва дар ҳар куҷо бошанд, дар он ҷо созмон ташкил менамоянд. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дар хориҷ барои мардуми кишвар ягон манфиат надорад, лекин зарараш зиёд аст. Бисёре аз ҷавонони моро гумроҳ менамоянд ва аз зиндагии осуда маҳрум месозанд.

Шавкати Муҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ

Ҳаракатҳои сиёсие, ки берун аз марз ҳастанд гуфтан мумкин аст, ба қадри кофӣ аз шароиту бардошти фазои сиёсии кишвар огаҳии дуруст надоранд. Чизи дигар ин ки онҳо шароити корбарии сиёсӣ бо мардумро ба қадри дилхоҳ дар даст надоранд. Дуруст аст, ки  дар Тоҷикистон бисёр мушкилоти иҷтимоиву сиёсии нигаронкунанда ҳаст. Инро касе инкор карда наметавонад. Ҳамчунин то ҷое иддае аз мардум низ бо чашми умед ба ҳизбҳои сиёсии воқеан оппозитсионӣ менигаранд, ки аз дасти инҳо чӣ меомада бошад? Вале огоҳии сиёсии мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.  Ин ҳам "бахт"-и ҳукуматдорони мост, ки аз ин ҳолат истифода бурда лаҷоми ҳукуматро дар даст дошта истодаанд. Аз васоити ахбори омма бошад, барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ, чун ҳама шоҳид ҳастем қариб, ки ба шабакаҳои таблиғотии пешазинтихоботии президенти муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтаанд. Радио низ ҳамчунин аст. Истифода аз шабакаҳои интернетӣ бошад, гумон намекунам ба ҷуз як иддаи хеле кам аз интернет истифода мебурда бошанд. Зеро аввал ин ки ба ҷуз марказҳои навоҳӣ ва шаҳрҳо дар сар то сари Тоҷикистон  қувваи  барқ, тақрибан вуҷуд надорад. Аксарияти аҳолии кишварро мардуми деҳот ташкил мекунанд. Аз мардуми шаҳрнишин низ  фоизи хело кам дорандаи компутер ва пайваст ба шабакаҳои интернетӣ мебошанд. Агар гӯем, ки дар муҳоҷират бо онҳо сару кор мегиранд, ин на он қадар дуруст аст. Зеро ба муҳоҷират бо нақшаи махсус сафар мекунанд ва ба ин корҳои сиёсӣ вақт ҷудо кардан хело мушкил аст. Бубинед, дар чунин шароит чи гуна метавон гуфт, ки ҳаракатҳои сиёсии берун аз марз ҳамчун Ҷунбиши миллӣ, Ватандор, БАС ва ғайра ба ҳаёти сиёсии мардум дар кул таъсиргузор шуда метавонанд? Ҳатто  агар номнавис шаванд, ҳарчанд, ки ҳамчун ҳаракати сиёсии опозитсионӣ дар Тоҷикистон номнавис шудан хело мушкил аст, наметавонанд ҳамон қадаре, ки дар шабакаҳои интернетӣ аз нақшаву барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худ навишта истодаанд ба ин осонӣ пиёда кунанд. Мисоли оддӣ, ҲСДТ  ҳарчанд ҳизби расмии Тоҷикистон аст, барояш ягон фазои озод вуҷуд надорад. ҲНИТ ҳам бошад ҳамчунин аст. На фақат мардуми оддӣ, балки агар гӯем, ки аксарияти ҳукуматдорони мо огоҳии кофии сиёсии ҷавобгӯ ба талаботи замон надоранд, хато нахоҳем кард. Аксарият вазифадорон солхурдаву шуури  сиёсиашон то ба ҳол бо ҳамон таъсири таълимоти ҳукумати шӯро боқӣ мондааст.  Яъне то ба ҳол ҳукуматдорони мо ба бисёрҳизбӣ тан надодаанд. Ҳоло ҳам системаи корбурд системаи яккаҳокимиятӣ аст. Бисёре аз системаҳои собиқ ҳукумати шӯравӣ туфайли ин "пирони хирад" боз аз нав зинда шуда истоданд. Яъне ба ҷои пешрафт ба оқиб нигариста истодаем.

Ба ҳар ҳол умед мебарем, ки ин ҷунбишҳои сиёсӣ  баҳри бедории мардуми кишвар ва демократикунонии ҷомеа таъсире дошта бошанд.

Каромат Шарифов, роҳбари Ҳаракати умумирусиягии муҳоҷирони тоҷик

Агар ба ҳаводиси ахири кишварҳои арабӣ назар афканем, дида мешавад, ки ҳизбҳо аз берун низ ба ҳаёти сиёсии дохили кишвар таъсир расонида метавонанд. Як гурӯҳи ҷавонон мубориза бурданд ва мардум ба тазоҳурот даст зада, ҳукуматҳои зиёда аз 20-30 сол зиёд барҷомондаро барҳам доданд. Ҳизбҳои дар хориҷ таъсис ёфта дар нисбати Тоҷикистон низ метавонанд чунин таъсиргузор бошанд, аммо бояд бар он кӯшид, ки ҳизбҳои дохилии мо бештар фаъол бошанд. Дар мавриди баромадан аз бӯҳрон ва пешрафти иқтисодӣ пешниҳодҳои аҳзоби сиёсиро ба назар гиранд. Дар акси ҳол ҳодисаҳои кишварҳои араб бар сари ҳукумати мо ҳам хоҳад омад. Дар навоҳиву деҳоти ҷумҳурӣ агар мушоҳида кунед, аксарият аз имрӯза системаи давлатдории Тоҷикистон норозиянд.Барои ҳамин халқ медонад, ки чӣ ҷунбишу ҳаракатҳо таъсис ёфтаанд ва дар сурати роҳи ҳалли мушкили худро наёфтан аз ин созмонҳо ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон

Дар 20 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибати зичро ба роҳ монда истодааст ва ба ҳамагон маълум аст, ки зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони мо берун аз кишвар қарор доранд. Онҳо метавонанд ҳар гуна гурӯҳҳову созмонҳоро таъсис диҳанд ва агар ғояҳои прогрессивиеро, ки барои рушди кишвар мусоидат мекунад, думболагирӣ кунанд, метавонанд дар дохил ҳаводорони худро пайдо намоянд ва идеяи онҳо аз тарафи дигар қувваҳои сиёсӣ дастгирӣ ёбад. Лекин онҳо танҳо ба мафкураи омма таъсир расонида метавонанду бас. Онҳо наметавонанд, ки системаи сиёсиро барҳам ё тағйир диҳанд. Он созмонҳое, ки дар Русия фаъолият мекунанд, асосан баҳри хифзи ҳуқуқи муҳоҷирон кӯшиш мекунанд. Аммо дар бораи идеяи ҳаракати "Ҷунбиши миллӣ", ки аз рӯи баъзе маълумотҳо дар Амрико таъсис ёфтааст, инро гуфтан ба маврид аст, ки агар пешниҳодҳои ҷолибе барои пешрафти кишвар, рушди иқтисодӣ ва беҳ кардани фазои сармоягузорӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум дошта бошанд, барои чӣ мо онро мавриди омӯзиш қарор надиҳем? Агар ба фарҳанги миллии мо созгор бошад, метавонем онро истифода кунем. Агар мо як барномаи хуби инкишофи миллату давлатро дошта бошем, таъсиси ин гуна ҳизбҳо камтар мешавад, лекин будани онҳо рақобат аст ва рақобат боиси пешравист.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

Аз рӯи қонун таъсис додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар хориҷа мумкин аст, лекин дар Тоҷикистон як-ду намояндагӣ дошта бошад. Баъдан, вақте дар хориҷа таъсис меёбад, созмони ҷамъиятии тоҷикистонӣ эътироф намегардад.Танҳо дар асоси моддаи 56-и кодекси гражданӣ намояндагияш дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад. Дигар ин ки ҳизби сиёсии шаҳрвандони як кишвар дар хориҷа таъсис шуданаш ғайри имкон аст. Ин амали ғйриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Агар таъсис доданӣ бошанд, ҳамчун ҳизби сиёсии давлате, ки дар он ҷо ба қайд мегирад, ташкил мешавад. Бевосита ҳадафу ғояҳои худро ба дигар давлат равона карда наметавонад. Агар Ҳизби муҳоҷирон дар Русия таъсис ёбад, бевосита дар ҳудуди Русия фаъолият карда метавонад. Ба кишвари дигар ҳаққи дахолат кардан ё таъсир расониданро надорад. Албатта мавқеи худро гуфта метавонад, аммо ҳуқуқи дахолат ба корҳои дигар кишварро надорад. Фарқи ҳизб аз иттиҳодияи ҷамъиятӣ хеле зиёд аст. Дар мавриди таъсиррасонӣ инро бояд қайд кард, ки агар созмон, ҷунбиш ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар дигар кишварҳо ташкил шаванд, бо қайди расмӣ ё бидуни қайд амал карданашон мумкин аст. Аз рӯи мансубият, яъне "Ватандор", ҳаракати умумимиллии тоҷикон ва ғайра. Лекин онҳо ғайр аз масъалаи идеологӣ ё масъалагузории сиёсӣ дигар усули таъсиррасонӣ надоранд. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар интихобот, ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ширкат карда наметавонанд. Онҳо фақат бо роҳи машварат кори худро пеш мебаранд. Агар ба шарте, ки машварат ва пешниҳоди онҳоро дигар тараф қабул карда тавонад. Ё онҳо метавонанд бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Бидуни ҳамкорӣ ягон таъсир расонида наметавонанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!