Бахшҳо
02 мар 2012 06:31Минбари Шумо

Дар орзуи "Бухорои шариф"

Бароям дар ин рӯзҳои омад-омади фасли зебои баҳор хабари хуш расид. Профессор Худойназар Асозода дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Махзани адабро аз нав эҳё намуда, ба он беш аз 5 ҳазор (!) китобро, ки тӯли 50 сол ҷамъ карда буданд, тақдим намудаанд. Офарин, ҳалолашон бод!

Аз ин махзан на танҳо устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, балки ҳар нафари дигари иштиёқманд истифода бурда метавонад. Ман ин кори профессорро қаҳрамонӣ медонам. Дар ин замоне, ки ҳама арзишҳои ахлоқиву маънавӣ низ нархгузорӣ шудаву зери сояи суду даромади молиявӣ мондаанд, ин амали муаллими мӯҳтарамро ба ҷуз қаҳрамонӣ наметавон дигар хел ном бурд. Солҳо мегузаранд, аммо ин боғи маънавии устод Асозода сабзу боровар боқӣ хоҳад монд. То даме, ки тоҷик китоб мехонад, Махзани адаб дар хизмати аҳли фарҳанги тоҷик қарор хоҳад дошт ва номи профессор Асозодаро бо худ мебарад.

Аммо дӯсти ҷавони донишмандам Иршод Сулаймонӣ чанд сол боз талош дорад, то нусхаҳои нахустнашрияи тоҷикӣ - "Бухорои шариф"-ро дарёфт кунаду дар шакли электронӣ пешкаши ҳаводорони матбуот ва умуман фарҳангиёни тоҷик намояд…

Аммо дорандагони ин нусхаҳо  нусхаҳои дар дасташон бударо ақаллан барои нусхабардорӣ чанд лаҳза  дар ихтиёри он кас намегузоранд.   Дар замоне, ки имрӯз дар дилхоҳ кишвари олам ҳама гуна маводи чопӣ дар шакли электронӣ низ дастрас аст. Бовар дорам, ки агар 153 шумора ҳам набошад, ақаллан ними ин шумораҳо дар дасти чанде аз донишмандони мӯҳтарами мо мавҷуданд. Чӣ мешавад, ки агар ба ифтихори ҷашни 100-солагии нашри нахустшумораи нахустрӯзномаи тоҷикӣ - "Бухорои шариф" ин донишмандони мо аз худ ҳиммате нишон дода, ин шумораҳоро барои нусхабардорӣ дар ихтиёри Китобхонаи миллӣ мегузоштанд. Албатта, ройгон не. Чун то ҳол накарданд, пас подошеро интизоранд. Агар ҳар китоби тақдимкардаи профессор Асозодаро тақрибан 20 сомонӣ (дар асл ин китобҳо хеле гаронбаҳоянд!) нарх гузорем, дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ мешавад. Ва агар барои нусхабардорӣ (ва танҳо нусхабардорӣ!)-и ҳар шумораи нашрияи "Бухорои шариф" азизоне, ки онҳоро доранд, 100 сомонӣ ҳам талаб кунанд, роқими сутур дар якҷоягӣ бо чанд нафар дӯстони журналисташ омодаанд, ин маблағро пардозанд. Ҳангоми созмон додани гӯшаи "Медиҳад умри абад килки сухансоз маро" дар факултети журналистика инҷониб хеле ҷустуҷӯву талош кардам, то расми Мирзоҷалол Юсуфзодаро низ дар ин гӯша ҷой диҳам, мутаассифона, натавонистам. Ҳарчанд бо нафароне, ки дар дасташон мавҷудияти  расми Мирзоҷалол Юсуфзода эҳтимолият дошт, борҳо муроҷиат кардам, аммо… Ҳар боре ба ин гӯша менигарам, хаёлан дар баногӯшам овози Мирзо Муҳиддину Мирзоҷалол Юсуфзода мерасад:

-Магар барои мо дар ин гӯша ҷой нарасид?...

Журналисти ватандӯсту фарҳангпарвари тоҷик Салими Аюбзод низ солиёни зиёд дар талоши дарёфт ва пешкаши мардуми меросбари "Бухорои шариф" қарор додани шумораҳои нашрия аст. Мутаассифона, ҳанӯз муваффақ нашудааст.  Арабу муғулу турк китоби моро сӯхтанд, то моро аз гузаштаамон батамом бигсаланд, русҳову аврупоиён каме  инсоф кардаву китоби моро бурданд, то моро аз гузаштаамон бехабар гузоранд. Агар ҷойе китобе амн мондаву зери сандуқ аст, пас аз он китобҳои сӯхтаву  ин баробаранд. Агар китоб хонда нашавад, коғазпорае беш нест. Соҳибони нусхаҳои нашрияи "Бухорои шариф" шояд бо умеди таҳқиқоти минбаъда, ки анҷом доданианд, аз пешкаши мардум  намудани нусхаҳои нашрия худдорӣ кардаанд. Бошад, тавфиқашон мехоҳем. Аммо "Бухорои шариф" ба садҳо таҳқиқ арзандааст ва барои ҳар касе, ки  дар ин роҳ азм дорад, нашрия мавод медиҳад. Зеро "Бухорои шариф" кайҳони кашфношударо мемонад. Ҳанӯз ягон нашрияамон ба таври кул таҳқиқ нашудааст. Гумон дорам, ки ҳар касе, нусхаҳои "Бухорои шариф"-ро пешкаши аҳли илму адаб мегардонад, амалаш корномаи дастандаркорони нашрия "Бухорои шариф"-ро мемонад. Фақат бо фосилаи 100 сол  баъд.

 

Сангини Гулзод

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)