Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:21

Зоғи ало

2 март 2012, 07:14

Чаро шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо бо вақту соат парвоз мекунанду танҳо тоҷикон бояд ҳамеша интизор бошанд ва бояд аз дигарон ҳамеша "фарқ" кунанд? Ва чаро мисли "зоғи ало"?

Ҳамаи ширкатҳо дар тамоми ҷаҳон барои ба даст овардани бовари муштариён аз роҳҳои гуногун истифода мекунанд. Агар ба нохост камбудие аз ҷониби ширкат нисбат ба муштариён иттифоқ уфтад ҳатман аз эшон узр мехоҳанд. Аммо бархе аз ширкатҳои давлативу хусусии Тоҷикистон барои камбудияшон на танҳо узр намепурсанд, балки то ҳадде муштариёни худро таҳқир низ мекунанд.
Ду сол пеш чиптаи як ширкати ҳавопаймоии русиро доштам. Замоне, ки рӯи шаҳри Маскавро дуди сиёҳ фаро гирифта буд. Аз сабаби дудолуд будани ҳавои Маскав ҳавопаймои ин ширкат дар вақти муайяншуда парвоз карда натавонист. Намояндаи ин ширкат дар ҳавлии фурудгоҳи Душанбе аз ҳамаи мусофирон узрхоҳӣ намуда мусофиронро тавассути автобус ба меҳмонхона бурд, то истироҳат намоянд.  Ҳамчунин, аз тарафи ин ширкат ба мусофирон хӯроки чошт дода шуд. Вақте ҳавои Маскав каме тоза шуд, мусофиронро дубора бо автобусҳо ба фурудгоҳ оварданд. Ҳамаи ин харҷҳоро ин ширкат ба ӯҳдаи худ гирифт.
Ширкати русӣ дар ҳоле аз муштариёнаш пӯзиш мехост, ки ин дермонӣ аслан ба айби вай набуд. Ҳоло тасаввур кунед, ки дар чунин ҳол ширкатҳои тоҷикӣ бо Шумо чӣ хоҳанд кард?
Даҳаи аввали моҳи равон чиптаи ширкати давлатии Тоҷик эйрро доштам, ки ба шаҳри Урумчии ҷумҳурии мардумии Чин парвоз мекард. Тайёра (чун анъана) беш аз як соат аз вақти муайяншуда дер парвоз кард. Пас аз чанд вақти парвоз масъулини ҳавопаймо эълон карданд, ки пас аз чанд дақиқа тайёраи мо ба шаҳри Бишкек фуруд меояд. Бале, бидуни ҳеч огоҳӣ, бе ягон узру маънӣ ва бе шарҳи сабабе. Мусофиронро як навъ ҳолати ногувори рӯҳӣ фаро гирифт. Дертар мусофирон ҳадс мезаданд, ки тайёраҳои ин ширкат барои харидани сӯзишвории арзон ба Бишкек фуруд меоянд. Фарз кардем, агар ин ҳарфҳо асос дошта бошанд, оё намешавад, ки ба мардум пешакӣ эълон намоянд? Албатта мардум вазъи ширкатро дарк хоҳад намуд. Аммо ин амали ширкати Тоҷик эйрро чи гуна метавон шарҳ дод? Номанзуриву нописандӣ нисбати халқи хеш?
23-юми ҳамин моҳ инҷониб боз тавассути ҳамин ширкат ба Душанбе баргаштам. Ин бор  тайёраи Тоҷик эйр 2,5 соат аз вақти таъиншуда бо дермонӣ парвоз намуд. Аммо бадии кор дар ин, ки агар аз ин дувуним соат якуним соат мусофирон дар золи интизорӣ мунтазир шуда бошанд, як соати дигар дар даруни тайёра интизор нишастанд. Як соати интизории даруни ҳавопаймо бархе аз мусофиронро ба шӯр овард. Забони шикоят боз карданд. Шояд натиҷаи шикояти эшон буд, ки ин бор масъулини ҳавопаймо аз мусофирон барои дермонӣ узр пурсиданд. Сабаби дермонӣ ба қавли онҳо гӯё дар вазъи техникии фурудгоҳи Урумчӣ буда аст. Аммо ҷои тааҷҷуб аст, ки ин сабаби техникӣ ба тайёраҳои шаҳрҳои Ишқободу Олматӣ, Теҳрону Бишкек ва ғайра чаро дахл надорад? Чаро шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо бо вақту соат парвоз мекунанду танҳо тоҷикон бояд ҳамеша интизор бошанд ва бояд аз дигарон ҳамеша "фарқ" кунанд? Ва чаро мисли "зоғи ало"?
Давоми нақл аламовартар аст. Вақте тайёра ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омаду мусофирон беш аз як соат интизори бағоҷи хеш нишастанд, бархе бағоҷи худро пайдо накарданд. Ин бор низ Тоҷик эйр аз мусофироне, ки бағоҷашон дар Чин монд ягон хел узр напурсид. Ба пурсуҷӯи мусофирони бебағоҷмонда танҳо коргарони оддие, ки масъулияти расондани бағоҷҳоро аз тайёра то фурудгоҳ доранд, посух доданд, ки бағоҷи шумо дар Урумчӣ мондаву пас аз як ҳафта дар ҳамин рӯз метавонед аз фурудгоҳ бигиред. Яке аз ҳамин бағоҷрасонҳо оҳиста гуфт, ки ҳатман кадоме аз "гиззалаҳо" бори худро фиристода аст. Дар чунин ҳолатҳо ҳамеша бағоҷи мусофиронро монда бори ононро меоранд.
Бо камоли бовар метавонам бигӯям, ки чунин масхара дар ҳеч кишвари  ҷаҳон нест ва ҳеч ширкати дигар низ бо муштариёни худ чунин муносибатро раво намебинад.
Азизи НАҚИБЗОД


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!