Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Мутахассисони тоҷик дар Бишкек тамрину омӯзиши вижа гирифтанд

28 июн 2011, 03:42

Намояндагони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон бо усулҳои вижа ва муосири ин соҳа ошноӣ пайдо карданд.


Тибқи иттилоъ, ҳудуди 20 намояндаи ширкатҳои дӯзандагии ин ду кишвар бо сабкҳои  нодиру замонавии омӯзишии “3G Tailor” аз ироагари маъруфи хадамоти машваратӣ дар Осиё – Rajesh Bheda Consulting (www.rajeshbheda.com), шинос шуданд. Ин усулҳо замони омӯзишро то ба 75% коҳиш ва муассирияташро афзоиш медиҳанд.

Гуфта мешавад, аз 17-ум то 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек давраи омӯзишии “Тамрини мураббӣ” (“Train the Trainer”) баргузор гардид ва дар он намояндагони корхонаҳои дӯзандагии ин ду кишвари Осиёи Марказӣ истифода аз таҷҳизоти замонавии дӯзандагиро омӯзиш диданд. Интизорӣ аз иштирокдорони давра ин аст, ки пас аз бозгашт ҳамкоронашонро низ бо тарзи истифодаи ин таҷҳизот ошно созанд. Аз Тоҷикистон дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони корхонаҳои “Дилором”, “Гулистон”, “Зинат” ва “Текстил Ситӣ” намояндагӣ карданд. Давра дар чаҳорчӯби барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Қирғизистон” баргузор шуда, иштироки мутахассисони тоҷик дар он бо пуштибонии барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” имконпазир гардид. Ин барномаҳо аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) дастгирии молӣ мебинанд.

Мақсади ин усул омода кардани мутахассисонест, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта дигаронро омӯзиш дода тавонанд, ки чӣ гуна аз таҷҳизоти навтарин истифода бояд бурд. Ин усул дар корхонаҳои пешрафтаи Бритониёи Кабир, Чин, Ҳиндустон ва Шри-Ланка натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Иштирокдорони давраи даҳрӯзаи Бишкек бо асосҳои омӯзонидани калонсолон, муоширати муассир ва маҳорати омӯзгорӣ шинос шуданд. Наворҳои видеоии таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ барои таҳлили усулҳои омӯзгорӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ нишон дода шуд. Омӯзгорони ин давраи омӯзишӣ мушовирони байнулмилалии МБТ ҷаноби Пол Колйер ва доктор Раҷеш Бҳеда буданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!