Бахшҳо
19 мар 2012 10:28Гузориш

Амрико бо ёрии Покистон дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад?

2 майи соли 2011 десантҳои амрикойӣ ба махфигоҳи Усома бин Лодан ҳамла карданд ва ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар куштанд. Амрико доираҳое дар Покистонро муттаҳам кард, ки аз маҳалли пинҳонии бин Лодан хабар доштаанд.

Рўзи сешанбеи 13 март Леон Панета, вазири дифои Амрико дар чорчўби як сафари ғайримунтазира ба Бишкек, бо мақомоти олирутбаи Қирғизистон масъалаи идомаи фаъолияти маркази тронзитии "Манас"баъд аз соли 2014-ро баррасӣ кард. Ин мавзўъ дар шароите ки мақомоти қирғиз ва аз ҷумла шахси Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳур борҳо аз баста шудани ин марказ баъд аз соли 2014, сухан ба миён овардаанд, аҳамияти бештаре касб кардааст ва дар маркази таваҷҷўҳи доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ қарор гирифтааст. Ба баёни дигар, сафари ғайримунтазираи вазири дифои Амрико ба Қирғизистон, идомаи ҳамон талошҳои Амрико барои ҳузури низомӣ, ин бор бузургтар, дар Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014 аст. Ҳамин мавзўъ чанде қабл аз тарафи Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар мусоҳиба расонаҳои хориҷӣ таъкид шуда буд. Ин мақоми амрикоӣ иброз дошт, ки Амрико баъд аз соли 2014 дар минтақа боқӣ хоҳад монд. Вай дар шарҳи ин мавзўъ гуфт, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз густариши исломгароии ифротӣ дар ташвишанд ва ҳамин мавзўъ боис мешавад, ки мо бар асоси ӯҳдадории худ дар ин минтақа боқӣ бимонем. Албатта ин суханони мақоми амрикоӣ дар бораи боқӣ мондан дар минтақа, сухани наве нест ва дар гуфтугўҳои мақомоти амрикоӣ бо сарони Осиёи Марказӣ, ки ду соли ахир шоҳиди афзоиши онҳо будем, баёнгар аз ҷойивазкунии низомиёни ғарбӣ аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ аст. Бояд гуфт раванди омодагии Амрико барои иҷрои ин барнома аз муддатҳо қабл оғоз шуда ва дар ин замина Покистон нақши калидӣ иҷро кардааст.Амрико бо таваҷҷўҳ ба рақобатҳои шадид дар Осиёи Марказӣ, наметавонист ва наметавонад ба осонӣ по ба ин минтақа бигзорад. Аз ин рў бояд аввал заминаро фароҳам мекард, то камтар эҳсосоти Русия ба унвони аслитарин мухолифи ҳузури ҳар қудрате дар минтақаро ба ҳаракат биоварад. Дар ин росто баҳонае беҳтар аз сардии робитаҳо бо Покистон буда наметавонист, коре ки хадамоти вижаи Амрико онро амалӣ карданд.

 

Бархӯрдҳои дугунаи ИМА ва Покистон

Дар поёни соли 2011 дар пайи он чй ки сардии робитаҳо миёни Амрико ва Покистон гуфта шуд, шабакаи шимол кушода шуд, то лавозимот ва тачҳизоти мавриди ниёзи низомиёни ғарбии дар Афғонистон буда, интиқол дода шаванд. Ин иқдом баъд аз он сурат гирифт, ки ҳавопаймоҳои НАТО бо ҳамла ба як постгоҳи марзбонии Покистон, даҳҳо марзбони покистонро ба ҳалокат расонданд. 26 ноябри соли 2011 ҳавопаймоҳои НАТО бо ҳамла ба як пости марзбонии Пикистон, дар марзи миёни ин кишвар бо Афғонистон, 24 сарбози неруҳои марзбонии Покистонро ба қатл расонаданд. Баъд аз ин ҳодиса Юсуф Ризо Гелонй, нахуставзири Покистон дар як нишасти фавқулодда бо ҳукумат ва намояндагони низомӣ эълом кард, ки дар барномаҳо, фаъолиятҳо ва тавофуқоти дипломатӣ, сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ бо Амрико ва НАТО тачдиди назар хоҳад кард. Аз ҷумлаи пайомадҳои ин ҳодиса он буд, ки Амрико дар навбати аввал пойгоҳи низомии худ бо номи "Шамсӣ", воқеъ дар ҷануб-ғарби Покистонро барчид. Исломобод ҳамчунин марзи худро бар рӯи мошинҳои НАТО, ки озими Афғонистон буданд, баст.Албатта, сардии муносибатҳои миёни Покистон аз як сӯ ва Амрико ва НАТО аз суи дигар, баъд аз кушта шудани Бин Лодан, оғоз шуд. Дар 2 майи соли 2011 десантҳои амрикойӣ ба махфигоҳи Усома бин Лодан ҳамла карданд ва ӯро ҳамроҳи чанд нафари дигар куштанд. Амрико доираҳое дар Покистонро муттаҳам кард, ки аз маҳалли пинҳонии бин Лодан хабар доштаанд. Кушта шудани 24 (бар асоси бархе оморҳо 26) низомии Покистон тавассути НАТО, бар сардии равобит миёни Покистон ва Амрико афзуд ва масири тронзити мошинҳои НАТО ва Амрико ба Афғонистон тавассути қаламрави Покистон баста шуд. Ин боиси он шуд, ки Амрико барои таъмини ниёзҳои низомиёни ғарбии дар Афғонистон буда масири чадиде аз тариқи қаламрави Русия ва Осиёи Марказй боз кунад. Дар ҳамин росто моҳи августи соли 2011 Марк Гросман, намояндаи вижаи Амрико дар Покистон ва Афғонистон тайи як сафари давраи ба минтақа, наҳваи тронзит аз ин қаламрав ва пардохти ҳақи тронзитро бо масъулони кишварҳо баррасӣ кард. Албатта қабл аз ин ҳама Амрико бо Русия тавофуқномаҳои заруриро имзо карда буд.

Марги Лодан ва нақшаҳои баъдии Амрико

Агарчй кушта шудани Бин Лодан тавассути неруҳои амрикоиро метавон бахше аз барномаҳои ба истилоҳ зиддитерористии Ғарб дар минтақа тавсиф кард, аммо ҳамла ба постгоҳи марзй ва кушта шудани даҳҳо марзбони Покистонро ҳаргиз наметавон як иттифоқ ё иштибоҳ арзёбй кард.Зеро дар ҳоле ки ҳузури бин Лодан сарфи назар аз махфикориҳои зиёд, тавассути хадамоти вижаи Амрико бо истифода аз пешрафтатарин тачҳизот ташхис дода шуд, оё метавон бовар кард ки ҳамла ба марзбонони покистонй як тасодуф буд?!Нигоҳе ба пайомадҳои ин ҳодиса ба хубй нишон медиҳад ки ин амр шабеҳи ҳамла ба бурҷҳои тиҷорат дар Ню Йорк (сентябри соли 2001) аст, ки заминаи лашкаркашии Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон ва Ироқро фароҳам кард.Ба баёни дигар ин саҳнасозй ба он хотир анчом шуд, ки баҳонае барои боз кардани масири бозгашти низомиёни ғарбй аз Афғонистон тавассути қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй, фароҳам шавад.Мақомоти мухталифи Амрико ҳар аз гоҳе ошкоро ё зимнй таъкид кардаанд, ки баъд аз соли 2014 низ дар минтақа хоҳанд монд.Аммо ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй ворид шудани он даста аз низомиёни НАТО, ки дар Афғонистон чангидаанд, кори соддае нест ва ба мухолифати шадиди Русия ру ба ру хоҳад шуд.Аз ин ру Ғарб ба истилоҳ равобити худ бо Покистонро сард кард, то бозгашти низомиёнаш аз Афғонистон ба воситаи қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро ба унвони як зарурат, асоснок карда бошад. Таътил шудани пойгоҳи "Шамсй"-и Амрико дар Покистон робитаи мустақим бо мавзуи тамдиди кардани замони фаъолияти "Манас" дар Қирғизистон дорад ва сафари ғайримунтазираи вазири дифоъи Амрико ба минтақа дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.Аммо ин ҳама иттифоқот замоне шакл гирифт, ки Путин - мухолифи сарсахти ҳузури Ғарб дар қаламрави Шӯравии собиқ, ҳанӯз дар пушти дарвозаҳои Кремл буд. Акнун Владимир Путин райисҷумҳури Русия аст ва барномаҳои ҳамгаройӣ дар минтақаро дар ростои эҳёи нуфузи Русия, ба марҳалаи ичро гузошта аст.Дар чунин шароите ин вокунишҳои Русия ба иқдомоти Амрико ҳастанд, ки дар таҳаввулоти минтақа нақшофаринӣ хоҳанд кард.

Аъзами Хуҷаста

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)