Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:35

Боз як иқдоми «наву кӯҳна» дар шаҳри Ваҳдат?

28 март 2012, 05:42

Бархе аз соҳибкорони ин шаҳр иддао доранд, ки барои харидани   «шоҳҷоиза», яъне автомобил  мақомот аз онҳо ба таври «ихтиёрӣ»-и маҷбурӣ маблағ ҷамъ кардаанд…

Чунин ба назар мерасад, ки солҳои охир мақомоти давлатӣ ба соҳибкорон сахт «такя» намуда, дар ҳама ҳолатҳои «мушкил»-у «доғ»  аз онҳо ба хубӣ истифода мекунанд. Махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳои бешумори Тоҷикистон ба тоҷирону сарватмандон таъкид мекунанд, ки ҳар чӣ бештар дасти хайру сахоро боз намоянд, ба камбизоату нодорон кӯмак кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашни бузурги байнулмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд ва иштироки варзишгарон ҷалоли онро ранги тоза бахшид. Рӯзи 25-уми марти соли равон дар майдони варзишии шаҳри Ваҳдат низ сабқати паҳлавонон сурат пазируфт ва ҷоизаи асосӣ ва ё ба шакли дурусташ шоҳҷойизаи он автомашинаи сабукрав буд.

Ва сӯҳбати мо ҳам сари ҳамин шоҳҷойиза хоҳад буд. Мепурсед, ки чаро? Ҳоло шарҳ медиҳем: Бархе аз соҳибкорони шаҳри Ваҳдат лаб ба шикоят кушода, аз як иқдоми «наву кӯҳна»-и масъулини ҳукумати шаҳр нигаронӣ карданд. Онҳо иддао доранд, ки барои харидани ана ҳамин «шоҳҷоиза» мақомот аз онҳо ба таври «ихтиёрӣ»-и маҷбурӣ маблағ ҷамъ кардаанд. Соҳибкоре, ки алъон бо сабабҳои маълум аз ифшои номаш худдорӣ мекунем, гуфт: «Дар вақти дар ҷои кор буданам, 3 нафар марди қадбаланду галстукдор ба наздам омада гуфтанд, ки бародар, мо аз ҳукумати шаҳр, барои ҷойизаи гӯштин, ки автомобил мебошад ба маблағи 500 сомонӣ пул ҷамъ карда истодаем. Барои ҳамин пул диҳед. Боз гуфтанд, ки ин маблағ танҳо аз соҳибкороне, ки дар кӯчаи Туғдонаи шаҳри Ваҳдат фаъолият доранд, талаб карда мешавад».

Тоҷири дигар низ аз соҳибкори аввалӣ пуштибонӣ намуд. Ӯ гуфт:  «Агар дар ҳама ҷашнҳо чунин маблағ аз соҳибкорон ситонида шавад, беҳтар аст, ки раисони ноҳияҳо худнамоишдиҳӣ накарда, автомобил барои ҷойиза нагузоранд. Ва ё  чунин ҷойизагузорӣ аз байн бардошта шавад. Зеро мо соҳибкорон наметавонем, дар ҳама ҷашну идҳо маблағ ҷамъ карда, ҳаққи ҷоиза пардохт кунем. Маблағҳо мо ҳам он қадар зиёд нестанд…».

Бархеи дигар аз соҳибкорон мегӯянд, тиҷорати онҳо аслан фоида намеорад ва моҳу солро бо зарар ҷамъбаст мекунанд. Онҳо иброз медоранд, ки соҳибкориашон аслан мояи рӯзгузаронӣ ва кашидани аробаи рӯзгори хонавода аст, на чизе бештар аз он.

Барои рӯшанӣ андохтан сари ин масъала ва паҳлӯҳои норӯшани қазия тасмим гирифтем бо масъулини ҳукумати шаҳри Ваҳдат муроҷиат намоем. Аммо эшон иддаои ин соҳибкоронро дар мавриди ба тариқи маҷбурӣ пул ҷамъ кардан радд намуданд. Сарабек Холов, муовини райиси шаҳри Ваҳдат мегўяд: «Мо аз касе маҷбурӣ пул талаб накардаем. Гуфтем, ки ҳар соҳибкоре, ки дастгирӣ кардан мехоҳад, марҳамат кӯмак кунад, мувофиқи хоҳиши худ дастгирӣ кунад».

Ҳамчунин, Маҳмадӣ Зарабеков, мудири шўъбаи иқтисод ва савдои шаҳри Ваҳдат иброз дошт, ки дар ҳақиқат онҳо аз соҳибкорон барои ин гуна ҷашнҳо пул ҷамъ мекунанд, вале танҳо тариқи ихтиёрӣ. Номбурда ба таври маҷбурӣ пул ситондан аз соҳибкоронро инкор карда гуфт, дар маъракаҳои фарҳангию иҷтимоие, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мешавад, аз соҳибкорон ба таври ихтиёрӣ маблағ мегиранд: «Онҳое, ки аз шӯъбаи мо рафтаанд, мо онҳоро огоҳ кардаем, ки соҳибкоронро маҷбур накунанд, аз тоҷирон ба таври ихтиёрӣ кӯмак пурсанд. Бигузор соҳибкор 10, 20 ва умуман ҳар миқдоре, ки метавонад кӯмак намояд. Дар Наврўзи имсола, дар шаҳри Ваҳдат аз рӯи 11 намуди варзиш мусобиқа барпо шуд. Мо гуфта будем ҳар нафаре, ки чӣ тўҳфае дорад, марҳамат, ихтиёрӣ».

Ҳамин тавр, ҷашни навбатӣ ҳам гузашт. Аз соҳибкорон ба таври ихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ пул ҷамъ карданд, аммо суоли матраҳ ин аст, ки кай ин тасмими «булъаҷаб»-и масъулини ҳукумати шаҳру навоҳии кишвар ба поён мерасад? Зеро давоми сол ва солҳои дигар ҷашну маросимҳои зиёде моро дар пеш аст ва нашавад, ки баргузории онҳо боиси варшикаста шудани тиҷорати соҳибкорони ватанӣ гардад. Худо нишон надиҳад!

Мижгона Ҳалимова



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!