Бахшҳо
30 мар 2012 10:07Иқтисодӣ

Чин харидори яклухти гази минтақа

Ё Ӯзбакистон дигар майдафурӯшӣ намекунад?

"ӯзбекнефтегаз" бо ирсоли номае ба унвони "Тоҷиктрансгаз" гуфтааст, ки аз 1-уми апрел интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ мекунад. Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" ин хабарро таъйид карда, гуфтааст, шояд ин бастагӣ ба иҷрои қарордоди интиқоли гази Ӯзбакистон ба Чин дошта бошад, ки аз аввали моҳи апрел оғоз хоҳад шуд.

Аммо баҳонаи Ӯзбакистон барои надоштани тавони таъмини 45 млн. метри мукааб газ барои се моҳ ба Тоҷикистонро Саидаҳмад Шарофиддинов дуруст намешуморад. Вай муътақид аст, ки 45 млн. метри мукааб додани газ дар ҳар се моҳ барои Ӯзбакистон мушкил нест. Зеро Ӯзбакистон дар як рӯз 200 миллион метри мукааб газ истихроҷ мекунад. Аммо мушкил сари он аст, ки дар ҳоли ҳозир қарордоди ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя танҳо барои семоҳаи аввал имзо шудааст. Сайидаҳмад Шарофиддинов умедвор аст, ки бо роҳи музокироти дӯстона ва ҳамсоягӣ ҷониби Ӯзбакистон мавқеашро тағйир хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол "ӯзбекнефтегаз" ҳамаи ин иддаоҳоро "фармоишӣ" унвон карда, навиштааст, ки қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ба ҷуз аз далоили иқтисодӣ ҳеч ваҷҳи дигар надорад ва онро ба сиёсат олуда накунанд. Дар баёнияи ахири ин ширкат омадааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар аввали соли равон танҳо барои интиқоли газ дар семоҳаи аввали имсол қарордод имзо карда буданд ва ин тавофуқ дар ҳоли ҳозир комилан иҷро шудааст. Аммо дар ин изҳорот наомадааст, ки "ӯзбекнефтегаз" минбаъд омодаи бастани қарордод ҳаст ё не.

Таври маълум, сол то сол нархи гази Ӯзбакистон афзоиш меёбад ва ҳаҷми интиқоли он ба Тоҷикистон кам мегардад. Агар дар соли 2009 Тоҷикистон 350 млн. метри мукааб газ ворид мекард, ин рақам дар соли 2010 ба 250 млн. коҳиш ёфт. Дар соли 2011 бошад ҳаҷми интиқоли газ аз Ӯзбакистон ба 200 млн. метри кубӣ пойин омадааст. Дар соли 2007-2008 арзиши 1000 метри мукааб гази Ӯзбакистон барои Тоҷикистон 227 долларро ташкил медод. Соли 2009 якбора нарх ба 240 доллар боло рафт. Аммо баъди гуфтушунидҳо аз соли 2010 ширкати "Тоҷиктарнсгаз" гази Ӯзбакистонро бо арзиши 231 доллар барои 1000 метри кубӣ харидорӣ мекунад. Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ дар як сӯҳбат гуфт, ки барои Қирғизистон низ чунин нарх муқаррар гардидааст, вале бо назардошти гузашт дар соҳаи интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ба Ӯзбакистон, газе, ки қирғизҳо мехаранд, 220 доллар арзиш дорад. Ба қавли вазир Қирғизистон соҳиби маҳсулот ва моликият мебошад, аз ин рӯ Ӯзбакистон дар масъалаи хариди газ каме гузашт кардааст. Вақте барқ дар Тоҷикистон зиёд шавад ва таъминкунанда гардад, шояд ин гуна талаботро мо низ ба миён гузорем, мегӯяд вазир.

Барқ нест, газ нест…

Мувофиқи маълумоти расмӣ аз ҳаҷми умумии гази воридшуда танҳо 10 дарсадаш барои ниёзмандиҳои аҳолӣ ва 90 фисадаш барои таъмини фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, корхонаи алюминийи Тоҷикистон, "Тоҷиксемент", "Тоҷиказот" ва дигар корхонаҳо пешбинӣ шудааст. Масъулини "Тоҷиктрансгаз" ваъда медиҳанд, ки касе маблағи гази истифодакардаро пардохт мекунад, боз газ хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки сокинони Душанбе дар баъзе ҳолат пешпардохт кунанд ҳам ба хонаашон газ интиқол намеёбад. Чанд соли пеш дар манзилҳои сокинони шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои электрониро васл карданд ва аҳолиро умедвор сохтанд, ки газ мешавад, аммо баъди насби ин таҷҳизот газ тамоман қатъ шуд. Ин дар ҳолест, ки арзиши нерӯи барқ афзоиш ёфтааст ва бештари мардум бо нерӯи барқ корҳои рӯзгор, ба монанди хӯрок пухтан, об гарм кардан, чой ҷӯшонидан, гарм кардани хона ва амсоли инҳоро ба сомон мерасонанд. Мурод як нафар сокини маҳаллаи Зарафшон гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар пайи бориши барф ва садамаи барқ то бегоҳ барқ наомад ва дар хона ба фарзандон ва меҳмонҳо хӯрок омода карда натавонистаанд. Ба қавли вай бегоҳ агар худаш ба сари кормандони барқи ноҳияи Сино намерафт, ҳатто шаб бо меҳмонон бо шиками гурусна дар сардӣ мемонд. Агар газ мебуд, ба чунин вазъи ногувор дучор намешудам, дар шаҳр барқу газ набошад, вой бар ҳоли мо, мегӯяд ӯ. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар шаҳр мусофиркашонӣ мекунад ва мошинаш бо газ ҳаракат менамояд ва агар газ ҳам қатъ шавад, аз кори дасташ ҳам маҳрум мешавад. Зеро бо чунин роҳҳои валангори шаҳр ва нархи ниҳоят баланди бензин, маблағи кор кардааш ба таъмири мошин намерасад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки то замоне дастрасӣ ба гази дохилӣ набошад, ваъдаҳои ба аҳолӣ додани газ иҷронашаванда аст. Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки мушкили аслии ба аҳолӣ надодани газ ин норасоии худи газ аст. Зеро он миқдоре, ки аз Ӯзбакистон мехаранд, ҳатто барои таъмини корхонаҳо кофӣ нест. Пештар баҳона мекарданд, ки мардум пули газро намедиҳад ва ӯзтрансгаз пешпардохт талаб мекунад ва аз ин сабаб дар назди ин ширкат қарздор мемонанд. Аммо ин баҳона ҳам ба худсафедкунӣ боис нашуд. Зеро ҳисобкунакҳо насб карданд ва аз мардум пешпардохт ҳам гирифтанд, аммо газ тамоман қатъ шуд.

Баъзе коршиносон роҳи ҳалли ин масъаларо дар коркарди гази худӣ мебинанд. Коршиноси масоили иқтисодӣ Исмоли Талбаков бар ин назар аст, ки агар коркарди нафту газ дар дохил ба роҳ монд нашавад, вазъи мардум рӯз то рӯз муташанниҷ мегардад. Ба бовари ӯ дар натиҷаи афзоиши боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ ва қимати газ, масъулини Тоҷикистон таҳдидҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии пойбанди дигарон буданро дарк карданд ва фишорҳои пайдарпай ҳам водор кард, ки баҳри коркарди нафту гази дохилӣ талошҳо кунанд ва ин самара хоҳад дод.

Ба бовари коршиносони Вазорати энергетика ва саноат дурнамои кушодани қабати газ нисбати нафт дар Тоҷикистон бештар ва захираҳояш ҳам зиёдтар будааст. Лекин ба гуфтаи онҳо ин масъала дар як ё ду сол ҳал намешавад, вале сол то сол вобастагии Тоҷикистон аз дигар кишварҳоро коҳиш медиҳад. Аммо дар ҳоли ҳозир чораи дигаре ба ҷуз умедворӣ ба гази кишвари ҳамсоя ба назар намерасад.

"Нархҳои вижа" барои Тоҷикистон

"ӯзтрансгаз" бо ширкати чинии PetroChina International Co. Ltd.(CNPC) дар бораи интиқоли солонаи 10 миллиард метри мукааб гази Ӯзбакистон ба Чин тибқи нархгузории байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ баста аст. Аммо расонаҳо навиштаанд, ки Ӯзбакистон ба Чин ҳар як ҳазор метри мукааб газашро бо арзиши 90 долларӣ мефурӯшад. Ин дар ҳолест, ки қимати ин ҳаҷм барои Тоҷикистон 231 долларро ташкил медиҳад. Аммо Қирғизистон бо арзиши 220 доллар аз Ӯзбакистон газ мехарад. "Дӯстон"-и Тоҷикистон ҳамеша чунин "имтиёзҳо"-ро пешбинӣ мекунанд. Зеро Қирғизистону Тоҷикистон ҳар ду ҳамсояи кишвари "дӯсту бародар" -и Ӯзбакистонанд, аммо барои Тоҷикистон "нархҳои вижа" муайян шудааст. Аз сӯи дигар Русия ҳам ба шарики стратегии худ (Тоҷикистон) нисбат ба кишварҳои минтақа "нархҳои вижа"-ро муайян кардааст. Чунки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар ду узвияти Иттиҳоди гумрукиро надоранд, аммо барои интиқоли сӯзишворӣ аз Русия ба Қирғизистон имтиёз дода шудаасту ба Тоҷикистон не.

Ин дар ҳолест, ки шартномаи ширкати чинӣ бо "ӯзтрансгаз" барои харидории ҳазор метри мукааб газ 90 долларӣ муқаррар шудааст. Вале Ӯзбакистон розӣ аст бо чунин нархи арзон ба Чин газ бидиҳаду аз фурӯши газ ба Тоҷикистон бо арзиши 230 доллар даст кашад. Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" сабаби чунин тасмими "ӯзтрансгаз"-ро дар он медонад, ки ширкати чинӣ газро дар ҳаҷми хеле зиёд харидорӣ мекунад. Зеро Тоҷикистон дар давоми соли 2012 ба тавофуқ омадааст, ки танҳо 200 миллион метри мукааб газ харад ва дар се моҳаи авали сол барои харидории 45 миллион метри кубӣ шартнома шудааст. Аммо ширкати чинӣ якбора барои 10 миллиард метри мукааб бо "ӯзтрансгаз" шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Шояд Ӯзбакистон мехоҳад аз майдафурӯшӣ даст кашад ва бо харидори яклухт сару кор гирад…

Исфандиёр ХАЛИЛӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)