Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Дашти Ҷам дар хатар. Касе парво надорад

2 апрел 2012, 09:41

Масъулини ҳукумати ноҳия бошанд, бо сардории Амирхон Икромов, раиси ноҳия, дар ин шабу рӯз дар «ғам»-и андозҷамъкунӣ мебошанд. Зеро аз аҳволи раият дида, барояшон иҷрои нақшаи кварталии андоз заруртар будааст…

Барои сокинони деҳаи Дашти Ҷами ноҳияи Шӯрообод, ки шаби 25-уми март ярч фаромадаву таҳдид ба молу амволи сокинон мекард, то рӯзи якшанбеи 1-уми апрел (дирӯз) аз ҷониби масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва ҳукумати маҳаллӣ ягон кӯмаку ёрӣ нарасидааст.

Абдулло Мирбеков, як сокини ҳамин русто ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, то рӯзи 1-уми апрел кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода боре ҳам ба мавзеи хатар наомадаанд, ҳарчанд ки рустоиён аз рӯзҳои аввали лағжиши хоки кӯҳ чандин маротиба тавассути телефон ба кормандони ин мақомот муроҷиат намуда, хостори кӯмак шуданд.

Раҳматалӣ Назриев, як сокини дигари ин русто бо гилаву шикоят мегӯяд, «агар кормандони як мақомоти муваззаф, ки вазифаи ҷониашон пешгирӣ аз ҳолатҳои хатарбору дар вақти рух додани ҳолат бояд миёни мардуми таҳти хатарбуда ёриву фаъолият кардан аст, аз минтақаи хатар дидан кардан намехоҳанд, дигар аз кӣ бояд гила кард?».

Бино ба иттилои расида, тайи 8-рӯзи овораву саргардонии сокинони деҳа, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ягон нафар, сар аз раиси ноҳия то оддитарин кормандаш, ба ҷои ҳодиса нарафтаанд. Абдулло Мирбеков мегӯяд, «гилу лойи фурӯрехта хатаре ба қишлоқ дорад, зеро оби чашмаву барфу борон ҳамагӣ аз зери ҳамин лой мегузаранд. Мардум тайи 8 рӯз аст, ки бо белу каланд кӯшиши тоза кардан доранд, аммо бенатиҷа. Бало ба паси масъулини ноҳия, бигзор тамоман наоянд, аммо як техникаи заминкан мефиристоданд, то гилу лойро тоза мекард, бас буд».

Ба гуфтаи сокинон,  аз офати болои сари Дашти ҷамиён рехта? ҳамаи мақомоти марбута то ҳукумати вилояти Хатлон огаҳӣ доранд, вале касеро аз ғами эшон парвое нест. Масъулини ҳукумати ноҳия бошанд, бо сардории Амирхон Икромов, раиси ноҳия, дар ин шабу рӯз дар «ғам»-и андозҷамъкунӣ мебошанд. Зеро аз аҳволи раият дида, барояшон иҷрои нақшаи кварталии андоз заруртар будааст.

Аслиддин Достиев

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!