Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев: Ҳадафи мо пирӯзӣ аз болои «Истиқлол» ва ба даст овардани Супер Ҷоми Тоҷикистон аст

4 апрел 2012, 05:29

Пас аз зӯҳри имрӯз (4-уми апрел), соати 14-00 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2011 тими «Регар ТадАЗ» ва қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2011 дастаи «Истиқлол» барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон» миёни ҳам рақобат мекунанд.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ ва то кадом андоза омода будани футболбозон, хабарнигори Озодагон бо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» сӯҳбате анҷом дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо менамоем.

Озодагон: Қаблан мегуфтед, ки бозиҳои «Супер Ҷоми Тоҷикистон» соли чандум аст, ки гузаронида мешавад ва омодагии шумо ба бозии навбати чӣ гуна аст?

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев: Дар Тоҷикистон соли 3-ум аст, ки бозиҳо барои дарёфти «Супер Ҷоми Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Мутаасифона, дар ду бозии гузашта мо «Супер Ҷоми Тоҷикистон»-ро ба даст оварда натавонистем. Ин навбат барои барандаи ин Ҷом шудан омодагии зиёд дидем ва чун ҳарвақта бо дили пур ва бо нияти пирӯз шудан рақобат мекунем. Мақсади ба сабқат ворид шудани мо ба даст овардани «Супер Ҷоми Тоҷикистон» аст. Мо пайваста барои ноил шудан ба муваффақиятҳои нав ба нав дар ҳаракат ҳастем. Албатта, ҳеч як даста вақте  ки дар пеш бозӣ дорад, наметавонад бе омодагӣ ба майдон баромада, ғолиб ояд. Барои пирӯзӣ заҳмат кашидан лозим ва баъд умедвор шудан даркор, ҳар дастае, ки пирӯзӣ мехоҳаду соҳиби Ҷом шудан мехоҳад, бояд ба ҳама гуна рақобат омода бошад.

Мо ҳам баъди анҷом ёфтани маросимҳои футболи соли 2011 аз 25-уми январи соли равон ба омодагӣ сар карда будем. Аз 19-уми март то якуми апрел дар шаҳри Анталияи давлати Туркия омодагӣ дидем то ин муддат тағйиротҳои куллӣ ҳам ба амал омадааст, гӯям, хато намекунам. Он ҳайате, ки мо соли гузашта доштем, қариб то моҳи март баъди анҷом ёфтани мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки мо барандаи ин Ҷом шудем, ҳайати даста каме тағйир ёфт. Мо худ аз ҳайати даста бозингар Фирдавс Қурбонов ва Додхудоевро бо сабаби он ки дар ҳамон хате, ки бозӣ мекарданд маҳорати хуб нишон дода натавонистанд ва талаботи моро қонеъ карда натавонистанд, ҷавоб додем. Фирдавс Қурбонов ба дастаи «Истиқлол», Додхудоев бошад, ба тими ССКА «Помир» гузаштанд. Лекин баъди анҷоми мусобиқоти Ҷоми ФФТ аз даста рафтани 3 бозингари мо Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов ва Нӯъмон Ҳакимов ба дастаи «Равшан» то ҷое боиси рӯҳафтодагии даста шуд.

Озодагон: Гуфтед, ки 3 бозингари мо дастаро тарк карданд, ба фикри шумо сабаби аз даста рафтани онҳо дар чӣ буд?

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев: Мо умуман интизор набудем, ки чунин мешавад зеро    онҳо якҷоя тайи ду моҳ дар ҳайати даста тайёрӣ диданд, дар ин мудат ягон гапу хабар набуд, онҳо яку якбора дастаро тарк карданд, ки сабаби аз даста рафтани ин бозингарон барои мо рӯшан нашуд.

Аз ин сабаб мо ду бозингар аз Украина даъват кардем, ки якеаш дар хати муҳофизат ба ҷои Ҳасан Рустамов бозӣ мекунад ва бозингари дигар ҳам дар хати муҳофизат ба ҷои капитани даста Хуршед Маҳмудов бозӣ хоҳад кард. Зеро ӯ дар бозиҳои Непал лат хӯрда, ҷарроҳӣ шуд. Табибон барои ду моҳ барои ба майдон баромаданаш иҷозат надоданд.

Озодагон: Бозингароне, ки аз даста рафта буданд, барои дубора ба ҳайати даста шомил шудан ба шумо муроҷиат накарданд?

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев: Не ин хел нашудааст…, лекин дар ин миён ба ҳамин монанд як чизи «хотирмон» шудааст. Собиқ бозингари даста «Регар ТадАз» Комил Саидов, ки ду сол қабл дар ҳайати даста бозӣ мекард, баъди адои хизмати ҳарбӣ ба ҳайати даста бозгашт. Аз моҳи январ ин ҷониб дар ҳайати даста тамрин мекард, вақте ки мо дар Туркия тайёрӣ медидем, 4 рӯз пеш аз анҷом расидани тайёриҳо яку якбора дастаро тарк кард. Ӯ гуфт тасмим гирифтааст, ки бояд ба дастаи «Истиқлол» бигузарад. Шояд ҳамин хел ҳам шуда бошад, лекин мо то имрӯз аз ин бозингар дарак надорем. Ба ҳар ҳол мо бо дигар бозингарони худ омодагӣ дидем.

Озодагон: Ҳоло дар ҳайати тими «Регар ТадАЗ» чанд нафар дастпарварони худи шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд?

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев: Айни ҳол ҳайати дастаро 11 дастпарвари худи шаҳри Турсунзода ташкил медиҳанд. Дар оянда ҳам ният дорем, ки наслҳои ҷавонро  аз дохил ба ҳайати даста ворид кунем.

Мусоҳиб: Ибодуллоҳи Тоир

 

РS: Ёдовар мешавем, ки дастаи «РегарТадАз» ва «Истиқлол» барои дарёфти «Ҷоми Тоҷикистон» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 26-уми октябри соли гузашта миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор, ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-уми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Истиқлол» намуд ва то охири бозӣ ҳисоб тағйир наёфт. Ҳамин тариқ,  тими «РегарТадАЗ» бо ҳисоби 1 бар 0 ҳарифро шикаст дода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2011 шуд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!