Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 08:57

Футболи тимҳои Афғонистону Фаластин дар Тоҷикистон баргузор мешавад

28 июн 2011, 05:47

Тими яккачини футболи Афғонистон фардо бо мунтахаби Фаластин сабқат мекунад.


Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт,  29-уми июни соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2014 байни ин ду даста сурат мепазирад. Номбурда афзуд, айни ҳол тими миллии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҳайати 25 нафар дар варзишгоҳи шаҳри Норак ва тими миллии Фаластин дар ҳайати 28 нафар дар макони баргузории бозӣ-варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода тамрин мекунанд. Гуфта мешавад, рақобат байни ин дастаҳо фардо соати 16:00 баргузор хоҳад шуд, ки дар ин бозӣ соҳибони майдон тими миллии Афғонистон дониста мешаванд. Ба иттилои Нуралӣ Хоркашев, баъдан тими миллии ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Фаластин сафар намуда, бозии ҷавобии худро мегузаронад. {jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!