Бахшҳо
05 апр 2012 12:19Гузориш

«Истиқлол»-ро дар бозиҳои байналмилалӣ доварони тоҷик кӯмак карда наметавонанд

Майдоне, ки ҳоло бозӣ баргузор шуд, майдон не, балки «подахоравак»-ро мемонд. На танҳо варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, балки тамоми майдонҳои мо дар ҳамин ҳоланд.

Рӯзҳои охир мо дар майдони худ тамрин карда натавонистем, дар як майдончаи мактаб машқ кардем.

Тими «Истиқлол»-и Душанбе ҳарифи пурзӯраш- «Регар ТадАз»-и Турсунзодаро шикаст дода, бори сеюм Ҷоми олии Тоҷикистон ё Суперкубокро соҳиб шуд.

Ин сабқат дирӯз, 4-уми апрел дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Рақобати ду клуби маъруфи Тоҷикистонро Раҳмон Муртазоев доварӣ мекард.

Ҳисоб дар дақиқаи 35-уми бозӣ кушода шуд. Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол» аз вазъияти мусоид истифода бурда, тӯбро вориди дарвозаи «Регар ТадАЗ» намуд. Қисмати аввал бо ҳамин ҳисоб ба охир расид. Як дақиқаи иловагии довар чизеро тағир надод. Дар дақиқаи 84-уми нимаи дуюми дидор Иброҳим Рабимов, нимҳимоятгари  «Истиқлол» тӯби дуюмро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ Раҳмон Муртазоев ба дарвозаи “Истиқлол» ҷаримаи 11 метра таъин кард. Баҳодур Шарифов, нимҳимоятгари дастаи «Регар ТадАз» аз имкони хуби голзанӣ истифода кард ва ҳисоб 2:1 шуд. Ҳар ду даста аз ҳаққи худ барои иваз намудани се бозингарашон истифода карданд. Пас аз анҷоми вақти асосӣ довари майдон 1 дақиқаи иловагӣ таъин кард.

Бозӣ 2:1 ба фоидаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Клуби ҷавонтарини Тоҷкистон ҷоиза гирифт. «Регар ТадАЗ»-ро бо ифтихорномаи ФФТ сарфароз гардонданд. Бозингарони беҳтарини дидор- Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол» ва Расул Файзов аз тими "Регар-ТадАЗ" низ тӯҳфа гирифтанд. Дар назари аввал гӯйё ҳамааш хуб буд, ҳама розӣ асту касе гила надорад. Аммо дар нишасти матбуотӣ, ки баъди бозӣ сурат пазируфт, ҳолати баръакс ба мушоҳида расид.

Дар нишасти матбуотии «Истиқлол» сармураббии нави даста Никола Кавазовичи сербиягӣ гуфт, ки ҳар ду даста бозии хуб нишон доданд: «Бозингарони «Истиқлол» маҳорати хуб нишон доданд, вале баъзе камбудиҳо доштанд. Аз ҷумла дар хатҳои дифоъ ва ҳуҷум каме заифанд. Аз ин ба баъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ шаванд»,-афзуд вай.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар-ТадАЗ» гуфт, ки «Супер Ҷоми Тоҷикистон» ягона бозиест, ки имрӯз байни ду дастаи беҳтарин баргузор гардид: «Ман фикр мекунам, ки бояд ин бозӣ хело хуб мегузашт. Мо интизор будем, ки дар мавсими имсола доварӣ хело хуб мешавад, лекин баръакс шуд. Доварии Раҳмон Муртазоев бори дигар исбот кард, ки доварони мо ягон давраҳои омӯзиширо паси сар накардаанд.

Шумо ҳам шоҳид будед, ки дар бозии имрӯза барои мо бо дастаи «Истиқлол» мубориза бурдан, хело душвор буд. Бубинед, ки дар рафти сабқат 6 бозингар иваз шуд, баъди анҷоми вақти асосии ҳарду давр як дақиқагӣ вақти иловагӣ таъин намуданд, дар ҳоле, ки ҳангоми иваз шудани бозигарон якчанд дақиқа вақти асосӣ зоеъ шуд. Дар ягон футболи дунё чунин намешавад. Ҳар як бозингаре, ки иваз мешавад бояд довар 30 сония вақт ҷудо кунад».

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ҳамчунин илова кард, ки дастаи «Истиқлол» дар дохили кишвар бо кӯмаки доварон дастболо мешавад, лекин дар бозиҳои байналмилалӣ доварон аз давлати Тоҷикистон нестанд. Ҳабибуллоев аз вазъи кунунии майдони бозӣ низ изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Пеш аз он ки мо аз хориҷа мутахассис даъват мекунем бояд аввал сифати майдонҳоямонро каме ба тартиб дарорем. Майдоне, ки ҳоло бозӣ баргузор гардид, майдон не, балки «подахоравак»-ро мемонд. На танҳо як майдони шаҳри Ваҳдат дар чунин вазъ қарор дорад, балки тамоми майдонҳои мо дар ҳамин ҳоланд. Рӯзҳои охир мо дар майдони худ тамрин карда натавонистем, балки дар як майдончаи мактаб машқ кардем».

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар анҷоми суханронияш ба журналитон ишора намуда гуфт, ки «медонам шумо ҳамаи ҳарфҳои маро чоп намекунед, лекин бояд бигуям, ки бо рӯйпуш кардани ин қадар камбудиҳо футболи тоҷик пеш намеравад, биёед ҳама чизро ошкоро бигӯем».

Маврид ба ёдоварист, ки мавсими ҷадиди сабқати қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди ду рӯзи дигар оғоз мешавад. Ин мусобиқот 7-уми апрел бо қувваозмоии «Хайр»-и Ваҳдат - «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Энергетик»-и Душанбе - «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз мешавад.

Ибодуллоҳи Тоир

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)