Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:30

Рӯзи ваҳдати миллии тоҷиконро дар Аврупо низ ҷашн гирифтанд

28 июн 2011, 06:46

Дар Брюссел- пойтахти шоҳигарии Белгия ҳам рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон таҷлил гардид.


Тибқи иттиллои вазорати умури хориҷа, дар робита ба ин сана дар бинои сафорати  Тоҷикистон дар ин кишвар чорабинии идона сурат пазируфт, ки дар он намояндагони Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд, Люксембург, Маркази фарҳангии тоҷикон дар ш. Брюссел, Ҷамъияти дӯстии Люксембург-Тоҷикистон, Бизнес клубҳои Белгия-Тоҷикистон ва Нидерланд-Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ, илмию омӯзишӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Рустамҷон Солиев, сафири Тоҷикистон зимни суханрониаш ба ҳозирин дар бораи таърихи ба даст овардани сулҳ дар ҷумҳурӣ, дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ дар давраи истиқлолият иттилоъ дод. Ҳамчунин, дипломати тоҷик перомуни ислоҳоти демократӣ дар кишвар, сиёсати амаливу андешакоронаи дохиливу хориҷӣ, барномаҳои созандагии кишвар, бахусус татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони НБО-и Роғун нақл кард.  
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар суханрониҳои худ аҳамияти байналмилалии таърихии ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон, зарурати омӯзиши ҳаматарафаи таҷрибаи тоҷикон дар бартарафсозии зуҳуроти низоӣ дар ҷомеа ва истифодаи васеи онро ҳамчун намуна барои ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон қайд намуданд. Манбаъ ҳамчунин афзуд, зарурати тавсеаву инкишофи ҳамаҷонибаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон махсус қайд карда шуд.
Дар анҷоми қисми расмии чорабинӣ ба ҳозирин таомҳои миллӣ пешкаш карда шуданд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Аврупо бо суруду рақсҳои миллӣ баромад намуданд.
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!