Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Муҳаммад Ғоиб: Мардум ба Пайғамбари Худо эрод мегиранд

10 апрел 2012, 06:57

Чанд сол аст, ки телевизионҳои Тоҷикистон намоиши барномаҳо идонаро ба ҳадди ифрот мерасонанд.

Ба дараҷае, ки ин барномаҳо барои тамошогар дилбазан мешаванд. Бахусус барномаҳои идонаи хоси соли нави масеҳӣ ва ҷашни Наврӯз ҳануз чандин рӯз пеш аз ид ва қариб як моҳи дигар пас аз гузаштани ҷашн намоиш дода мешавад. Имсол низ рафти таҷлил аз ҷашни Наврӯзи соли 2012 дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз авохири моҳи феврал шурӯъ шуда то ба ҳол идома дорад. Намоиши таҷлили Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои калони кишварро фаҳмидан мумкин, аммо намедонам чӣ зарурат ҳаст, ки барномаҳои наврӯзии тамоми ноҳияҳоро ҳафтаҳову моҳҳо ба намоиш гузорем. Гузашта аз ин телевизион, ки дастгоҳи идеологии давлат бояд бошад, наход рисолаташро дар намоиши ҷашну рақсу бозӣ хулоса кунад. Охир ҳамин наврӯзро дар чандин кишвари ҷаҳон ҷашн мегиранд, вале дар ҳеч ҷои дигар мисли мо ду моҳ давом намеёбад.

Имрӯз даҳрӯзаи аввали моҳи апрел мегузарад аммо барномаҳои наврӯзии ТВ-ҳои тоҷик идома дорад. Барои дар хусуси кай ба охир расидани ин ҳама барномаҳои беохири наврӯзӣ ба Муҳаммад Ғоиб директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон тамос гирифтем. Номбурда дар ҳамин маврид чунин иброз намуд:

- Мо намоиши идонаи наврӯзии шаҳру ноҳияҳоро аз рӯзи 2-юми апрел сар кардем ва то 18-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард. Ин намоишҳо аз 3 дақиқа то як соат намоиш дода мешаванд. Як қисми наворҳоро телевизиони «Ҷаҳоннамо», қисми дигарашро телевизиони «Сафина» ва қисмате аз ин наворҳоро мо гирифтем. Он намоишҳое, ки тариқи шабакаи аввал пахш мешавад, мо ба телевизиони «Ҷаҳоннамо» ё «Сафина» медиҳем ва наворҳои намоиш додаи онҳоро мо намоиш медиҳем. Ин ба хотири он ки ҳеч як ноҳия бенаво намонад ва ҳар кадомашон худашонро бинанд. Албатта ҳар як ноҳияе, ки Наврӯзро дар сатҳи баланд ва бо ҳунармандӣ таҷлил кардааст, мо ҳатман намоиш медиҳем, инҷо натанҳо намоиши Наврӯз аст,  балки аз инҷо истеъдодҳо пайдо мешаванд. Аксари санъаткорҳо дар ҳаминхел ҷашнҳо пайдо шудаанд.

Ба ростӣ бархе тамошочиёнро як навъ ҳарос фаро гирифта буд, ки нашавад, пас аз тамом шудани намоиши наврӯзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ТВ-ҳои мо ба намоиши барномаҳои наврӯзии ҷамоатҳо оғоз кунанд. Хушбахтона Муҳаммад Ғоиб дар ин маврид ҷавоби рад дод: «Ҷамоатҳоро нишон намедиҳем фақат, таҷлилгирии наврузии ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро, ки дар сатҳи баланди ҳунармандӣ баромад намудаанд намоиш медиҳем.»

Муҳаммад Ғоиб мегӯяд, вақте, ки дар сатҳи ҷаҳон дар таҷлили ҷашни Наврӯз инқадар чизҳо нишон медиҳанд мо ҳақ надорем, ки намоишҳои наврӯзии ноҳияҳои худамонро намоиш надиҳем. Ҳар кас мехоҳад худашро бинад, сарояндаҳое, ки дар ҳаёташон баромад накардаанд ва барои мардум ношиносанд заҳмат кашида барнома тайёр кардаанд, мо барои ҳамин пешниҳод кардем. Ба он хотир, ки ягон ноҳия бенаво намонад, ба хотири якдигарро дидану фаҳмидан, урфу одатҳои як дигарро хубтар дарк кардан пешниҳод кардем.

Ӯ дар посух ба суоли, ин ки оё  барномаҳое, ки ҳар шом тақрибан як соату якуним соат пахш мешаванд, ба назари шумо ба мардум дилбазан нашудаанд, чунин гуфт: «Мардум ба Пайғамбари Худо эрод мегиранд. Чӣ хел дилбазан аст, ки як ноҳия аз ноҳияи дигар фарқ дорад. Масалан мо ноҳияи Мурғобро нишон диҳем барои ноҳияи Дарвоз чи аҳамият дорад? Ё барои ноҳияи Восеъ ё барои вилояти Суғд ҳар кас бояд нақши худашро бозад. Аз ҳамин қадар ноҳияи дурдаст меҳнат карда равон кардаанд, ки ҳамин наврӯзии моро нишон диҳед. Дар ҷойи мо шумо бошед нишон медиҳед-ку. Аз 18 соат як соат намоиш медиҳем чӣ ҷойи дилбазанӣ дорад?».

Имрӯзҳо ҳазор занги телефонӣ мешавад. Як кас як чиз мехоҳад каси дигар тамоман чизи дигар. Намедонӣ фикри киро амалӣ кунӣ, мегӯяд Муҳаммад Ғоиб.

Шуморо намедонам, хонандагони азиз аммо ман аз ин гуфтаҳои директори шабакаи аввал дар шигифт меоям. Охир телевизион бояд барномарезии худро дошта бошад на ин ки  дар ҳайрат зананду ба гуфтаи кӣ амал карданро фикр кунанд.

Пас аз ин гуфтаҳои ҷаноби Муҳаммад Ғоиб ба худ меандешам, ки хайрият Тоҷикистон як кишвари хурд аст, ва ба мисли кишварҳои дигар дорои шаҳру вилоятҳои зиёд нест, вагарна телевизионҳои тоҷик аз ин баҳор то баҳори дигар таҷлили Наврӯз нишон медоданду бас.

Ибодуллоҳи Тоир



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!