Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Салоҳуддин Раббонӣ-раиси Шӯрои Олии Сулҳ тайин шуд

15 апрел 2012, 05:23

Салоҳуддин Раббонӣ-писари устоди шаҳид Бурҳонуддин Раббонӣ рӯзи шанбе раиси Шӯрои Олии Сулҳ дар Афғонистон тайин шуд. Эмал Файзӣ сухангӯи раиси Ҷумҳури Афғонистон бо эъломи ин хабар  изҳор дошт: дар маҳфиле, ки ба ҳамин муносибат баргузор шуд дар канори ҳамаи аъзои Шӯрои Олии Сулҳ, маршал Муҳаммад Қосими Фаҳим ва Абдурраб Сайёф ва дигар раҳбарони ҷиҳодӣ низ ширкат доштанд.

 

Ба гуфтаи Эмал Файзӣ барои ба даст овардани ин курсӣ  илова бар Салоҳуддин Раббонӣ, Сибғатулло Муҷаддадӣ-раҳбари ҷиҳодӣ ва Пир Сайидаҳмади Гелонӣ раҳбари "Маҳози миллӣ" низ номзад буданд, аммо ширкаткунандагони ин нишаст як садо ба номзадии Салоҳуддин Раббонӣ рай додаанд. Сибғатулло Муҷаддадӣ бошад дар эътироз ба тайин нашуданаш ба ин мақом аз сӯи Ҳомид Карзай аз се мақоми дигари давлатии хеш истеъфо додааст.

Салоҳуддин Рабонӣ дар аввалин суханронии хеш ба унвони Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфтааст: "Ман бовар дорам, ки сулҳ ягона роҳи таҳкими амният ва субот дар Афғонистон аст ва мо ба сулҳ ба унвони як асли динӣ нигоҳ мекунем. Ҷиҳоде, ки аз фароизи динии мо аст, як васила барои расидан ба озодӣ, субот, амният ва дар ниҳоят ба зиндагии сулҳомез аст."

Салоҳуддин Раббонӣ афзудааст, ки раванди сулҳ дар Афғонистон ҳангоме метавонад дастовард дошта бошад, ки раҳбарии он ба дасти худи афғонҳо бошад ва бидуни он наметавон бовари миллатро дар ростои пешбурди ин рисолати миллӣ ва исломӣ ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол бархе аз шахсиятҳои тоҷики Афғонистон бо ишора ба бозиҳои пуштипардаи қавмӣ, ки дар атрофи Шӯрои Олии Сулҳ дар ҷараён аст, аз пазируфтани раёсати ин Шӯро аз сӯи Салоҳуддин Раббонӣ, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки Салоҳуддин Раббонӣ-писари калонии устод Бурҳонуддин Раббонӣ буда дар соли 1971 таваллуд шудааст. Ӯ пас аз анҷоми таҳсилоти мактаби ҳамагонӣ дар Афғонистон, вориди факултети " Маркетинг ва идора"-и  Донишгоҳи Фаҳд дар шаҳри Заҳрони Арабистони Саъудӣ шуд ва пас аз хатми он, муддате дар ширкати "Оромко"-и саъудӣ иҷрои вазифа кард. Вай ҳамчунин дар солҳои 1999-2001 дар риштаи "Тиҷорат ва молия" дар Лондон санади магистрӣ дарёфт кардааст. Салоҳуддин соли 2008 дуввумин мадраки магистрии худро дар риштаи "Равобити байналмиллал" аз Донишгоҳи Колумбияи Амрико ба даст овард ва ҳамон сол ба унвони муъовини умури сиёсии дар танзими "Ҷамъияти исломӣ" фаъолияти худро оғоз кард.

Салоҳуддин Раббонӣ соли 2010 ба унвони сафири Афғонистон дар Туркия тайин шуд, вале ба баъд аз терори устод Раббонӣ ин вазифаро тарк намуд ва ба Кобул бозгашт ва сарпарастии "Ҷамъияти Исломӣ"-ро бар дӯш гирифт.

Салоҳуддин Раббонӣ-хонадор ва падари чаҳор фарзанд буда ба чанд забон озодона гуфтугӯ мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!