Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

Фаррух Умаров: Русияро маҷбур карда наметавонем

21 апрел 2012, 04:11

Дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад муносибати Тоҷикистон бо Русияву Ӯзбакистон ба тирагӣ гароидааст. Таваққуфи қаторҳо, бастани роҳҳо, қатъи интиқоли газ аз тарафи ӯзбакистон ва аз ҷониби Русия боло бурдани боҷи гумрукии маҳсулоти сузишворӣ,   миллионҳо доллар зиёни милӣ ба ширкатҳо, корхонаҳо ва хонаводаҳои Тоҷикистон ворид кардааст. Чунин вазъият барои Тоҷикистон гарон меафтад, бинобарин роҳи раҳоӣ аз онро бояд ёфт. Дар ҳамин маврид, «Озодагон» тасмим гирифт бо коршиноси мустақили масоили сиёсӣ Фаррух Умаров сӯҳбате анҷом диҳад.

Озодагон: Ахиран мушоҳида мешавад, ки муносибати Русияву Ӯзбакистон бо Тоҷикистонро наметавон амалан дӯстона гуфт. Ҳол он, ки Ӯзбакистон ҳамсояи наздики мост ва миллионҳо тоҷик дар онҷо ва садҳо ҳазор ӯзбак дар инҷо зиндагӣ мекунанд. Русия ҳам бо ин, ки шарики стратегии мост, ҳатто муҳоҷиронамонро рӯз намедиҳад. Бо ин кишварҳо чи гуна бояд муносибат кард?

Фаррух Умаров:
Ҳарчанд равобити байни Русияву Ӯзбакистон бо Тоҷикистон ноҳамворанд, вале паҳлӯҳои мусбат ҳам доранд. Ҳамин ҷиҳатҳои мусбати ин муносибатҳо бояд тақвият дода шаванд. Донистан лозим аст, ки чаро дар баъзе самтҳо ҳамкориҳо хубанду дар баъзеи дигар бад. Пай бурдан ба ин масъалаҳо кори масъулини зидахли Тоҷикистон аст, ки бояд дар ин самтҳо ҳамкориҳоро густариш диҳанд. Дар расонаҳои гурӯҳӣ овозаҳо мавҷуд аст, ки гӯё ӯзбакистон Тоҷикистонро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор додааст. Дар асл ин муҳосира неву таҳрими иқтисодист. Ин рафтори Ӯзбакистон пеш аз ҳама марбут мешавад ба сохтмони «Роғун». Инҳо ҳама иқдомоти пешгирикунандаест, ки аз ҷониби ин кишвар сурат мегирад. Зеро агар муҳосираи иқтисодӣ мебуд, Ӯзбакистон роҳи оҳан ва ҳатто роҳҳои мошингардро масдуд мекард.
Мушкилоти ҷойдошта дар муносибат бо Русия ҳам шояд ба пойгоҳи 201 - и онҳо рабт дошта бошад. Зеро овозаҳое мавҷуданд, ки Тоҷикистон хоҳони ҷой додани пойгоҳҳои низомии соири кишварҳо дар хоки худ аст. Аммо дар асл ин овозаҳо беасосанд. Дар инҷо боястӣ ҳамкориҳои иттилоотиро бо русҳо густариш дод то журналистони мо тавонанд дар фазои иттилоотии Русия матолиби воқеъӣ паҳн кунанд. Ин аз роҳҳоест, ки метавонад равобити Русияву Тоҷикистонро беҳбуд бахшад. Мебояд самтҳои хуби робитаҳо тақвият шаванду дар мувоҷиҳа бо ҷиҳатҳои манфии он, аз дипломатия истифода гардад ба монанди баргузории конфронсҳо, мизи гирдаҳо ва муман мубодилаи афкор.

Озодагон: Русия метавонад барои ҳалли ихтилофоти ҷойдошта байни Тоҷикистону Ӯзбакистон миёнаравӣ кунад?

Фаррух Умаров: Русия тавоноии ҳалли ихтилофоти байни Тоҷикистону ӯзбакистонро махсусан дар масъалаи Роғун дорад. Зеро ин кор ба манфиати худаш ҳаст. Аз тариқи Ӯзбакистон ва аз тариқи Туркманистон рӯзона 100 млрд метри мукааб газ ба Чин интиқол дода мешавад ва ин газе мебошад, ки худи Русия ҳам аз он истифода мебарад. Ин нишонаи кам гардидани нуфузи Русия дар минтақа аст. Агар Русия равобити иқтисодии худро бо Тоҷикистон беҳ нагардонад, нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ аз даст медиҳад. Зеро дар инҷо боз равобити иқтисодии Чин дар минтақа афзун мегардад. Русия танҳо бо истифода аз равиши Чин, яъне тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, метавонад таъсири худро дар минтақа зиёд гардонад. Дар ғайри ин сурат бо афзоиши равобити иқтисодии Чину Ӯзбакистон, нуфузи Русия дар Точикистон кам мегардад.

Озодагон: Метавонем Русияро маҷбур ва ё ҳавасманд гардонем то ихтилофоти ҷойдошта дар байни Тоҷикистону Ӯзбакистонро ҳал намояд? Ҳар чи набошад ин кишвар абарқудрат ва шарики стратегии мост ва боз пойгоҳи 201 ва "Окно" - аш дар хоки мо қарор дорад.

Фаррух Умаров: Мо Русияро маҷбур карда наметавонем. Зеро монанди Русия аз абзори дипломатии густардае бархурдор нестем. Вале ба унвони шарики стратегии ин кишвар метавонем манфиатҳои худро пеш барем. Дар инҷо метавон бо истифода аз созмонҳое, ки дар ин 20 сол таъсис гардидаанд, ин корро анҷом дод. Ҳоло то ҷое рафтуомади мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва ӯзбакистон ба куллӣ қатъ гардидааст. Аммо дар созмонҳои минтақавӣ ҳамчун СПАД, СҲШ ва EuroAsia раҳбарони кишварҳо метавонанд мушкилоти худро бартараф созанд. Аз ин рӯ, барои кумак аз Русия мо метавонем ин созмонҳоро истифода барем.

Озодагон: Яъне ин созмонҳо қодиранд мушкилоти Тоҷикистонро рафъ намоянд?

Фаррух Умаров: Ин созмонҳо феълан ба чунин коре қодир нестанд. Зеро вазифаашон дигар аст. СПАД ҳам бештар хусусияти амниятӣ дорад. Агар дар ойинномаи ин созмонхо ислоҳот ворид гардад, ин созмон метавонад ба мушкилоти байни кишварҳо дахолат кунад.

Озодагон: Оё роҳи дақиқе ҳаст, ки  Тоҷикистон тавонад дар як вақти кутоҳ, мушкилоти худро бо Русияву Ӯзбакистон ҳал намояд?

Фаррух Умаров: Роҳаш ҳаст. Иттилооте, ки дар бораи Роғун дар байни кишварҳо пахш мегардад, воқеӣ набуда, балки таҳриф шудаанд. Ба ҳамин хотир, бояд дар дохили ин созмонҳо гуфтушунид дар бораи мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли онҳо анҷом гираду безарар будани нерӯгоҳи барқи обии Роғунро собит гардонад. Дар ин сурат метавон ин масъаларо ҳал кард. Ҳоло ҷуз бартараф кардани шубҳа дар фазои иттилоотӣ роҳи дигаре надорем. Дар ин кор бояд дипломатҳову журналистон фаъол бошанду ҷониби ӯзбакро қонеъ гардонанд. Ин кор ҳамакнун оғоз шудааст ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун миёнарав дар ҳоли омӯхтани самтҳои иқтисодиву экологии ин нерӯгоҳ мебошад. Агар Бонки ҷаҳонӣ безарар будани Роғунро тасдиқ кунад, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин тарҳ дастгирӣ хоҳад кард ва ҳеч касе дар муқобили он истода наметавонад. Барои розигии ӯзбакистонро гирифтан боястӣ фазои иттилоотии он кишварро нисбат ба тарҳи Роғун дигар кард.

Озодагон: Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш дар маросими ифтитоҳои яке аз филиалҳои донишгоҳи русӣ дар Тоҷикистон Русияро шарики стратегӣ эълон карду ба содиқ мондани Тоҷикистон дар муносибат бо онҳо таъкид варзида гуфт, ки дар расонаҳои ин кишвар бар зидди Тоҷикистон матолиби нодуруст нашр мегардад. Ба назари шумо чаро дар расонаҳои Русия ахбори манфие роҷеъ ба Тоҷикистон дарҷ мегардад?      

Фаррух Умаров: Расонаҳои русӣ манофеъи худро доранду тамоюлоти сиёсияшон гуногун аст. Бархеи онҳо ғарбгароянду бархеи дигарашон ҷонибдори тартиб додани ҷодаи Авруосиё ҳастанд ва иддаи дигар аз онҳо ҳам миллатгароянду ба хости худашон дар бораи равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон матлаб нашр мекунанд. Барои пешгирии ин ҳолат, бояд журналистони тоҷики муқими Русияро ҷамъ карду аз онҳо барои шаффоф гардонии ахбор дар хусуси Тоҷикистон кумак гирифт. Илова бар ин метавонем барои ҳимояи манофъеи милии худ, аз расонаҳои расмии Русия истифода барем, махсусан аз шабакаҳои телевизионии ин кишвар. Ин вазифаи Кумитаи Радио ва телевизиони кишвар аст, то бо расонаҳои русӣ ҳамкорӣ кунанду фазои иттилоотии ин кишварро ба нафъи Тоҷикистон тағйир диҳад.

Мусоҳиб Сиёвуш Қосимзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!