Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:59

Дар Ёвон барои мӯҳтоҷон дар хона-интернат дастархон оростанд

28 июн 2011, 11:40

Дар «Хона-интернати пиронсолон  ва маъюбони шаҳри Ёвон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дастархони идона ороста шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, муассиаи иҷтимоии мазкур 15-уми январи соли 1995 дар  ноҳияи Ёвон таъсис ёфта,  барои нигоҳубину парастории 100 нафар пирони барҷомонда ва 40-нафар кӯдакони ноқисулақл пешбинӣ шудааст. Айни замон 125 нафар бошандагон, ки  аз  инҳо 85-нафарашон пирони барҷомонда ва 40- нафарро кӯдакони ноқисулақл ташкил медиҳад, дар ин ҷо нигоҳубин мешаванд.   
Бо мақсади  беҳдошт ва тавонбахшии бошандагон дар муассиса ҳуҷраҳои  физиотерапевтӣ ва тавонбахшӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст, ки бошандагон аз он васеъ истифода мебаранд. Дар дохили бинои истиқоматӣ ҳаммомхона сохта ба истифода дода шудааст. Ҳар сол бошандагони муассиса ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Инчунин муассиса дорои китобхона, толори истироҳатию фароғатӣ ва боғ мебошад. Китобхона дорои 6430 нусха китобҳои бадеию илмӣ мебошад, ки  мавриди истифодаи бошандагон ва кормандон қарор дорад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!