Бахшҳо
03 май 2012 10:44Гузориш

Ҳунари қолинбофии эронӣ дар тору пуди фаршҳои тоҷик

Дар ҳоле равобити ду кишвари бародар ва дӯсти Эрон ва Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст, ки бо сафари як ҳайат аз намояндагони ширкатҳои хусусӣ, заминаҳои рушди саноати қолинбофӣ дар ин кишвар ба зудӣ фароҳам хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории «Форс» ин ҳайат иборат аз бахши хусуии Эрон дар дидор бо мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва мақомоти бархе аз корхонаҳои хусусии ин кишвар, аз чумла мавзӯи ҳамкорӣ дар заминаи рушди қолинбофӣ дар ин давлатро матраҳ карданд. Ҳасан Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Точикистон ба хабарнигори «Форс» гуфт, дар дидори ин ҳайати муташаккил аз бахши хусусии музофоти Гулистони Эрон, ҷанбаҳои ҳамкорӣ барои ташкили ҷойҳои нави кор, бо истифода аз манбаъҳои табиии мавҷуд дар Тоҷикистон, баҳсу баррасӣ шуд. Вай афзуд, Тоҷикистон кишваре бо мавод ва манбаҳои фаровони пашм, абрешим ва пахта буда ва мо ин дархостро доштем, ки ширкатҳои қолинбофии Эрон бо таъсис ва роҳандозии корхонаҳои хӯрди қолинбофӣ, ба бахши хусусии Тоҷикистон мусоидат кунанд. Ин мақоми палатаи савдои Тоҷикистон таъкид кард, тарафи эронӣ ин ваъдаро дод, ки пас аз ошноӣ бо вазъияти бахши хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳое ки дар заминаи истеҳсоли қолин ва фарш кор мекунанд, ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба имконоти молӣ ва шароити тавлидии ин ширкатҳо дар заминаи эҷоди корхонаҳои муштарак, тасмимгирӣ кунанд.

Фотимаи Кабирӣ, як узви ҳайат гуфтааст, ки қолинбофони эронӣ омодаанд барои хонумҳои қолинбофи тоҷик давраҳои омузишӣ баргузор кунанд. Вай бо ишора ба ҷойгоҳ ва шӯҳрати қолинбофии эронӣ дар ҷаҳон, таъкид карда, ки дар сурати ҳамкории ҷиддӣ дар ин замина, бонувони қолинбофи тоҷик низ метавонанд бо омӯзиш ва истифода аз таҷрибаҳои Эрон дар ин бахш муваффақ шаванд.
Ин ҳайати эронӣ дар марҳалаи дигари боздиди худ аз Тоҷикистон, аз чанд корхонаи ин кишвар боздид карда ва бо шароити кор ва мушкилоти ин корхонаҳо ошно шуданд. Иқбол Абдураҳмонова, раиси ширкати хусусии «Умед» дар дидор бо ҳайати эронӣ, аз ҷумла мавзӯи расондани кӯмак дар заминаи дастрасӣ ба таҷҳизоти фанниро матраҳ кардааст. Вай аз ҷумла гуфта, ки ин ширкат ба таҷҳизоти табдили пашм, шонаҳои қолинбофӣ ва қайчиҳои вижа ниёз дошта ва омодааст аз ширкатҳои эронӣ, ки ин таҷҳизотро хуб мешиносанд, харидорӣ кунад.
Масъулони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкати «Умед»-ро аз ширкатҳои бо эътимод дониста ва таъкид мекунанд, ки ин корхона бо вуҷуди мушкилоте, ки пеши рӯ дорад, бо ҷалби 30 коргарони зан қолинҳои хӯрди андозаи 80х90 сантиметр тавлид ва ба хориҷа содир мекунад.

Cафари ҳайати бахши хусусии Эрон бо даъвати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон анҷом гирифта ва масъулони ин ниҳод ҳадафи ин сафарро эҷоди заминаи робитаҳои мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар медонанд. Ҷониби Тоҷикистон орзӯ ва умедро дорад, ки дар сурати эҷоди чунин як ҳамкорӣ бо тоҷирони эронӣ, бо таҷҳизоти пешрафтаи бофандагӣ такмил шаванд ва бо эҷоди шароити беҳтар, қишри бештари занони бекори минтақаҳои кӯҳистониро бо кор таъмин кунанд.

Бино ба гуфтаи манбаҳои расмӣ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз ин ҳайати эронӣ даъват карданд, ки дар шашумин намоишгоҳи байналмилалии саноати сабук бо номи «Интерлегпром», ки моҳи оянда дар Точикистон баргузор мешавад, бо маҳсулоти корхонаҳои худ ширкат кунанд. Боздиди ин ҳайати эронӣ бар асоси ёддошти тафоҳуме анҷом гирифта, ки байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва устони Гулистони Эрон дар ҳошияи намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии ин музофот тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе имзо шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)