Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:55

Никола Кавазович: Масъулияти асосии мо қаҳрамон шудан аст

4 май 2012, 11:00

Нимаи аввали имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти матбуотии қабл аз оғози сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) сурат пазируфт. Зимнан, сармураббиёни мунтахабҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Балкан»-и Туркманистон ва «Ал-Амарӣ»-и Фаластин дар алоҳидагӣ ба ҳузури хабарнигорон омаданд.

Амон Муродов, сармураббии тими «Балкан»-и Туркманистон гуфт, ки барои рақобатҳо дар Ҷоми раиси AFC омодагии ҷиддӣ гирифтаанд. Вай мегӯяд, мақсади ягонаи онҳо ба даври ниҳойӣ баромадан аст: «Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки дар сабқати гурӯҳи «С» ҳунари хуб нишон диҳем ва нисбати ҳарифонамон дар ин гурӯҳ пешсаф бошем».

Роид Юсуф Ҷумъа Асаф, сармураббии тими «Ал-Амарӣ»-и Фаластин ҳам гуфт, ки бо мақсади пирӯзӣ ба майдон мебароянд. Номбурда мегӯяд, новобаста ба вазъи ноамни кишвари Фаластин футбол дар ин кишвар ба оҳистагӣ рушд мекунад: «Маҳз ширкат дар чунин сабқатҳо имкон медиҳад, ки сатҳи футбол дар давлати Фаластин ҳам баланд шавад». Ба қавли вай дар ҳайати дастааш 6 бозингари фаластинӣ ҳам ҳаст. Бозингарони дигар легионерҳоянд. «Мардуми Фаластин интизори голи мо ҳастанд ва ҳамеша моро дастгирӣ мекунанд, мо ҳам барои ба финал баромадан тамоми имкониятҳоро истифода хоҳем кард. Аммо изҳор дошт, ки дар мавриди ҳарифонаш аз Тоҷикистон маълумоти зиёде надорад ва ҳангоми рақобатҳо аз шеваи бозии тими «Истиқлол» ошноӣ пайдо хоҳад кард.

Никола Кавазович, сармураббии тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон низ гуфт, ба пирӯзии дастааш бовар дорад. «Мо метавонем, ҳарифи худро шикаст бидиҳем. Омодагии мо хуб аст ва барои дастболо шудан ҳеч мушкилие надорем. Мо бо дили пур ва бо мақсади ғолиб шудан ба майдон мебароем. Ҳадафи мо танҳо қаҳрамони Ҷоми раиси AFC шудан аст».

Ёдовар мешавем, бозиҳои Ҷоми раиси AFC дар гурӯҳи «С» аз 5-ум то 9-уми май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Фардо, 5-уми май соати 16:00 «Балкан»-и Туркманистон бо «Ал-Амарӣ»-и Фаластин вориди рақобат мешавад.

Ибодуллоҳи Тоир


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!