Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:34

USAID кӯмакҳояшро барои ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ тақвият мебахшад

28 июн 2011, 12:12

USAID рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар Тоҷикистон қайд намуд.


Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, лоиҳаи муколама оиди ВНМО ва бемории сил, ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкории зич бо вазороти тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хазинаи глобалӣ ва созмонҳои дигари ғайриҳукуматӣ, ки дар самти пешгирии нашъамандӣ фаъолият мекунанд, 25 июн дар боғи "Дўстии халқҳо"-и шаҳри Душанбе чорабинии вижа доир сохтанд.
Бино ба қавли манбаъ, дар ҳамойиш оиди хавфи нашъамандӣ барои башарият ва роҳҳои пешгирии он иттилоъ дода шуд.Дар ҷараёни чорабинӣ, озмунҳои гуногун, саволу ҷавоб ва намоишҳои мусиқӣ оиди кӯшишҳои мубориза алайҳи нашъамандӣ пешкаши тамошобинон гардиданд. Ҳамин гуна чорабиниҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID Муколама оиди ВНМО ва бемории сил дар шаҳрҳои Хӯҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа гузаронида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи  муколама оиди ВНМО ва бемории сил яке аз барномаҳои сершумори кӯмакдиҳанда аз ҷониби мардуми Амрико буда,  тавассути USAID амалӣ мегардад.  Аз соли 1992 сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон  пешниҳод намудааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!