Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:22

Хабарнигори «Форс» дар Афғонистон боздошт шуд

8 май 2012, 04:02

Абдулвоҳиди Ҳакимӣ, хабарнигори хабаргузории «Форс», ки субҳи рӯзи гузашта ба қасди таҳияи гузориш дар бораи музаи Кобул аз маҳалли кори худ хориҷ шуд, аз сӯи кормандони амниятии Афғонистон дастгир ва ба макони номаълуме интиқол ёфт.

Ба гузориши «Форс», хабарнигор ва сарпарасти дафтари ин хабаргузорӣ дар Кобул субҳи рӯзи гузашта барои таҳияи гузориш ҷои кори худро тарк намуда, дигар ба манзил бознагашт. Ҳамсари Ҳакимӣ гуфтааст, ки телефони мобили ӯ бар хилофи ҳамеша пайғом медиҳад, ки хомӯш аст: «Вай ғуруби рӯзи дирӯз дар тамоси маҳдуд ва назоратшудае ба хонаводаи худ иттилоъ дод,  аз сӯи идораи амнияти миллии Афғонистон дастгир шуда аст».
Амнияти милли Афғонистон то кунун дар ин маврид изҳори назар накарда аст.

«Форс» яке аз хабаргузориҳои фаъол дар Афғонистон буда, дар шаҳри Кобул дорои дафтари сарпарастӣ мебошад. Инъикоси рӯйдодҳо ва ҳаводиси рухдода дар Афғонистон, музокира бо мақомоти давлатӣ, порлумон, коршиносони мухталифи сиёсии афғон, инъикоси тасвире аз ҷазобиятҳои фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳамчунин инъикоси зарфиятҳои ҳамгирои миёни Эрон в Афғонистон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумлаи фаъолиятҳои хабарнигори боздоштшудаи «Форс» дар Кобул мебошад.

Қазияи боздошти хабарнигори «Форс»-ро алъон ниҳодҳои марбути Эрон ва Афғонистон пайгирӣ мекунанд. Сидиқуллоҳ Тавҳидӣ, масьули расонаҳои Озоди Афғонистон гуфтааст, Ҳакимиро бод алели надоштани муҷавизи қонунӣ дастгир кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!