Бахшҳо
11 май 2012 05:30Иқтисодӣ

Тоҷикистон тавони фурӯши обро дорад?

Сарчашмаи беш аз 70 дарсади оби минтақа Тоҷикистон аст. Об асоситарин захираи табии кишвари мо ба шумор меравад. Президент дар паёми солонааш ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки соҳибкорон метавонанд ба кишварҳои аврупоиву арабие, ки дар нархи об аз арзиши газу бензину нафт гаронтар аст, аз Тоҷикистон об интиқол диҳанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки баъди 10-15 соли дигар таъминот бо оби ошомиданӣ ба як бӯҳрони ҷиддии ҷаҳонӣ табдил мешавад. Аммо суол ин ҷост, ки Тоҷикистон метавонад обашро ба кишварҳои ниёзмакнд бифурӯшад?

Кӣ муштарии оби Тоҷикистон мешавад?
Соли 2005 буд, ки масъулин ваъда доданд, то соли 2014 тамоми аҳолии пойтахти кишварро бо оби ошомидании тоза таъмин хоҳанд кард. Ин ваъдаҳо дар ҳоле матраҳ мегардад, ки таи 20 соли истиқлолият онҳо натавонистанд аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто сокинони шаҳри Душанберо бо оби ошомидании тоза таъмин кунанд. Бо вуҷуди ин аз фурӯши об ҳарф мезананд. Дуруст аст, ки Тоҷикистон аз фурӯши об даромади зиёде метавонад ба даст биёрад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии кишвар, ба вижа фишорҳои Русия ва низ таҳримҳои иқтисодиву роҳбандиҳову марзбандиҳои Ӯзбакистон оё чунин коре имкон дорад?

Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар асоси ба ҳисоб гирифтани манофеи соири кишварҳо ҳал кардани ин масъала мумкин аст, чун имсол соли дипломатияи об асту бояд мавзӯи ба пул табдил додани об роҳи ҳали худро биёбад: «Ҳадди аққал мебояд заминаҳои сиёсиву қонунӣ ва техникии ин масъаларо бавоситаи баргузории нишастҳои давомдор бо ҳамсояҳо муҳайё кард. Ин кори осоне нест, ки дарҳол ҳал шавад, аммо бо пайгирии ҷиддии ин мавзӯъ метавон идеаи президенти кишварро дар амал тадбиқ кард».                       

Мавзӯи фурӯши об дар ҳоле матраҳ мегардад, ки иҷроиши он осон набуда ба назар намерасад, ки ба соддагӣ ҳали худро ёбад. Зеро то имрӯз давлати Тоҷикистон натавонистааст бо ҳамсояи наздики худ Ӯзбакистон бар сари мушкилоте ба монанди манъи вагонҳо, минагузорӣ дар марз, бастани сарҳад ба рӯи тоҷикон, интиқоли газ ва низ эҳдоси Роғун ба созиш расад. Бо ин ҳол чи гуна мехоҳанд обро ба дигар давлатҳо фурӯшад?

Дар ин ҳол, бархе коршиносон фурӯши обро ба дигар давлатҳо мумкин медонанд.  Шаҳло Содатсайрова, мутахассиси пешбари Вазорати мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, агар қонунҳои байналмилалӣ дар ин кор риоя гардад, фурӯши об ба соири давлатҳо имконпазир мегардад: «Ҳарчанд шароити ин кор фароҳам нест, аммо бо роҳандозии корхонаҳои хӯрд, ки яке ба истеҳсоли обу дигаре ба назорат аз болои сифати он ва охирӣ ба интиқоли об машғул бошанд, ин кор муйясар хоҳад гашт. Ҳатто ин корхонаҳо метавонанд аз рӯи як системаи муайян кор кунанд».
Хонуми Шаҳло мегӯяд, об бахти мардуми мост, ки Худо ато кардааст. Бинобар ин бояд аз он истифода бурд. Ба ҷуз яху пиряхҳо мо боз обҳои ширини ошомидании оксигенӣ дорем, ки агар ҳамаи инҳо дар доираи қонунӣ истифода гарданд, мешавад обро фурӯхт меафзояд номбурда.

Ба тоҷирони тоҷик набояд умед баст
Ҳарчанд сухан гуфтан аз фурӯши об осон аст, аммо дар ҳақиқат онро амалӣ намудан мушкил менамояд. Чун барои ин кор техника лозим аст. Зимнан хазинаи сангини тадбиқ гардидани ин тарҳ ва бо чиву бо кадом роҳ интиқол додани об, масалан роҳи заминӣ, осмонӣ, оҳан ва дарёӣ матраҳ аст, ки иҷроиши ин тарҳро душвор мегардонад. Вале ба боварии Шаҳло Содатсайрова, мутахассиси пешбари Вазорати мелиоратсия агар аз нигоҳи техникӣ ин имконият фароҳам набошад ҳам, метавон бо ворид кардани дастгоҳҳои зарурӣ барои бунёди корхонаҳои хӯрд мушкилро бартараф кард. Ин ҳамчунин чандин нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунад: «Мо ҳамчунин обҳои минералӣ дорем, ки аз давлатҳое ба монанди Гурҷистон меояд. Бояд дид, ки стандарти ҷойгиркунии ин обҳо дар зарфҳои шишаист ё пластикӣ. Агар обҳои мо ҳам ба стандарти бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад, зуд харидори худро пайдо мекунад».

Бо кадом восита интиқол додан ва фурӯхтани об дар байни коршиносон андешаҳои гуногунеро падид овардааст. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, нахуст бояд дар кадом шакл фурӯхтани обро маълум кард. Дар зарфҳо гирифта фурӯхтани об мумкин аст, аммо онро то Аврупо интиқол додан бисёр гарон меафтад. Ба гуфтаи номбурда, хароҷоте, ки барои интиқоли об аз роҳи нақлиёт сарф мегардад, аз худи фурӯши об гаронтар аст.
«Бо бастани шартнома имкони интиқоли об ба воситаи киштиҳои азими сайёҳиву таҳқиқотӣ, ки ба муддати шаш ё як сол дар дарёҳо ҳузур доранд, вуҷуд дорад, ки ин кор хазинаи сангинеро талаб мекунад. Ва танҳо дар сурати бастабандӣ кардани обҳо дар зарфҳои махсус ё банкаҳои 200 литрӣ метавон ин корро анҷом дод. Албатта ҳамаи инҳо барои Тоҷикистон орзӯҳои пуче беш нестанд. Зеро тоҷирони мо ҳам бозаргононе нестанд, ки дар чунин корҳо бо ширкатҳои бузурги байналмилалӣ робита дошта бошанд»,-афзуд ҷаноби Исмоилиён.
Ба гуфтаи номбурда, танҳо дар ҳолати хоҳиш доштани ширкатҳои байналмилалӣ ин кор имконпазир мегардад. Чунки ба умеди тоҷирони дохилӣ мондан самара намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, вакили Кумитаи энергияи парлумони кишвар мегӯяд, Тоҷикистон метавонад аз контеннер ва роҳи оҳан барои интиқоли об истифода барад. Ба қавли номбурда Гурҷистон, ки захоири обаш кам асту пиряхҳои зиёде ҳам надорад, аз ҳисоби содироти об аз мамолики Туркия ва Араб даромади зиёде мегирад. Дар оянда ҳангоми содироти об метавонем бо истифода аз усулҳои гуногун, аз ҷумла қубурҳо ин корро анҷом диҳем. Аммо дар ҳоли ҳозир метавонем бо истифода аз зарфҳои пластикиву шишаӣ обро интиқол дода ба фурӯш расонем. Ин беҳтарин корест, ки метавонем анҷом диҳем. Зеро обҳои нушокии мо дар ҳоли ҳозир беистифода аз маҷрои дарёҳо убур мекунад. Оби рӯдҳо, аз ҷумла кули Сарез агар каме филтр гардаду дар банкаҳо гирифта шавад, ҳам мардуми кишвар бо оби худӣ таъмин мегарданд ва ҳам ба содироти об ба хориҷа машғул мешавем мегӯяд вакили парлумон.

Пойтахт об надораду мо дар ғами фурӯши об ба Аврупоем
Сару садоҳо атрофи фурӯши об дар ҳоле баланд шуд, ки имрӯз аз 70 дарсад захоири оби Осиёи Миёна, ки дар кишварамон мавҷуд аст, танҳо 5 фисади онро истифода мебарем. Гузашта аз ин, таъмини мардум бо оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон дар вазъияти хубе қарор надорад. Тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ сатҳи таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ дар қиёс бо аҳолии соири кишварҳо дар сатҳи хеле паст аст. Мутобиқи  омори созмони ҷаҳонии беҳдошт, 42 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ маҳрум буда, бештари деҳаҳои кишвар ба оби нушокӣ дастрасӣ надоранд. Танҳо 20 фоизи аҳолӣ ба шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ пайваст ҳастанд. Бино ба гузориши СММ, дастрасии мардуми Тоҷикистон ба об маҳдуд буда, танҳо дар як шабонарӯз 4 то 15 соат оби ошомиданӣ ба мардум дода мешавад

Гуфта мешавад, дар шаҳри Душанбе, ки пойтахт кишвар аст, дар аксари биноҳои баландошёна обро бо насос мекашанд ва аз рӯи лимит то чанд соати муайян ба ин хонаҳо об дода мешавад. Дар деҳаҳо низ мардум аз чоҳу чашма об мегиранд. «Вақте мардуми дохили кишвар бо об таъмин нест, интиқоли об ба хориҷа ва ба фурӯш гузоштани он ҷуз афсонаву орзӯ чизи дигаре нест. Ба монандаи даврони Шӯравӣ, ки як нависанда орзӯи қишлоқи тиллоиро карда буду дар бораи он достон навишта буд»,- мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён ва меафзояд:
-Ибтидо бояд мардуми худро бо оби нушокии тоза таъмин кунем ва баъд дар фикри фурӯши об шавем. Чунки пешрафту амнияти ҷомеа ба саломатии шаҳрвандон бастагӣ дорад. Ба хотири дастрасӣ надоштан ба оби ошомиданӣ бисёре аз мардуми кишвар ба бемориҳои мухталиф мубталоянду аз ҳисоби ҳамин оби носолим мефавтанд. Мо наметавонем мардуми худро бо оби ошомидании тоза таъмин кунем. Барои ҳамин аввалин вазифаи давлат рафъ кардани ин мушкил аст. Давлати мо ҳамеша дар фикри содирот ба бозорҳои ҷаҳонист мисли ҳамон интиқоли барқ, ки дар зимистон мардум аз бебарқӣ азият мекашанд, аммо масъулин барқро ба кишварҳои хориҷа мефурӯшанд.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки надоштани мутахассис, техника ва низ имкониятҳои моливу фаннӣ омилҳое мебошанд, ки тавони соҳибкорон ва давлати Тоҷикистонро барои интиқолу фурӯши об ба хориҷа маҳдуд мегардонад. Зеро ҳатто барои пурра таъмин кардани мардуми Тоҷикистон бо об, ки аз фурӯши он ба хориҷа дида сабуктар аст, имконият нест. Чунон чи соли гузашта Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об эълон кард, ки дар кишвар танҳо наздики як миллион аҳолӣ дар дастрасӣ ба об мушкили камтар доранд. Ҳол он ки аҳолии Тоҷикистон марзи 8 миллионро убур кардааст.

Сиёвуш Қосимзода


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)