Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:05

Духтарони зебои тоҷикро барои ҷалби сайёҳон омода мекунанд

18 май 2012, 09:01

Ҷалби духтарони зебои тоҷик дар намоишҳои телевизионии «Чакомаи гесӯ» ва «Зебосанам» кофӣ набуда, ки акнун мехоҳанд онҳоро дар фурӯдгоҳҳо ба ҷои мардҳо ё ба истилоҳ «лашкари ҳарбу зарби дуруштмуомила» ба кор гиранд.

Дар фурудгоҳҳо хушмуомилаҳоро ба кор мегиранд

Иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ҷиддан дар фикри рушди соҳаи туризм бошад, пеш аз ҳама бояд дар фурӯдгоҳҳо ба ҷои мардони дуруштмуомила духтарони бо ҳусну ҷамол ва доноро ба кор даъват кунад, то аз меҳмонони хориҷӣ хуш пазироӣ намоянд, бо лаби пурханда пешвоз гиранд ва бо чеҳраи хандон гусел кунанд ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳи онҳоро ба Тоҷикистон бештар ҷалб созанд.

Ахиран, президенти кишвар низ дар паёми солонааш ба парлумон дар бораи ҷалби духтарони зебову доно изҳори назар кард. Вай гуфт, ки ба хотири ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон супориш додаст, ки махсусан низомиён, кормандони соҳаи сарҳадот ва гумрук дар фурӯдгоҳҳо ва гузаргоҳҳо бояд аз атестатсия гузаранд, курсҳои омӯзишӣ ташкил дода шавад ва бештар ҷавондухтарони лаёқатманд, ки ақалан ду забони хориҷиро донанд, маданияти хизматрасонӣ ва муомилаи хуш дошта бошанд, ба кор даъват шаванд, то табъи мусофирон ва меҳмонони хориҷиро аз фурӯдгоҳ хира насозанд. Ҳамчунин ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар фурӯдгоҳҳо шахсони тасодуфӣ ҳам нишастаанд, ки ду ҷумла бо русӣ ё англисӣ ҳарф зада наметавонанд. Пас чӣ гуна меҳмононро хуш пазироӣ карда, аз онҳо шаҳодатнома қабул мекунанд.

Вале ҷалб кардани меҳмонони хориҷӣ бо роҳи намоиши ҳусни духтарону занони соҳибҷамол дар ҳолест, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон вақтҳои охир занҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо ба кор ҷалб мешаванд ё ин ки дар кишвар на танҳо занҳоро дар корҳои сабуку осон, балки дар корҳои сангину «сиёҳ» низ истифода мебаранд. Ҳоло Тоҷикистон ба заҳмату меҳнат ва кори занҳо сахт эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла, имрӯз бидуни меҳнати зан дар саҳро кори кишоварзӣ пеш намеравад, зеро аксари мардҳо дар муҳоҷирати меҳнатиянд ва танҳо занҳо мондаанд, ки кори саҳроро пеш баранд. Феълан аксари кормандони муассисаҳои хоҷагиву коммуналӣ ё ба истилоҳ «роҳрӯбон» занҳоянд ва дида мешавад, ки роҳрӯбиро ҳатто дар нисфи шаб, соатҳои дуву сеи назики субҳ оғоз мекунанд ва зери нурҳои офтоби тасфон ҳам гулгашти роҳҳоро побел кардану гул коридан ва нигоҳубин намудан низ кори онҳо аст. Ҳатто дарави алафҳои боғоту майдонҳои сарсабзи шаҳр низ ба ӯҳдаи онҳост.

Гузашта аз ин, имрӯз тарбияи насли навраси ояндасози Тоҷикистон ҳам ба дӯши занҳо вогузор шудааст. Бо далели он ки мардҳо бо маоши муаллимӣ зиндагиашонро пеш бурда наметавонанд, аксари онҳо тарки касб карда, ба ҳиҷрат рӯ овардаанд ва акнун барои ба кор ҷалб кардан бо маоши паст дар соҳаи маориф ҳукумат аз нерӯи занҳо истифода менамояд. Ё ба ибораи дигар дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ки баробарҳуқуқии гендерӣ мақоми махсус дорад ва ҳуқуқи зану мард баробар дониста мешавад, мардҳо розӣ нестанд, ки бо музди меҳнати паст омӯзгорӣ кунанд, танҳо занҳо розиянд бар ивази ин маблағ камтар машғули кор бошанд. Чунки падару бародару фарзандҳояшон дар муҳоҷирати меҳнатиянд ва шояд баъзеи занҳо аз душвории зиндагӣ ва надоштани маблағ маҷбуранд ба ҳар кор даст зананд, то тифлакони бегуноҳашон дар кӯча намонад ё аз дарси мактаб фориғ нашавад.

Аз меҳнати занҳо суистифода мешавад

Чун имрӯз мувофиқи қонуни масъулияти волидайн дигар падару модар маҷбуранд, ки аз ҳар куҷое набошад маблағ дарёфт кунанд ва фарзандашонро ба мактаб баранд, бо вуҷуди он ки мактабҳо ҳам дигар ройгон нестанд ва ба маблағгузории сарикасӣ гузаштаанд. Акнун модарону занони тоҷик маҷбуранд, то замони баргаштани падарону шавҳаронашон мувозиби таҳсили кӯдакони худ бошанд ва маблағи заруриро ба мактабҳо супоранд, вагарна ба суд кашида хоҳанд шуд ва ҷаримаи дучанд хоҳанд супорид. Яъне, чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон, дар шароите, ки ҷои кори дуруст нест ва зиндагӣ рӯз то рӯз душвортар шуда истодааст, аз нерӯи кории арзони зан сӯиистифода мешавад. Занҳо ба кор ниҳоят эҳтиёҷ доранд ва маҷбуранд ба шарту шароити кордиҳанда розӣ шаванд, вагарна бегоҳӣ бо дасти холӣ баргаштан ба хона ва дидани он ки фарзандонашон даст ба нондон бурда, онро холӣ дармеёбад ё сарпӯши дегро кушода дохили он ҳеч хӯроке намебинанд, барои модарон хеле сахт аст.  

Сабоҳат Раҳимзода, роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» мегӯяд, бо вуҷуди он ки қонунгузорӣ ҳимояи ҳуқуқу манфиати занҳоро кафолат медиҳад, аммо таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки бонувонро дар бештари маврид бо истифода аз камсаводӣ ё ноогоҳии онҳо ҳам кордеҳон фиреб медиҳанду ҳам иҷорадиҳандагон. Аз ҳама бадтараш он ки кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳукуқ низ чунин муносибат мекунанд. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, занҳоро дар кори саҳро истифода мекунанд ва маоши ночиз медиҳанд ё иҷорадиҳандагон гоҳо бе ягон огоҳӣ иҷораро аз дасти бонувони соҳибкор кашида мегиранд ва онҳоро меронанду ҷойро ба нафари дигаре, ки иҷорапулии зиёдтар медиҳад, месупоранд.

Вале пурсиши дигаре дар ҳамин ҳол матраҳ мегардад, ки ин танҳо занони тоҷиканд, ки дар ҳама бахш, ҳам ба корҳои сиёҳ ва ҳам дилхушкунии мардҳову меҳмонони хориҷӣ саҳм доранд ё аз чунин нерӯи корӣ дар дигар кишварҳо низ васеъ истифода мешавад? Яъне, дар кадом давлати дунё духтарон дар фурӯдгоҳҳо ва назди сарҳаду гумрук бо намоиши ҳусну ҷамоли худ ба дилхушкунии меҳмонон машғуланд? Оё ин сӯиистифода аз нерӯи кории онҳо нест?

Барои ҷалби сайёҳон нимурён кардани занҳо шарт нест

Таҳлилгари тоҷик Ислом Раҳимов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои дунё ҳангоми ба кор даъват кардани занҳо аслан ба зебоиву ҳусну ҷамоли зан аҳамияти аввалиндараҷа дода намешавад, балки ақлу заковат ва дониши зан дар мақоми аввал аст. Вай мегӯяд, як ҳамкораш аз Амрико омадаву нақл кардааст, ки дар Кохи Сафед як зани кӯҳансоле ба ҳайси котиба кор мекунад, ки кори худро хуб анҷом медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон дар бештари маврид баръакси ҳол дида мешавад. Вай мегӯяд, агар ҷавондухтарони ё занони соҳибақлу ботамизи тоҷик дар фурӯдгоҳҳо ба ҷои мардони дурушмуомила кору фаъолият кунанд беҳтар аст, аммо набояд онҳоро ба хотири ҷалби меҳмонҳо ё муштариён истифода кард. Яъне, бигзор занон соҳиби кори хуб ва маоши хуб бошанд, вале на бар ивази он ки онҳо ба хотири ҷалби меҳмонони хориҷӣ тани худро нимурён кунанд ё либосҳои тангу шаҳватбарангезро ба бар карда, таваҷҷӯҳи ҳамаро ба худ ҷалб намоянд. Занҳо бояд симои миллии тоҷикиву шарқии худро ҳифз кунанд, афзуд ӯ.

Аз сӯи дигар ба андешаи баъзе соҳибназарон усули даъвати ҷавондухтарони зебо ба назди сарҳаду фурӯдгоҳҳо  ягона роҳи ҷалби сайёҳони хориҷӣ нест. Омилҳое ҳаст, ки аз ин беҳтару бештар ба рушди туризм мусоидат мекунад. Таҳлилгари тоҷик Бахтиёр Назаров ба ин бовар аст, ки таваҷҷӯҳи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба Эрон яқинан на ба хотири дидани занҳои фаранҷипӯши эронӣ аст, балки шароити хуби иқтисодиву рушди тамоми бахшҳо, аз ҷумла хизматрасонии сатҳи олӣ онҳоро ба ин кишвари исломӣ ҷалб мекунад.

Тоҷикистон кай кишвари туризм мешавад?

Ба андешаи ҷаноби бахтиёр Назаров дар фурӯдгоҳҳои Эрон низ занҳо фаъолият мекунанд, вале на ба хотири ҷалб кардани муштариёни хориҷӣ, балки аз рӯи кордониву муомила ва хизматрасонии хуб онҳоро ба кор даъват кардаанд ва занҳои эронӣ симои исломиву шарқии худро ҳифз кардаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон новобаста аз он ки дар фурӯдгоҳҳо мардҳо кор мекунанд ё занҳо, сайёҳӣ рушд мекунад ва ин ба омилҳои дохилии кишвар вобаста аст. Агар шароити хуб фароҳам бошад сайёҳон бе ягон чораи иловагии дигар худашон меоянд. Аммо ӯ мегӯяд, ки кор кардани занҳо дар фурӯдгоҳҳо нисбат ба он мардҳое, к ибо одам мисли одам муносибат намекунанд, беҳтар аст, фақат бо роҳи хизматрасонии хуб ва риояи меъёрҳои суннатӣ ва шарқии аз ҷониби бонувон.

Вале як ҷавони тоҷик бо исми Наврӯз Давлатов бар ин назар аст, ки ба кор даъват кардани ҷавондухтарон дар фурӯдгоҳҳо ягон мушкилие надорад ва ин таҷриба дар баъзе кишварҳои ҷаҳони мутамаддин мушоҳида мешавад ва агар маҷбурӣ набошад, ҳар инсон дар куҷое хоҳиши кор кардан дошта бошад, бигзор кор кунад.
Гуфта мешавад, ки теъдоди сайёҳоне, ки солона Тоҷикистонро гардиш мекунанд, рӯ ба афзоиш аст. Ба андешаи Сиёвуш Бобохонов, масъули бахши рушди ҷаҳонгардии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2011 ба Тоҷикистон 255 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст. Аммо аз ин танҳо 183 ҳазораш бо ҳадафи ҷаҳонгардӣ омада будаанд. Ба қавли ӯ теъдоди ҷаҳонгардоне, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, дар солҳои ахир пайваста афзоиш меёбад ва соли 2011 дар муқоиса бо соли қаблӣ 20 ҳазор ҷаҳонгард бештар вориди кишвар шудааст.

Бо он ки ҳанӯз ҷавондухтарони тоҷик ба фурӯдгоҳҳо ба кор гирифта нашудаанд, Тоҷикистон аз рӯи назарсанҷии маҷаллаи ҷаҳонгардии «Вондерлост»-и Британияи Кабир дар миёни панҷ кишвари нахустин дар феҳристи «Беҳтарин кишварҳои навзуҳур» чаҳорумин кишвари ҷаззоб дар арсаи сайёҳӣ дониста шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки бидуни чунин барномарезиҳои даъвати ҷавондухтарон барои  ҷалби меҳмонони хориҷӣ сайёҳиро рушд додан имкон дорад. Ё нодуруст мегӯям?

Исфандиёр Халилӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!