Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Вақте ки гулфурӯшон аз пулшуморӣ хаста мешаванд…

25 май 2012, 06:14

Имрӯзҳо табассум аз лабони савдогарони гул дур намешавад. Онҳо гӯйё тӯй доранд. Агар рӯзҳои муқарарӣ бо садои баланд ҳар роҳгузарро барои харидани гул ташвиқ кунанд, пас имрӯз онҳоро зораву тавалло мекунанд, ки аққалан чанд сомоние арзонтар фурӯшад.

25-уми май дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон занги камолотро таҷлил мекунанд. Чун анъана волидон, пайвандон ва дӯстон бо гулу гулдастаҳо ба табрики хатмкунандаҳо меоянд. Анна, дар ҳамин рӯз бозори гулфурӯшон бештар аз ҳар вақти дигар «гарм» мешавад.  

Душанбе маконҳои гулфурӯшии зиёде дорад. Аммо ба қавли сокинон маъруфтирини онҳо гузаргоҳи зеризаминии назди Фурӯшгоҳи марказӣ ё «ЦУМ» маҳсуб мешавад. Воқеан, вақте аз ин гузаргоҳ мегузаштем ба қавле ҷои сузанпартоӣ набуд. Одамони зиёде саргарми савдо бо фурӯшандаҳо буданд. Бархе аз харидорон эътироз мекарданд, ки давоми 3-4 рӯзи ахир арзиши гулдастаҳо якбора 15-20 сомонӣ гарон шудааст.

Аз чанд гулфурӯш сабаби якбора ба ин ҳад боло рафтани қиммати гулҳоро пурсидам. Як савдогар, ки нахост номаш бурда шавад гуфт: «Ҳамеша дар рӯзҳои ид нархҳо баланд мешавад. Чанд рӯз пеш аз занги охир ҳам гулҳо қимматар мешаванд. Талаботи мардум зиёд, ки ҳаст мо онро бон архи баландтар мефурӯшем. Дар рӯзҳои маъмулӣ харидорон кам ҳастанд ва мо аз ҳисоби идҳову ҷашнҳо онро ҷуброн мекунем».

Парвиз Абдуалиев, хатмкунандаи мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии №67-и ноҳияи Синои пойтахт ва дусти ӯ Суҳайлӣ Усмонов, хатмкунандаи мактаби ҳамагонии №32-и пойтахт бо гулдастаҳо аз зинаҳои гузаргоҳи зеризаминии «ЦУМ» боло мешуданд. Онҳо гуфтанд, ки барои табрики муаллимаҳояшон гул харидорӣ кардаанд. «Мехоҳем барои онҳо як сюрприз намоем»,-афзуд Парвиз. Номбурда гуфт, ки ду рӯз қабл барои муайян кардани нархи дастагулҳо аз ҳамин макони гулфурӯшӣ дидан кардаанд: «Ҳамин гулдастае, ки ҳоло дар дасти ман аст 50 сомонӣ арзиш дошт, ҳатто фурӯшанда гуфт, ки агар бигиред арзонтар медиҳам. Аммо ду рӯз нигоҳдорӣ кардани гул кори осон нест, то занги охир пажмурда мешуд. Имрӯз омадам, ки нархи он 70 сомонӣ шудааст».  

Суҳайлӣ Усмонов ҳам дар тақвияти суханҳои рафиқаш гуфт воқеан арзиши гулҳо хеле гаронанд: «Ман бори аввал аст, гул харидорӣ мекунам. Вале аз гуфтаҳои дӯстам хулоса кардам, ки гулфурӯшҳо дар ин хел рӯзҳо аз фурсати муносиб хуб истифода мебурдаанд».

Аммо натанҳо гулфурӯшон аз фурсатҳои муносиб истифода намуда арзиши онро боло мебардоранд. Мардуми тоҷик аллакай одат кардааст, ки дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо молу маҳсулоти мавриди ниёзашон гарон мешавад. Масалан, як ҳафта қабл аз идҳои Рамазону Қурбон дар бозору фурӯшгоҳҳо нархномаҳои нав пайдо мешавад. Ин ҳолат барои ҳама айён аст, вале чунин ба назар мерасад, ки масъулин аз он хабаре надоранд. Ё нодуруст?

Ибодуллоҳи Тоир

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!