Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:55

Лизинг: Тоҷикистон аз Қазоқистон қафо мондааст

28 май 2012, 09:16

Дар Тоҷикистон соли ҷорӣ мавзӯи аз андозу пардохти гумрукӣ озод кардани воридоти технологияву таҷҳизот ҷиддӣ пайгирӣ мешавад, дар сурате, ки Қазоқистон ҳанӯз соли 2004-ум ширкатҳои лизингиро аз тамоми пардохтҳо озод карда буд.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон мӯҳлати қарзҳо барои лизинг ё ба истилоҳ ворид кардану иҷораи технологияи нав аз 3 то 5 сол пешбинӣ шудааст, аммо дар воқеият камтар аз се сол дода мешавад. Дар ҳамин ҳол қарзҳое, ки дар Қазоқистон барои иҷораи технология ҷудо мешавад на камтар аз 3 сол пешбинӣ мешавад ва ба соҳибкори қарздор имтиёз дода шудааст, ки дар ин муддат аз баргардонидани қарз ва фоизи он озод бошад. Пас аз се сол метавонад ба баргардонидани қарз шуруъ кунад. Дар Қазоқистон дастгирии давлатӣ дар бахши лизинг бештар аст, аммо то он даме, ки имтиёзҳои андозӣ таъин нагаштанд, вазъ дар ин самт бӯҳронӣ будааст. Дар соли 2004 баъди бекор кардани андозҳо вазъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар Узбакистон ҳам афзоиши амалиётҳои лизингӣ ба назар мерасад ва андоз аз арзиши иловашуда барҳам дода шудааст.  Дар Қирғизистон меъёри андоз аз арзиши иловашуда 12 дар сад аст ва дар Тоҷикистон 18 фоизро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон пурра озод кардан аз андозҳо охири соли 2011 баррасӣ шуд ва ба тозагӣ дастгирии давлатӣ оғоз шудааст.

Танҳо ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз андозҳо озод буданд ва тавонистанд дар мудддати кӯтоҳ технологияҳои навро соҳиб шаванд ва имрӯз рушди онҳо назаррас аст. Аммо дар дигар соҳаҳо вазъ беҳбуд наёфтааст. Ба маълумоти Санҷар Каримов, роҳбари ширкати лизингии «Лизингфайненс» қарзҳои лизингӣ дар Тоҷикистон аз 20 то 25 дар сад аст. Аммо ин нишондод дар Қазоқистон аз 15 то 20 фоизро ташкил медиҳад. Ба андешаи коршиносон имтиёзҳои андозӣ боис гашта, ки дар Қазоқистон ҳам воридшавии технологияву таҷҳизоти нав зиёд гардад ва ҳам дар байни ширкатҳои лизингӣ рақобат ба вуҷуд омада, фоизи қарзҳо коҳиш ёбад. Ба андешаи номбурда дар Узбакистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкатҳои лизингӣ чанд соли пеш аз андоз аз арзиши иловашуда озод шуда буданд ва агар ҳар кишваре мехоҳад ба технологияи муосир дастрасӣ дошта бошад, пеш гирифтани ин роҳ як амри ногузир аст.

Дар Тоҷикистон танҳо соли 2006 ширкатҳои лизингӣ таъсис ёфтаанд ва ҳоло фаъолияти лизингӣ ба кундӣ пеш меравад. Дар давоми фаъолият аз 10 ширкати лизингӣ танҳо 6 корхона тавонистаанд дар ин бозор бақо ёбанд. Ахиран, президенти кишвар низ дар паёми худ эълом дошт, ки воридоти технологияву таҷҳизот аз тамоми андоз ва пардохтҳо озод карда шавад. Зеро муқаррар кадани андоз аз арзиши иловашуда боис мегардад, то нархи таҷҳизоти воридмешуда гаронтар шавад. Ин навъи андоз ба хотири пур ғанӣ кардани буҷети давлатӣ аст, аммо агар технология бо сабаби андози сангин ворид нашавад чи? Яъне, агар таҷҳизот ворид мешуд, ҳам аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулот ва ҳам аз ҳисоби фурӯши он андоз ҷамъ овардан имкон дошт. Агар ба умеди он нишинем, ки аз технологияи воридшуда андоз меситонем ва соҳибкорон аз ҳисоби гарон будани нарх аз овардани технология даст кашанд, пас на ба ин ҳадаф мерасему на ба он. Яъне, на технология ворид мегардаду андоз пардохт мешавад ва на истеҳсолот рушд мекунад.

Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон ба ин ақида аст, ки андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми ворид кардани таҷҳизот ба афзоиши тақрибан 20 дар сад (18%)-и он боис мешавад ва ҳамчунин бо сабабҳои хароҷоти роҳу пардохтҳои дигар арзиши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонае, ки бо технологияи нав фаъолият мекунад, ба маротиб боло рафта, дар бозор рақобат карда наметавонад. Аз ҳамин хотир, муддатҳои тӯлонӣ андоз аз арзиши иловашудаву боҷи гумрукӣ монеаи аслӣ барои ворид шудани технологияҳои муосир ба Тоҷикистон шуданд.
Ба бовари иддае аз коршиносон фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва андози гарон боис шуда, ки соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таҷҳизоти гаронқимат дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Фарҳод Акбаров, муовини раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии хурд бар ин назар аст, ки ҳарчанд фоизи қарзҳо дар соҳаи кишоварзӣ нисбат ба дигар бахшҳо пасттар аст, вале нақши лизинг дар пешравии кишоварзӣ ночиз аст. Зеро барои рушди лизинг муддати зиёд ҳавасмандкунии андозӣ вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи Зарина Одинаева, намояндаи ширкати молии байналмиллалӣ соли 2002-юм ин созмон дар Осиёи Марказӣ лоиҳаеро дар бахши лизинг роҳандозӣ кард ва аз ислоҳоти қонунӣ оғоз намуд. Ӯ мегӯяд, қонуни лизинг дар Тоҷикистон хуб ва хеле озод ҳам ҳаст, аммо танҳо бо як қонун масъала роҳҳал пайдо нахоҳад кард. Барои оғози кор сармояи зиёд даркор аст ва қарзҳои дарозмуддат талаб мекунад. Яъне, агар имрӯз қарз гиранд, баъди шаш моҳ баргардонида намешавад, камаш се сол вақт даркор аст. Дар Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳо нархи маҳсулоти ширкатҳои лизингӣ боло рафтааст ва дар натиҷа таъсири бӯҳрони молӣ ба шиддат эҳсос шуд. Ҳарчанд дар қонун пешбинӣ шудааст, ки барои ворид кардани якчанд технология андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ситонида намешавад, аммо дар асл ширкатҳо аз ин имтиёзҳо на ҳама вақт истифода карда метавонанд. Агар соҳибкор қарз гираду технология ворид кунад, аз андоз озод аст, агар супориш диҳаду ба ӯ таҷҳизотро оварда расонанд, андоз месупорад. Яъне, нофаҳмиҳое дар қонун ҷой дорад, ки бояд он мушаххас карда шавад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки феълан корхонаҳои Тоҷикистон аз сабаби надоштани имконият бо таҷҳизот ва технологияҳои кӯҳна фаъолият мекунанд. Ба андешаи Абдулло Муҳаммадиев, муовини директори корхонаи «Нафиса» технологияҳоро бояд ҳар 5 сол таҷдид кард, аммо аз сабаби набудани сармоя 20 сол боз бо технологияи кӯҳна кор мекунанд. Барои иваз кардан маблағи ҳангуфт лозим аст ва дар ин самт бидуни дастгирии давлат кор пеш намеравад. Аз бонкҳои Тоҷикистон қарз гирифтан ва баргардонидани он бо 25 ё 36% фоизи солона ғайриимкон аст. Дар сурате, ки даромаднокии корхонаҳо на бештар аз 15 дарсадро ташкил медиҳад, чӣ гуна метавон қарзро бо чунин фоизи боло баргардонд? Дар Русия аз 7 то 11 ва баландаш то 15 фоиз қарз дода мешавад, ки бо чунин шароит қарз гирифтан мумкин аст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ асосан корхонаҳои калон ва миёна тариқи лизинг технология мегиранд. Аммо дар шароити Тоҷикистон гирифтани таҷҳизот барои тиҷорати хурду миёна қулайтар аст. Аз ҷумла, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ гирифтани тракторҳо тариқи лизинг осонтар аст, нисбат ба таври нақдӣ харидан. Аммо ба андешаи таҳлилгари иқтисодӣ Дилшоди Абдуҷалил системаи имрӯза барои лизинггиранда гаронӣ мекунад. Зеро корхонаҳои хурд ба технология ниёз доранд ва сармояашон ниҳоят кам аст. Аз сӯи дигар он корхонаҳое, ки то имрӯз ба қадри ҳол тавонистаанд таҷҳизот харанд, аз ҳисоби андозҳои гарон арзиши аслии молу маҳсулоташон боло меравад ва рақобатнопазир мегардад. Ба бовари ин таҳлилгар дар он кишваре, ки пардохтҳои гумрукӣ аз 25 то 30 дар сад мерасад, дар он ҷо амалан иқтисод вуҷуд дошта наметавонад. Аммо дар Тоҷикистон ин нишондод ба 40 дар сад баробар аст. Аз ин хотир буҷетро набояд аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ғанӣ кард, балки аз ҳисоби истеҳсолот пур намуд. То замоне, ки чунин шароит фароҳам нашавад, ки буҷетро аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулот метавон пур кард, пас дар бораи рушди иқтисоди кишвар ҳарф задан воқеият надорад.

Исфандиёр Халилӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!