Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 17:00

Асрори гум шудани барқ

2 июн 2012, 07:46

Барои дар зимистон аз маҳдудияти барқ баромадан 4 миллиард киловат соат нерӯи барқ кофӣ аст. Ин нуктаро президент дар паёми худ ба парламент иброз дошт ва афзуд, ки агар аз рӯи меъёри охирҳои соли 80-уми замони шӯравӣ ба аҳолӣ барқ дода шавад, барқи истеҳсолшуда талаботи умумии кишварро пурра қонеъ карда метавонад. Вале ба гуфтаи раисиҷумҳур имрӯз аҳолии Тоҷикистон зиёд шудааст ва талаботи аҳолӣ ду баробар афзудааст. ӯ аз ҷумла чунин оморро зикр кард, ки дар соли 1989 аҳолии мамлакат 5,1 миллион нафар буд ва соли 2011 ба 7,6 миллион расидааст. Дар нисбати соли 1989 аҳолӣ қариб 3 миллион зиёд шудааст ва истифодаи қувваи барқ ҳам афзудааст. Талаботи аҳолӣ соли 1989 ба 2,2 миллиард квт соат нерӯи барқ мерасид. Ҳоло талаботи аҳолӣ ба 6 миллиард киловат соат мерасад. Агар мувофиқи реҷаи замони шӯравӣ кор мекардем, имрӯз Тоҷикистон пурра худро бо барқ таъмин мекард. Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон чунин мешуморанд, ки феълан талаботи умумии барқ то ҳол ба замони шӯравӣ баробар нашудааст. Ҳарчанд, ки аҳолии Тоҷикистон зиёд шудааст, вале соли 1996 аҳолӣ ҳудуди 6 миллион буду боз ҳам аз норасоии барқ танқисӣ мекашид. Дар ҳоле, ки то соли 1996 тамоми қаламрави кишвар бо барқ таъмин буд.

Тоҷикистон кишвари захираҳои нерӯи барқу гирифтори бӯҳрони энержӣ

Аҳолӣ зиёд шуду корхонаҳо кам

Дар мавриди истифодаи барқ аз ҷониби корхонаҳо президент гуфт, ки то соли 1989 ҳамагӣ муштариёни маишии қувваи барқ 800 ҳазор буданд, ҳоло 1 млн. 400 ҳазоранд. Ба ғайр аз он беш аз 15 ҳазор корхонаҳо бунёд гардидаанд. Соли 1989 дар ҷумҳурӣ 15, 2 миллиард квт соат қувваи барқ истеҳсол шуда буд. Соли 2011 ин нишондод ба 19, 5 миллиард квт соат расидааст. Вай аз ҷумла гуфт: "Барои аҳолӣ дар фасли зимистон 3,5-4 миллиард квт соат барқ даркор аст. Соли 2010 мо 7,5 миллиард квт соат қувваи барқро партофтем. Тобистон барқи мо зиёдатист, танҳо бозори фурӯш надорем. Соли гузашта аз ҳама соли камобӣ буд, лекин 3,5 миллиард квт соат  қувваи барқи зиёдатиро партофтем. Барои ҳамин ҳам мо КАСА 1000-ро кӯшиши сохтан дорем, ки ин барқи изофиро ба бародарони афғон ва покистонӣ дода тавонем. Барои дар зимистон бебарқ намондан ба иқтидори 1800 мегават нерӯгоҳҳо бунёд карданамон зарур аст. Имсол 8 миллиард квт соат қувваи барқи зиёдатӣ истеҳсол мешавад. Агар обанбор бошад дар зимистон 4 миллиардаш барои мо басанда аст. Агар 8 млрд. квт соат барқро 4 сентӣ фурӯшем, 320 000 000 мешавад".

Гуфта мешавад, ки адами обанбор ва набудани имкони захираи барқи дар тобистон истеҳсолшуда боис мегардад то он беҳуда талаф ёбад. Ба бовари президент агар ин барқ талаф наёбад, мардум пурра бо барқ таъмин мешаванд. Вале иддае аз коршиносон чунин мешуморанд, ки бидуни ҳисоби барқи зиёдатии дар тобистон истеҳсолшуда ҳам мардумро бо барқ таъмин кардан мумкин аст. Зеро талаботи умумии Тоҷикистон ба нерӯи барқ ҳоло ба замони шӯравӣ баробар нашудааст. Бо вуҷуди он ки талаботи аҳолӣ дар он вақт нисбати имрӯз камтар буд, аммо имрӯз истеҳсолоти саноатӣ дар қиёс ба он давра тақрибан 90 дар сад кам шудааст. Замони шӯравӣ на "Сангтӯда 1" буду на "Сангтӯда 2" ва на нерӯгоҳҳои хурд ва то соли 1996 барқ дар саросари ҷумҳурӣ мерасид. Афзоиши аҳолиро мегӯему чаро дар бораи хароҷоти корхонаҳои саноатӣ ҳарф намезанем. Магар талаботи корхонаҳои феълӣ ба талаботи корхонаҳои зиёд ва бузурги саноатии засони шӯравӣ баробар шуда метавонад? Аҳолӣ имрӯз агарчӣ зиёд шуда бошад ҳам масрафи умумӣ ба замони шӯравӣ нарасидааст.

Чӣ буду чӣ монд?

То соли 1996 аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 6 миллион буд, аммо на "Сангтуда 1" буд ва на "Сангтуда 2", боз барқ ба ҳама мерасид. Инҳо нерӯгоҳҳои хурд нестанд, пас ин ҳама барқ ба куҷо меравад? Масъулин мегӯянд, ки баъзан мушкилиҳо ҳаст. Аз сабабе, ки гази моеъ набуд дар як шаҳри Душанбе зимистони соли 2011 нисбат ба зимистони 2010 қариб 1 миллиард квт соат қувваи барқ зиёд сарф шудааст. Ба ҷуз аз асбобҳои барқӣ соли 2011 зиёда аз 300 ҳазор кондитсионер ворид гардидааст.
Дар замони шӯравӣ нерӯгоҳи обӣ барқии "Норак" бо 9 агрегат, ки ҳар яке дорои иқтидори 300 ҳазор кВт соат аст, соли 1972 бунёд шуда, то 1 январи соли 2010 ҳудуди 353,6 млрд. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки барои ҳар сол беш аз 9 млрд. кВт соат рост меояд.

"Бойғозӣ" бо иқтидори 600 ҳазор квт соат соли 1985 сохта шудааст ва то 1 январи соли 2010- ум нерӯгоҳ 54,3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол кардааст.
Силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш аз се нерӯгоҳ: Сарбанд. Шаршара ва Марказӣ иборат аст. Иқтидори умумии нерӯгоҳи Сарбанд 240 ҳазор кВт, Шаршара 29950 кВт ва нерӯгоҳи марказӣ 15100 кВт мебошад.
Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб бо иқтидори 126 ҳазор кВт соат ва нерӯгоҳи "Қайроқум" бо иқтидори 1210 квт соат кор мекунад.
Ҳарчанд истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби маркази барқу гамидиҳӣ зиёд буд ва ҳоло МБГ-и Душанбе бо иқтидори пурра кор намекунад ва МБГ-и Ёвон аз фаъолият мондааст, аммо имрӯз МБГ-ҳо то 2 млн. 200 ҳазор кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.
Ҳамчунин дар замони шӯравӣ газ барои истифодаи корхонахо пурра ворид мегардид. Дар баробари ин ба хориҷи кишвар ҳудуди 4 млрд. кВт соат барқ содирот мешуд ва тақрибан 2 миллиард аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ворид мешуд.

Дар замони истиқлол ҳамаи ин нерӯгоҳҳои номбаршуда фаъолият мекунанд ва дар баробари он нерӯгоҳҳои зиёде сохта ба истифода дода шудааст. Агар иқтидорҳои нерӯгоҳҳои нав бунёдгардида ва чорабиниҳои сарфаҷӯии барқ ба ҳисоб гирифта шавад, ин ҳам барқи андак нест. "Сангтӯда 1" дар замони истиқлол сохта ба истифода дода шуд ва иқтидори он 670 ҳазор кВт дар як соат аст. Бунёди "Сангтӯда 2" низ имсол ба охир мерасад ва иқтидори солонаи он ба 1 млрд. кВт соат мерасад.
Бар замми ин аз рӯи ҳисобот ҳудуди 1 млрд кВт соат барқ дар натиҷаи гузаштан ба фурӯзонакҳои каммасраф сарфа шудааст. Инчунин 258 нерӯгоҳҳои хурд сохта шудааст, ки солона дар ҳаҷми 185 млн. кВт соат барқ истеҳсол мекунанд. Гузашта аз ин дар ҳоли ҳозир дар дохили Тоҷикистон ҳам дар ҳаҷми андак газ истихроҷ мегардад. Ҳамчунин 270 корхонаи саноатии вилояти Суғд, ки аз рӯи омор 40 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро истеҳсол мекунанд, пурра ба истифодаи ангишт гузаштаанд.

Тибқи маълумот соли гузашта ширкати "Талко" истифодаи нерӯи барқро 40 % кам кардааст. Яъне агар пештар 7 млрд. кВт барқ истифода мекард, ҳоло ба 4 млрд. пойин омадааст. Аз ин ҳисоб тақрибан 3 млрд. кВт соат барқ сарфа шудааст ва ин барқ куҷо шуд? Инчунин корхонаҳои саноатии калон, ки дар замони шӯравӣ дар қаламрави кишвар фаъолият доштанд, аксараш аз кор мондаву ҷои он дигар биноҳо бунёд гаштааст ва он корхонаҳои боқимондаи саноатӣ ҳам бо иқтидори кам фаъолият пеш мебаранд. Масалан, корхонаи пойафзолбарории № 1 дар Душанбе пурра барҳам хурда, ба ҷои он меҳмонхонаи "Серена" бунёд гаштааст. Корхонаи "Текстил" замони шӯравӣ беш аз 17 ҳазор коргар дошт, имрӯз ба ҳазор ҳам намерасад. Корхонаи алюминийи тоҷик дар замони шӯравӣ иқтидори истеҳсолии 500 ҳазор тонро дар як сол дошт, ки баъди истиқлол то 300 ҳазор пойин омад ва ҳоло ба 400 ҳазор тон мерасад. Яъне, аз ҳисоби аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ ва паст шудани иқтидори истеҳсолии онҳо талабот ба нерӯи барқ низ кам шуд. Аз сӯи дигар содироти барқ, ки замони шӯравӣ қариб ба 5 миллиард расида буд, имрӯз ба 600 млн. кВт соат пойин омадааст. Имрӯз талаботи аҳолӣ ба 6 млрд. кВт расидааст, аммо талаботи корхонаҳо кам шудааст ку! Пас бо ин ҳама бунёди нерӯгоҳҳо ва сарфаҷӯии изофӣ чаро барқ ҳанӯз ҳам намерасад?

Омор то андозае нодуруст аст

Дар ҳамин ҳол дар мавриди он ки чаро замони шӯравӣ бо вуҷуди корхонаҳои зиёд фаъолият доштан нерӯи барқ мерасиду имрӯз намерасад, сардори шӯъбаи сарфаҷӯӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергияи ширкати "Барқи тоҷик" Ҷӯра Бобоев чунин гуфт, ки иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳо аз сабаби кӯҳна шудани чархҳову таҷҳизоташ кам шуда истодааст ва аз ҷониби дигар афзоиши аҳолӣ ва корхонаҳои хурду миёна ба назар мерасад, ки сабаби масрафи барқи бештар мегардад. Мӯҳлати нерӯгоҳҳо 20-25 сол аст, аммо баъзе нерӯгоҳҳои мо то 30-35 сол бидуни иваз кардани чарху таҷҳизоташ кор мекунад. Иваз кардани як дарвозаи оббанди обанбор 4 миллион доллар арзиш дорад.

Яке аз мушкили аслиро дар вуҷуд доштани муболиға ё нодуруст ҳисоб кардани истеҳсоли барқ медонад. Зеро ба гуфтаи ӯ имрӯз бидуни ба ҳисоб гирифтани нерӯгоҳҳои хурди Помир дар ҷумҳурӣ 258 нерӯгоҳи хурд бунёд гаштааст, ки иқтидори лоиҳавии онҳо ҳудуди 20 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад. Аммо дар асл аз чор як ҳисса ё 5 ҳазор кВт соат барқ истеҳсол мекунаду бас. ӯ ба таври мисол як нерӯгоҳи хурдро дар Рашт мисол меорад, ки иқтидори лоиҳавияш 37 квт соат аст, лекин ҳамагӣ 8 квт соат барқ медиҳад. Ё аз дигар нерӯгоҳе мисол меорад, ки бо иқтидори 75 квт соат сохта шудааст, вале 30 квт соат барқ истеҳсол мекунад ё баъзеи ин нерӯгоҳҳо тамоман корношоям шудаанд. Вай мегӯяд, дар ҳисобу китоби истеҳсоли барқи ин нерӯгоҳҳо омори дуруст вуҷуд надорад. Зеро ин нерӯгоҳҳо дар ихтиёри як ниҳоди алоҳидае нестанд. Ё аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд, ё бо кӯмаки ягон кишвари хориҷӣ ва баъзеи он дар ихтиёри "Барқи тоҷик" аст, ки ин ширкат танҳо метавонад назорати нерӯгоҳҳои зертобеи худро ба ӯҳда гирад. Дар ихтиёри ширкати "Барқи тоҷик" 20 нерӯгоҳи хурд қарор доштааст, ки аз ин яке аз кор мондаву 4 нерӯгоҳи дигар дар марҳилаи бунёдшавист ва 15 нерӯгоҳи дигар фаъолият мекунад. Ба андешаи ин коршинос сабаби ин ҳама набудани як ниҳоди ягонае мебошад, ки тавонад тамоми нерӯгоҳҳоро зери назорат дошта бошад ва дар сурати аз кор баромадан таъмири онҳоро ба ӯҳда гирад. Инчунин фаъолияти нерӯгоҳҳоро санҷад ва он нерӯгоҳе, ки ба меъёр ҷавобгӯ нест, аз рӯйхат бароварда шавад ё иқтидори воқеии он сабт гардад.

Вай мегӯяд, ки онҳо камбудӣ доранд, вале ба он дараҷае, ки гӯё барқро бо роҳи дуздӣ мефурӯшанду ба фасод ғарқ шудаанд, ин хел нест. Барои муътадил таъмин кардани аҳолии кишвар дар тамоми фасли сол имконияти нерӯгоҳҳову иқтидори онҳо басанда ҳастанд, танҳо камбудӣ набудани обанбор аст. Яъне, мошин дорем ва на танҳо як адад, балки 4-5 мошин дар як ҳавлӣ, вале бензин нест, ки харему ронандагӣ кунем. Яъне, нерӯи барқ дорему обанбор надорем, ки онро захира намоем. Ҳоло 75-80- фоизи вобастагӣ ба нерӯи барқ аз нерӯгоҳи "Норак" аст. Агар ду чархи нерӯгоҳи Варзоб кор накунад, чандон эҳсос намешавад, лекин агар як агрегати "Норак" аз кор монад, дарҳол ҳис карда мешавад. Ба андешаи ин мутахассис дар шароити кунунӣ барқи иловагӣ ҳам набошад, нерӯи барқи Тоҷикистон барои аҳолӣ кофӣ аст, аммо дар зимистон захира кардани он мушкили умда ба ҳисоб меравад. Вай барои захира кардани барқи истеҳсолшуда аз обанбори "Роғун" истифода бурданро кофӣ медонад. "Барои мо "Роғун" не, обанбораш феълан зарур аст то аз бӯҳрони энергетикӣ раҳоӣ ёбем", афзуд ӯ.

Фарзона Раҳимова, намояндаи як созмони хайрхоҳ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки барои кӯмак ба аҳолӣ сармоягузорон пешниҳод кардаанд, ки нерӯи барқи алтернативӣ дастрас менамоянд, вале баъзе мансабдорон ба иддаои он ки дар муддати кӯтоҳ "Роғун" сохта мешавад ва ниёзе ба чунин нерӯи барқ намемонад, аз кӯмаки сармоягузорон даст кашидаанд. Аммо ин муддати наздик кай фаро мерасад ҳоло касе аниқу дақиқ гуфта наметавонад ва аҳолии ниёзманд то ин муддати "х"-и номаълум бояд интизор монанд.  
Як ҷавони фаъоли тоҷик Камол Қурбонов мегӯяд, буданд ҳолатҳое, ки аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хурд имкони таъмини на танҳо як деҳа, балки якчанд деҳа бо нерӯи барқ дар вилояти Хатлон ва Суғд вуҷуд дошт, вале "Барқи тоҷик" ба ихтиёри онҳо хати интиқоли барқро нагузошт. Аз як сӯ ин ширкат чӣ хеле хоҳад хати барқи дар ихтиёраш бударо метавонад истифода кунад, аз ҷониби дигар талабот ҳаст ва додани барқ ба ниёзмандон кори хайр аст, аммо баъзе мансабдорон мехоҳанд чунин кори савоб аз байн бурда шавад.     

Фурӯхтани барқ ба Афғонистон идома дорад ва баъзеҳо мегӯянд, ки барои аз даст надодани бозори минтақа ин корро анҷом медиҳанд. Вале энергияи Тоҷикистон чунон арзон аст, ки ба қавли худи масъулини тоҷик ягон давлати дунё бо мо дар ин бахш рақобат карда наметавонад. Пас агар барқ бошад, бозорро ёфтан мумкин аст. Вале дар зимистон фурӯхтани барқро чӣ гуна раво медонанд, дар ҳоле, ки мардуми тоҷик худ ба он сахт эҳтиёҷ доранд. То он замоне, ки "Роғун" сохта нашавад, ба хотири мардуми худ лоақал зимистон аз фурӯши барқ худдорӣ кардан мумкин аст ку! Чӣ хел мешавад, ки фарзандони як оила дар хона гурусна бошанду волидайн тақсим кардани як бурда нонро бо онҳо раво набинанд ва нони хонаро бароварда фурӯшанду пулашро ба кисаи худ зананд? Ин чӣ хел хонаводаест, ки дар муҳити он на меҳру муҳаббат ҳасту на раҳму шафқат? Аз ин гуна хонавода оё насли солеҳу дӯстдори оила мебарояд?

Исфандиёр Халилӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!