Бахшҳо
08 июн 2012 11:41Гузориш

«Маняк» барои роҳрӯбон ва ё истиқболи русҳо аз фашизм

Чандест гуфтугузор дар мавзӯи қатли роҳрӯбони Маскав аз ҳисоби мардумони Осиёи Марказӣ сару садоҳоро дар ин шаҳр ба бор овардааст. Қисмате ҳатто аз пайдо шудани қотили «маняк» дар ин шаҳр, ки танҳо роҳрӯбону кормандони соҳаи коммуналии сиёҳсарро қатл мекунад, ҳарф мезананд. Ин дар ҳолест, ки аллакай масъулони соҳа дар пайи чанд куштори ахиру захмӣ шудани роҳрӯбони Осиёи Марказӣ аз мутааллиқ будани ин бечораҳо ба ин сохтор инкор мекунанд. Ҳарчанд роҳрӯбони дигар аллакай чанд ҳамкори худро савори аспи оҳанини тобут ба ватан фиристодаанд, аммо мақомоти пулис низ ба даҳон об гирифта аз додани маълумот дар ин бора худдорӣ мекунад ва ҳатто «мегурезанд».

Тибқи иттилои сомонаи islamnews.ru, Валерий Бузовикин, ягона масъули пулиси Минтақаи ҷануби Маскав (қатли сил-силавии роҳрӯбон маҳз дар минтақаи мазкур ба вуқӯъ пайвастааст), ки вазифааш пешниҳоди маълумот дар ин бора аст, телефонҳои худро хомӯш кардааст. Кормандони дигари ин шӯъбаи пулис ҳам ҳамеша мегӯянд, ки Бузовикин «дар ҷои кор нест».
Хабаргузориҳо менависанд, дар пайи як ҳуҷум болои роҳрӯбон-муҳоҷирин аз Осиёи Марказӣ дар ин минтақа танҳо дар як шаб 3 нафар ҷароҳат бардошта, як каси дигар ба ҳалокат расидааст. Ҳуҷум бар сари роҳрӯбон, ки таги пои ин «бародарони калон»-и худро руфта тоза  мекунанд, субҳи барвақт сурат гирифтааст. Замоне, ки дигарон хобанду роҳрубон ба тоза кардани ифлосиҳо машғуланд. Ифлосиҳое, ки мардуми таҳҷоӣ мекунанд...

Роҳруби аввал, ки ҷароҳатҳои зиёд бардошта будааст, дар роҳ ба сӯи бемористон фавтидааст. Дар як фосилаи андак аз ин минтақа боз 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳо аз зарби корд ба бемористон интиқол шуданд. Тавре ба мо маълум гардид, ҳамаи ин 4 нафар дар як манзили иҷора мезистаанд ва дар назди ҳамон бинои иқоматашон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Вақте хостем аз роҳрӯбони дигари ин минтақа шарҳи ҳол пурсем илтимосу тавалло карданд, ки беҳтар аст дар ин мавзӯъ сӯҳбат накунанд. Маълум буд, ки зиёд дар ҳарос афтодаанд.

Дар ҳамин ҳол «Российская газета» истинодан ба сарчашмаи худ навиштааст, ки аллакай нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, дар сурати пайдо кардани қотил ва собит шудани гуноҳаш, ӯро то 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад. Бале, агар пайдо намоянд ва умуман агар хоҳиши пайдо намудан дошта бошанд...
Аммо ин нашрия иловатан навиштааст, ки ҳамла бар сари роҳрӯбон дар пайи як низои роҳрӯбон ва «шахси номаълум» сурат гирифтааст.

«Лайф нюс» бошад, гуфтааст, ки ҳамаи ҷароҳатбардоштаҳо роҳрӯбоне будаанд, ки дар ширкати «Юг сервис» кор мекардаанд. Аммо дар ин ширкат оҷилан аз ин роҳрӯбон «халос шудаанд» ва масъулин ба суоли хабаргузориҳо гуфтаанд, ки осебдидагон ба онҳо мутааллиқ нестанд ва бар сари онҳо чӣ меояд, парвое надоранд.
Дар ҳамин ҳол дар пулиси минтақа далели пайдо шудани «қотили маняк»-ро тасдиқ ва инкор накарданд ва гуфтаанд дар ин хусус танҳо Бузовкини тамоми ҳафта «нопайдо» метавонад чизе бигӯяд.

Вячеслав Бубик, сарвари идораи коммуналии минтақаи мазкур ба IslamNews гуфтааст, ин роҳрӯбон ягон алоқамандие ба корхонаи онҳо надоранд ва умуман аз ҳисоби роҳрӯбони «ӯ» касе мавриди ҳамла қарор нагирифтааст. «Дар ҳамин минтақа ӯзбакҳо манзилеро иҷора мегиранд ва аммо онҳо роҳрӯб нестанд, ҳамаи онҳо дар бозор ба савдогарӣ машғуланд. Миёни ҷароҳатбардоштагон ва кушташудагон ягон роҳрӯби мо нестанд. Мо фавран роҳрӯбони худро хабар гирифтем, онҳоро ҳисоб кардем, ҳамаашон зиндаву саломатанд ва касе дар ин бора чизе намедонад», - гуфтааст Бубилик.

Мардуми маҳалӣ бошад, бар онанд, ки борҳо ба пулис оид ба вайрон кардани тартиботи зист аз сӯи ӯзбакон шикоят кардаанд ва баъди чора наандешидани мақомот «мардум худашон чораи онҳоро диданд».
Ҷаноби Бублик, ки тамоман ноогоҳ буданашро аз ҳодиса сахт таъкид мекард, баякбор илова намудааст, ки гӯё ӯзабкҳо миёни худ муноқиша кардаанд ва дар натиҷа яке аз онҳо кушта ва 3 нафар захмӣ гардидаст. «Ягон сокини маҳаллӣ ба ин кор алоқаманд нест»,-таъкид кардааст ӯ.

Вячеслав Бублик бо эҳсосот таъкид мекард, ки роҳрӯбон феълан бе ҳеҷ ҳарос ба кор мебароянд ва вазифаи худро иҷро карда истодаанд. Ин дар ҳоле, ки бархе шаҳрвандони Русия бо як таҳаммулнопазирӣ, ҳатто тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар бораи қасосситонӣ аз мардуми омад қасам мехӯранд. Чанде пеш чеҳраи саршиноси шоубизнеси Русия Лолита Малевская зимни як барномаи «Пуст Говорят»- и Андрей Малахов ба тамоми кишвараш қасам хӯрд, то аз мардуми омади соҳаи коммуналӣ қасос хоҳад ситонд. Аммо Малевская нагуфт,ки барои кадом ҷурмашон аз мардуми омад, ки шабу рӯз кӯчаву гулгаштҳои ин кишварро аз ифлосиҳои онҳо тоза мекунанд, қасос меситонад.

Умуман чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи Русия як ҳолати инсонбадбинӣ ба миён омада истодааст ва ҳатто гуфтаҳои Владимир Путин дар хусуси он ки «агар ҳамин муҳоҷирин набошанд, Маскав дар се рӯз зери ахлот хоҳад монд» ҳам барои баъзе аз мардуми ин кишвар эҳтиромро барои мардуми омад эҷод намекунанд.
Афсӯс...

Абубакри Файзалӣ, Маскав
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)