Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Райиси дастгоҳи президенти Русия ба Тоҷикистон меояд

29 июн 2011, 05:01

Як ҳайати баландпояи ҳукумати Русия имрӯз вориди Тоҷикистон мешавад.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ дод, роҳбарии ин ҳайатро Сергей  Наришкин, райиси дастгоҳи президенти Русия ба зимма дошта, вазири дифоъи он кишвар Анатолий Сердюков низ ба ин гурӯҳ шомил аст. Интизор меравад, дар Душанбе мулоқоти меҳмонон бо Шералӣ Хайруллоев сурат бигирад. Ҳамзамон, пас аз зӯҳри имрӯз вохӯрии Наришкин ва Сердюков бо райисҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Масоили меҳварии матраҳшаванда дар нишастҳо ҳамкориҳои низомии дуҷониба ва  масъалаи омода сохтани  афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия унвон мегарданд.   
Ёдрас менамоем, сафари  Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия мебойист, тибқи нақшаи қаблӣ рӯзи 24-уми июн ба Душанбе анҷом мешуд, аммо бо бархе аз сабабҳо ин боздид ба имрӯз иттифоқ афтод.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!