Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?

25 июн 2012, 11:13

Вазири нақлиёти Қирғизистон изҳор намудааст, ки кишвараш ҷонибдори тарҳи  роҳи оҳани Эрон-Қирғизистон-Тоҷикистон-Чин набуда, барои Қирғизистон Чин-Қирғизистон-ӯзбакистон манфиатовартар аст. Вобаста ба ин "Озодагон" ин ҳафта ба коршиносон чунин суол кард:

Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?Муҳиддин КАБИРӣ, раиси ҲНИТ

Набояд дар асоси гуфтаи як ё ду вазир муносибатҳои байни ду кишвар ё ду миллатро ба тарозу баркашем. Агар вазири нақлиёти Қирғизистон гуфта бошад, ки ин лоиҳа ба нафъи ин кишвар нест, ӯ барои ибрози чунин андеша ҳақ дорад ва агар воқеан Қирғизистон дар ин лоиҳа шарик нашавад ва фикр кунад, ки барояш суд надорад, ин ягон фоҷиа нест. Тоҷикистон метавонад бо дигар кишварҳои манфиатдоре мисли Чин, Эрон ва Афғонистон ин лоиҳаро амалӣ созад. Ин ҳаққи Қирғизистон аст, ки шарик мешавад ё не. Ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон руҳафтода шавад ва худро аз ин проект берун кашад. Набояд мо дар ҳама гуфтаҳо ва мавзеъҳо сиёсатро бинем. Албатта, ман мутолиа мекунам, ки ин ҷо шояд зери таъсири баъзе ҳамсоякишварҳо бошад, аммо ман ба ин фикр чандон розӣ нестам. Билохира ҳар кишвар ҳақ дорад, мавқеи худро ҳимоя кунад. Агар Қирғизистон гузаштани роҳи оҳан тавассути Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард, хеле хуб, агар ҳамкорӣ накард, ягон фоҷеа ҳам нест. Муҳим ин аст, ки дигар шарикони пурқуввати мо мисли Чин ва Эрон ба ин проект розӣ ҳастанд. Агар Чин ва Эрон розӣ нашаванд, он вақт метавон гуфт, ки ин лоиҳа дигар амалӣ нахоҳад шуд.

Олим БОБОЕВ, собиқ вазири нақлиёт
Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?

Лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Эрон дар сатҳи олии кишварҳо мувофиқа шудааст ва ба манфиати кишварҳои зикршуда аст. Барои интиқоли молу маҳсулоти кишварҳо ба бандарҳои обӣ мусоидат мекунад ва аз ҳама роҳи кӯтоҳтарин аст. Бинобар ин ин ба манфиати ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистону дигар кишварҳои фарогирандаи лоиҳа аст. Ман намедонам, аз куҷо ин хел иттилоъ пайдо шуд, лекин ин барнома дар сатҳи олӣ мувофиқа шудааст ва суди он дақиқ ҳисобу китоб карда шудааст. Қисми ҷануби Қирѓизистон бо қисмати шимоли он бевосита бо роҳи оҳан пайваст нестанд ва барои онҳо ин лоиҳа як роҳи ҳаётан муҳим аст. Ҷойгиршавии саноат дар ҷануби Қирғизистон бисёр аст ва ҳамкориҳои онҳо бо Хитой ва оянда бо Эрон ва Афғонистон шурӯъ мешавад ва ин роҳ бисёр зарур аст. Ҳар қадар баромад ба ҷаҳон аз як кишвар зиёд бошад, он кишвар нисбатан диққатҷалбкунанда барои соҳибкориву ҷалби сармояи хориҷӣ мегардад. Ин роҳ ба манфиати Қирғизистон ҳам ҳаст. Қирғизистон узви Созмони умумиҷаҳонии савдо аст ва дар бахши тиҷорат аз рӯи қоидаҳои ҳамин ташкилоти байналмилалӣ амал мекунад ва бо ин далел ранги сиёсӣ гирифтани масъала имкон надорад. Аз сӯи дигар ин як роҳи тарнзитӣ аст, ки Қирғизистон аз ин ҳисоб ҳам даромади зиёд ба даст меорад. Тақрибан аз 196 километри ин кишвар роҳи оҳан мегузарад, ки ин даромади соф аст.


Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?Раҳматулло ВАЛИЕВ, сиёсатшинос

Ҳар як давлат манфиати худро дорад. Он лоиҳаи роҳи оҳане, ки бояд аз Чин тавассути Қирғизистон ба Тоҷикистон ва Эрон гузарад, албатта дар ин ҷо Қирғизистон манфиатҳои худро ҳимоя мекунад. Вале як чизи дигар ҳам ҳаст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишвари форсизабон аст, ки дар миёни кишварҳои туркзабон қарор гирифтааст. Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ӯзбакистон туркзабонанд, танҳо Тоҷикистон форсзабон аст. Агарчанде  Қирғизистон беѓараз ҳам бошад, лекин аз манфиати худ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунад. Масъалаи дигар ин аст, ки мо хоҳем нахоҳем, бояд Тоҷикистон бо ӯзбакистон, сарфи назар аз он ки Ислом Каримов ё Эмомалӣ Раҳмон ҳаст ё не, рафтуомад дошта бошад. Роҳи оҳан тариқи ӯзбакистон осонтар ва арзонтар аст ва борҳои интиқолёфта барои мардуми тоҷик гарон намеафтад ва аз ин рӯ иртиботро бо ӯзбакистон барқарор кардан ба манфиати кор аст. Новобаста аз он ки Қирѓизистон бо мо чӣ хел муносибат дорад, албатта манфиатҳои худро пеш мегузорад.

Усмони СОЛЕҲ, мудири бахши таҳлил ва иттилооти ҲХДТ

Мумкин вазири нақлиёти Қирғизистон дар мавриди бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон ва Эрон фикри шахсии худро гуфта бошад, аммо ин масъала дар сатҳи баландтаре матраҳ шуда истодааст. Фикр намекунам, ки ин ба нақшаи пешниҳодшуда ягон таъсире расонида бошад. Варианте, ки Чин мехоҳад роҳандозӣ кунад, ба фикрам ҳамон қабул мешаваду сохтмони роҳи оҳан оѓоз мегардад. Чунин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ӯзбакистон ягон таъсире расонад. Зеро дар самтҳои гуногун ба муқобили Тоҷикистон баъзе тадбирҳоро амалӣ карда  истодааст. Аммо манфиатҳои мову Қирғизистон дар нисбати ӯзбакистон бештар монандӣ дорад. Ҳар мушкилоте, ки мо дорем, Қирғизистон ҳам дорад. Аз ҷумла дар масъалаи бунёди истгоҳҳои барқӣ-обӣ манфиатҳои муштарак дорем.  

Исмоил ТАЛБАК, вакили парлумон
Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?

Ҳар як кишваре, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти коммуникатсионӣ ва масоили иқтисодӣ кӯшиш мекунад то дар ингуна тарҳҳои бисёр азим иштирок намояд. Ин назари яке аз мансабдорони Қирғизистон, ки ангор ин тарҳ барои Қирғизистон аз манфиати иқтисодӣ холист, асоси воқеӣ надорад. Чун аз лиҳози иқтисодӣ барои ҳар кишваре, ки аз роҳи ҳавоӣ, оҳанӣ ва ё автомобилгард мегузарад, таъсири мусбии худро мерасонад ва дар ҳар сурат аз ҳар кишваре, ки роҳи оҳан мегузарад, онро ба ҷаҳон пайваст менамояд. Ин тарҳ барои Чину Қирғизистону Тоҷикистон манфиати иқтисодӣ дорад. кашидани хатти роҳи оҳан тиҷорати колоро афзоиш дода ҷойҳои кориро фароҳам меоварад ва масоили иқтисодиву тиҷоратиро байни ин кишварҳо метезонад. Сарфи назар аз ин ки ин ё он мансабдор дар ин бора ихтилофи назар дорад, аммо ҳаёти имрӯз моро водор месозад то бо ҳамдигар бештар муносибатҳои интиқолии бору коло дошта бошем. Вагарна дар ѓайри ин сурат мо аз тараққиёти ҷаҳони муосир ақиб мемонем ва вобастаи дигар кишварҳо мегардем. Новобаста аз ин ки ин масъул ин изҳоротро гуфтааст, ҳалли ин мавзуъ ба роҳбарияти сиёсии кишвар вобастагӣ дорад. Роҳбарияти Қирғизистон барои ҳалли ин масъала шояд, ки ба хотири манофеи иқтисодии худ ва ҳамсоягиву равобити дошта бо Тоҷикистон, ин масъаларо аз байн баранд.


Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?Рашид Ѓанӣ АБДУЛЛО, коршиноси масоили сиёсӣ


Дар доираҳои дарунии Қирғизистон байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ишора кардан ба Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳое, ки ангор мавқеъгирии хубе нисбат ба ин кишвар надорад, ин чиз ворид аст. Албатта ин ҳануз вориди сиёсати расмӣ нашудааст, аммо ба ҳар ҳол ҳастанд сиёсатмадорону вакилони мардумие, ки ба хотири манофеи гурӯҳиву шахсии худ ҳамингуна ишораҳоро мекунанд. Ин як тарафи масъала аст. Аз тарафи дигари масъала ҷониби Тоҷикистон бояд барои ҳимояи манофеъи худаш ҳаракату талош намояд. Ҳам бояд бо роҳбарони кишвар ва ҳам шахсони соҳибнуфуз дар ростои манофеи муштарак қадамҳо бояд гуфтугӯҳо карда шавад. Овардани суханҳо танҳо кофӣ нест, Тоҷикистон мебояд бо Қирғизистон робитаи доимӣ дошта бошад. Мо худамон чи кор кардем, то ингуна гуфтаҳои он вазир изҳор нагардад. Барои Тоҷикистон гузаронидани роҳи оҳан тавре бояд шавад, ки бо роҳҳои кӯҳӣ бошаду ба қаламрави ӯзбакистон ворид нагардад, ки ин тавр хеле ҳам арзонтару хубтар аст. Мо набояд мушкилоти худро дар дигарон бинем, онро боястӣ дар хубу дуруст баҳодиҳӣ ба ин ё он мавқеъ бинем. Мо аз ин ҷиҳат бояд рафтор кунем ва бинем, ки худамон чи корҳо накардему чи кор кунем то манофеъамон ҳимоя гарданд. Бояд пешакӣ донист, ки дар ин дунё ҳеч касе тарафдори Тоҷикистон нест.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Қирғизистон ҳам аз Тоҷикистон рӯ гардонд?

Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон манфиъатҳо албатта мавҷуданд ва ҳар касе мехоҳад то аз ҳар лоиҳае, ки дар байни кишварҳо муштарак аст, нафъи бештаре бинад аз ҷумла аз ҳамин роҳи оҳани Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон Афғонистон ва Эрон. Ин як идеяи доманадор асту манофеъи зиёдеро ба ҳамаи кишварҳои минтақа мерасонад. Аз мушкилоте, ки имрӯз аз пушти ӯзбакистон дорем, ҳамаи мо огоҳем ва ягона роҳи раҳо шудан аз ин бӯҳронӣ иқтисодӣ ва ё сиёсиву гурӯҳӣ, ин шояд ҳамин роҳи оҳан бошад. Ин гуфтаи вазири нақлиёти Қирғизистон мабнӣ бар он ки гузаштани роҳи оҳан аз ӯзбакистон барои онҳо манофеъи бештаре дорад то Тоҷикистон, шояд аз манофеъи гурӯҳии онҳо сарчашма гирад. Аммо ман фикр намекунам, ки Қирѓизистон ба хотири як вазираш манофеъи байналмилалияшро иваз намояд. Аз нигоҳи ҷуѓрофӣ ҳам эҳдоси роҳи оҳане, ки аз Чин ба Эрон меравад, бавоситаи Тоҷикистон наздиктар аст. Ин ягона роҳи наздиктаринест, ки метавонад аз Тоҷикистон убур кунад. Агар ин роҳ аз Қирғизистон гузарад, хеле гаронтар меафтад. Агар ҳам мақомоти қирѓиз хоҳанд ин роҳро тариқи ӯзбакистон гузаронанд, масъулини Тоҷикистон ҳечгоҳ иҷоза нахоҳанд дод то ин роҳ аз ӯзбакистон омада ба Тоҷикистон гузарад. Зеро дар ин сурат ин роҳ ба манфиъати миллати мо хидмат намекунад. Дар ҳамин шабу рӯз ҳазорон вагонҳои мо дар ӯзбакистон қарор доранд ва мақомоти кишвар сукутро дар ин маврид ихтиёр кардаанд, чун фикр мекунанд бо хомушӣ ин мушкил ҳалли худро меёбад. Ин андешаи ҳамон вазири нақлиёти қирѓиз аст ва аз они он давлат нест ва шояд ин одам манофеъи ӯзбакистонро дар Қирғизистон ҳимоя менамояд ва ман фикр намекунам, ки ин тарҳ амалӣ гардад. Аз роҳи Афғонистону Тоҷикистону Эрон сохтани ин роҳ хубтар аст. Дар ин маврид ин вазири қирѓиз мавқеъи он гурӯҳеро ифода менамояд, ки ҳавасманди робита бо ӯзбакистон аст ва на Тоҷикистон.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!