Бахшҳо
13 июл 2012 05:20Сиёсат

Ба хатти форсӣ гузаштани Тоҷикистон зарурат дорад?

Вазири маориф Нуриддин Саидов дар нишасти матбуотиаш гуфтааст, ки гузаштани Тоҷикистон ба хати форсӣ паёмади хеле бад дорад. Номбурда дар ин робита таҷрибаи кишвари ҳамсояро мисол овардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин "Озодагон" ба коршиносон чунин суол дод:

Зафар МИРЗОИЁН, донишманд
Гузаштан ба хати форсӣ яке аз мавзуъҳои калидии бозгашт ба забони адабии форсии тоҷикист. Ман мӯътақидам ин хатеро, ки арабиасос мегӯянд, аслан ба хати форсӣ табдил шудааст ва забони форсии мо бо ин хат он қадар бо ҳам печидааст, ки ҷудо шудан аз ин хат ба ошуфтагии забони форсии тоҷикӣ овардааст. Яке аз иллатҳои асосии ошуфтагии забони адабии тоҷикӣ дар асри 20 ин аст, ки ин хатро мо аз даст додем ва онро аз мо гирифтанд. Ва дар хати форсӣ, ки бисёр вожаҳои зиёде аз забони арабӣ вом гирифта шудааст, онҳоро бояд ҳар тоҷики забондон, ки бихоҳад ба забони адабии форсии тоҷикӣ сӯҳбат кунад ва хоҳад то ягон мақсаду мазмунеро ифшо кунад, ба иштибоҳот роҳ медиҳад. Ба унвони намуна як чанд вожаҳоро меорам. Яке аз роҳҳои дуруст ёд гирифтани забони форсии тоҷикӣ ин донистни муштақот мебошад, ки мутаасифона донистани ҳамин муштақотро дар макотиби мутавассита ва ҳамагонӣ ва мактабҳои олӣ дарс намедиҳанд. Аслан ин решаҳои деринаи калимаҳои забони арабӣ мебошад, ки ҳамчун хусусияти забони инфелективӣ муштақ мешавад. Мисоли ҳамин хабар, ахбор, мухбир ва ё мулк, амвол, молик ва ё илм, олим, муаллим, таълим ва ғайра. Як тоҷике, ки ин муштақотро намедонаду ба ӯ наомузонидаанд, ҳеч намедонад, ки хабару мухбир масалан аз як реша аст. Вале яке мафъул асту дигаре фоъил. Ин ки сарфу наҳви моро гирифтанд ва бар пояи сарфу наҳви русӣ ҷорӣ карданд, ин вижагиҳое, ки ба хати форсӣ ва ба забони арабӣ бастагӣ дорад, аз ин сарфи назар карданд. Бинобарин ошуфтагии забони тоҷикӣ хусусиятҳош ҳамин аст. инҷо сухан дар бораи баргашт ба хати форсӣ меравад, чи кор бояд кунем то ба хати форсӣ баргардем. Ман ҷонибдори онҳое ҳастам, ки намехоҳанд ба зудӣ ба хати форсӣ баргардем. Ин дуруст аст, зеро мо агар ин корро якбора ба монанде, ки бо шамшер мебуранд, бибурем, дучори иштибоҳот мегардем. Бе ин ҳам ҷомеаи мо камсаводон мебошем, яъне шахсоне, ки саводи казоӣ доранд ва агар мо имрӯз дубора ба ин хат баргардем, мо аз ин ҳам мемонему фақри маънавӣ зиёд мешавад. Вале агар ҳукумат ва Вазорати маъориф як барнома медошту дар макотиби миёнаву олӣ аз радаҳои поин корро оғоз менамуд, таи 20 - 25 соли дигар ба хати форсӣ мегузаштем. Баргашт дар ду се даҳосла ҳатмист ва бе ин наметавонем.  Ман надидам тоҷикеро, ки аз тиливизион ва минбар беиштибоҳ сӯҳбат карда бошад, ин мубоҳот нест. Аксариятҳо, ки унвонҳои баланди илмӣ доранд, таъкидро аз зада тафовут карда наметавонанд. Наметавонанд фарқ гузоранд, ки таъкид чисту зада чист. Зеро ин дар сарфи нави тоҷикӣ вуҷуд надорад. Инро аксар мегӯянд. Як фароқоидаи нонавиштае дар забони форсии тоҷикӣ ва дар дигар забонҳо ҳаст, ки зада дар садоноки ҳиҷои аввал гузошта намешавад ва вақте гузошта мешавад, ин ғалат аст. Аммо агар таъкид бошад, аксар мегӯянд. Хеле ошуфтагиҳо зиёд аст, ки масалан ҳараҷу мараҷ мегӯянд, ки дар асл ҳарҷу марҷ аст. Харҷ ҳарчанд ҳақорат аст, аммо олими тоҷик онро истифода мебарад. Албатта барои давлат ва Вазорати маъориф ҳам ин кор ҳазинаи зиёдеро талаб менамояд ва омода намудани муаллимоне, ки ин хатро медонанд зарур аст ва чунин одамоне хеле каманд. Хати форсӣ шахсро нисбат ба илм босавод мекунад. Вақте шахс бо хати форсӣ мехонад, то зиёд нахонад сухангӯву суханнавис шуда наметавонад. Навиштани крилиро шахс зуд ёд мегирад, аммо навиштану хондани ӯ дар сатҳи миёна аст на дар сатҳи як донишманду олим. Аксари мардуми мо дар ҷойгоҳи баланд қарор доранд, аммо забони адабии тоҷикӣ надоранд ва забони адабии русиро ҳам то он сатҳе, ки зарур аст намедонанд. Ин барои як миллат шигифтовар аст. Вазири маориф ва дигарҳо бояд сари ин мавзуъ андеша кунанд.  

Додихудо САЙМИДДИНОВ, раиси Кумитаи Забон ва истилоҳот

Хати форсӣ заминаҳо дорад ва ҳар кас, ки хоҳад меомӯзаду ягон маҳдудияте вуҷуд надорад. Ҳозир қариб ҳама форсӣ омӯхтаанд. Ин таврест, ки дар шароити муносибатҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ агар ба ин хат гузарем, чи баратарие мебинем? Кӣ онро ёд мегирад? Ҳамин хати имрӯзаи крилиро бо мушкилот беғалат навишта наметавонанд. Ин як сиёсати дигар аст. Ин ҳам замон мехоҳад то ҳама онро омӯзанд. Филолгҳоямон ҳам матнро хонда наметавонанду хатро хуб балад нестанд. Унвондорони олиямон ҳам ба ин хат тасаллути комил надоранд. барои ҳамин ин хат барои мардум аст на барои ду филолог ва ё касоне, ки мехоҳанд аз пушти ин худро дар ҷомеа нишон диҳанд. Ҳамонҳое даъво мекунанд, ки худашон намедонанд. Ҳозир мо роҳат ду хатро истифода мекунам, ҳар касе, ки шавқ дорад ва воқеан мехоҳад то аз мероси гузаштааш огоҳӣ дошта бошад, ин хатро меомӯзад. Ва ҳар замон иваз кардани алифбо ин бадбахтии миллат аст албатта. Ангилисҳо бо ҳамин мушкилоти алифбояшон то ба имрӯз мушкилот доранд, на танҳо навишташон дигар аст, балки  талаффузашон ҳам дигар аст. Мо бошем, зуд - зуд хат иваз мекунем. Ман заминаҳои воқеиеро барои бозгашт ба ин хат намебинам ва хоҳиш мекунам то забоншиносону адабиётшиносони мо ақаллан дар як сатҳи миёна ин хатро омӯзанд. Аммо онҳо наметавонанд, агар ҳоло як чизеро ифшо кунему шумо талаффуз кунеду гӯед, ки ҳаминро навис, навишта наметавонанд ҳамон касоне, ки даъво мекунанд. Ба 75 - 80 расид, ҳамаи унвонҳои илмиро гирифт, аммо хатро, ки надонад, ӯ бо чӣ даъво мекунад? Хатро аз хурди меомӯзанд. Як хабарнигор ҳам ҳамин саволи шуморо дод, ман гуфтам, ки метавонӣ ҳамин хатро нависӣ? Гуфт, ки не ва билохира қоил шуд. Хабарнигорон ва дигарон бояд ин хатро озод донанд. Вале хати ниёгонро ҳатман бояд ҳама новобаста аз тахассус донанд ба вижа онҳое, ки зиёиянд. Агар хати форсиро донед, дар дунё барои дарёфти иттилоот баъди забони ангилисӣ ҳамин хати форсӣ меистад. Инро тамоми дунё медонанд, ки шумо бавоситаи забони форсӣ метавонед иттилооти бисёр хуберо дастрас намоед. Аз давраи истиқлолият то ба имрӯз ҳамаи заминаҳо фароҳам буд, вале мардум ин хатро хуб наомухтанд. Инҳо ҳама шиъор медиҳанд ва худи ҳамон мутахассисоне, ки филолог ҳастанд, ин хатро хуб намедонанд. Бинобарин агар мо эълон кунем, ки ҳатман ба ин хат мегузарем, ин воқеӣ нест ва ин сиёсати табдили алифбо сиёсати давлатист ва инро бо пешниҳоди ҳар фард намешавад. Инҷо суханам дар мавриди масрафи маболиғи ҳангуфт аз буҷет меравад. Ба ҳамин хотир пеш аз ҳама бояд худамон ин хатро омӯзем.

Адаш ИСТАД, нависанда

Масъалаи гузаштан ба хатти форсиро аввал бояд мавриди муҳокима қарор диҳем. Муҳокима дар сатҳи донишмандон, мутахассисони забон ва зиёиёни огоҳ бояд гузарад. Мушкилоте, ки дар давраи гузариш ба хатти форсӣ монеа ба вуҷуд меоранд, бояд баррасӣ гарданд ва нахуст фикри раванфикронро дигар кардан лозим аст, ки зарурати гузаштан ба ин хатро фаҳманд ва дар ҷомеа ҳамфикрӣ ба миён ояд. Агар ҳозир гузаштан лозим гӯем, нисфи ҷомеа як тараф ва боқимонда аз ҷониби дигар қарор мегиранд ва дар натиҷа як зиддияте ба вуҷуд меояд. Агар 90 дар сади равшанфикрон зарурати гузаштан ба хатти форсиро ҷонибдорӣ кунанд, дар он ҳолат метавон гуфт, ки масъала пухта расидааст. Вақте ман ва Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае бо номи "Расмулхати бобоӣ, нуре ба сари моӣ"-ро навиштем ва дар ҳайати таҳририяи "Адабиёт ва санъат" нақши асосиро Абдуқодир Маниёзов мебозид, ки дар он вақт директори Институти забон буд ва ба муҳокимаи ин масъала монеа пеш овард. Мақсади мо муҳокимаи ин масъала пеш аз қабули Қонуни забон буд. Лекин нахостанд, ки ин масъала муҳокима шавад. Гарчанде дар бораи зарурати гузаштан ба хатти форсӣ Сафари Абдуллоҳ мақола навишта буд. Ҷиҳатҳои гуногуни масъалаи хатти тоҷиконро Шариф Шукуров, писари академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар маҷаллаи "Садои Шарқ" пурра баррасӣ карда буд. Албатта гузаштан ба хатти форсӣ байни мо ва ҳамзабонҳоямон дар хориҷи кишвар, аслан бо Афғонистону Эрон дарвозае аз табодули фарҳангу маорифро боз мекунад. Вале андешаҳое ҳам ҳаст, ки дар мактабҳо омӯхтани хатти форсиро ҷорӣ кардан ва оҳиста-оҳиста ҷомеаро барои гузаштан ба хатти форсӣ омода сохтан барои гузаштан ба хатти форсӣ замина фароҳам хоҳад кард.

Баҳриддин КАМОЛИДДИНОВ, профессор

Соли 2008 президенти ҷумҳурӣ ба ин савол ҷавоб додаанд. Ман аз ҷавоби прездент зиёдтар ҷавоб дода наметавонам. Он кас гуфтанд, ки дар шароити имрӯза гузаштан ба хатти ниёгон имкон надорад. Хатти ниёгони мо хатти арабӣ нест, балки хатти мехист. Дар давоми ҳазор соли охир хатти арабиро мо хатти ниёгон мегуфтем. Аммо тамаддуни мо хеле қадима аст. Мо набояд хатҳои қадимаро фаромӯш кунем. Ин хатҳо ҳамашон барои мо азизанд. Чунки бо навиштаҳои ин хатҳо мероси тамаддуни ориёинажод ба дасти мо омада расидааст. Бо хатти арабӣ осори илмиву адабии хеле фаровони мо навишта шудааст. Инро ҳам бояд қадр кард. Лекин осори хатти ҳам оромиву ҳам мехиву ҳам арабӣ аллакай ба ҳуруфоти криллӣ баргардонида шудааст. Шояд аҳён-аҳён чизе боқӣ монда шуда бошад. Хатти криллӣ чӣ бадӣ дорад? Дар муддати зиёда аз 70 соли замони шӯравӣ мо ин қадар шаҳрҳову биноҳо сохтем, ин қадар мардумро донишманд кардем, 93 фоизи аҳолии Тоҷикистон хондану навиштан омӯхтем, чаро инро нодида гирем?

Муҳаммад ҒОИБ, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион

Шояд имрӯз ин корро карда натавонанд, аммо эҳтимол дорад то дар оянда ин кор амалӣ шавад. Агар имкониятҳо бошад, чӣ беҳтар. Ҳар касе, ки нангу номус дораду фарзанди миллат аст, ӯ бидуни ҳеч қонуну бе гузариш ба ин хат ҳам онро фаро мегирад. Моро ҳам касе шахсан нагузошт, ки хонем, вале ба ҳар ҳол дар хилвати худ хондем.  Дар раванди ҷаҳонишавии феълӣ бояд хеле забонҳои зиёдеро омӯзем. Ҳамаи инҳоро вазъиятҳои иқтисодӣ ва вақти муносибе муайян мекунанд. Ин масъала масъалаи муҳими давлатист. Онҳо ҳастанд, ки инро муайян мекунанд ва мо бояд масъалаҳои муҳими дигареро пеш гузорему дар ҷаҳони мураккаб ҷои худро пайдо намоем. Айни замон фикр мекунам, ки имконият набошад, зеро барои дигар кардани хат аз нав ҳама чизро бояд дигар кард. Аммо оҳиста - оҳиста ин корро кардан мумкин аст. ҳарки мехоҳад барои ҳурмати ниёгон худаш мехонад. Агар хонду ёд гирифт, муаллими беҳтарини инсон худаш аст.

Умед ҶАЙҲОНӣ, пажуҳишгар

Вазири арҷманд Нуриддин Саидов табъан бояд вазъи омӯзишу парвариш дар кишварамонро беҳтар аз дигарон бидонад. Аммо ин фармудааш ки "гузаштан ба хатти форсӣ зарурат надорад", пурсишбарангез аст. Мардум мегӯяд ки "кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар боз бо боз". Тоҷикистон ягона кишварест ки бо ҳамҷинсонаш, яъне ҳамзабононаш ҳамдабира нест. Дабираи кунунии тоҷикӣ моро аз ҳамзабононамон ҷудову дур карда ва бо мардуме ҳамхат карда, ки камтарин пайванде бо мо доштаанд. Магар тоҷиконро бо муғулҳо ҷуз аз турктозашон дигар чӣ пайвандест? Оё ҳар муғуле ки кирилихон аст, навиштори моро низ дар меёбад? Тоҷикистон бояд худро аз ин бунбаст раҳо созад ва бо ҳамзабононаш ҳамдабира низ шавад. Боре, ин гузор бояд барномарезишуда ва замонбандишуда анҷом ёбад ва аз кӯдакистонҳо то фарҳангистонҳо ҳама ниҳодҳоро дар бар гирад. Барои порсихон шудан ҳар тоҷикеро як ҳафта бас аст. Аммо барои порсинавис шудан бояд камаш як - ду сол дар дабиристон омӯзиш дид. Боре, ин гузор набояд аз барои девони шоъирони гузашта, балки аз барои дастрасӣ ба навтарин дастовардҳои донишу фанновариву фарҳанг сурат бигирад. Мусалламан адабиёти қадимиямон низ муҳим аст ва касе арзишашро нодида гирифтанӣ нест. Аммо акнун ки замона дигар гаштаву башар низ дигар гашта аст ва Тоҷикистон худ наметавонад дар ҳама заминаҳову риштаҳо донишҷӯву донишманд омода кунад, бояд бо ҳамзабононаш ҳамдабира шавад ва аз дастовардҳои онҳо низ баҳра барад.

Дориюши РАҶАБИЁН, рӯзноманигор

Изҳори назари вазири омӯзишу парвариш (маъориф) шигифтангез нест. Он чи ба ростӣ таъаҷҷубовар аст, ишораи эшон ба "донишмандон ва олимони тоҷик" аст. Дар паи фаромӯшии хатти порсӣ ҳар он чи дорем, донишпажӯҳу донишвар аст ва шумори донишмандону ъолимонамон беандоза андак аст. Намедонам, тафовути ин истилоҳҳо барои ӯ равшан аст ё на, аммо танҳо касе дар ҷойгоҳи устод Муҳаммадҷон Шакуриро метавон дар заминаи забону адаби порсӣ донишманд донист ва ин донишманди яктои мо бо такя бар андӯхтаҳояш гузор ба хатти порсиро зарурати торихӣ медонад. Яъне агар мехоҳем миллати мо бо ҳифзи фарҳанги худ ба фардо бирасад, бояд ба хатти порсӣ баргардем. Ҳеч одамизоде қодир нест забони модарии моро ба хатте ҷуз порсӣ ёд бигирад. Он чӣ вазиру кабир бошад ва чӣ ҳақиру сағир. Нақли қавли вазири маъорифи Тоҷикистон худ намунаи тамомъайёри фоҷеъаи пириллик аст.  Ба нақл аз Н. Саидов мехонем: "Мо медонем, ки ин чӣ маъно дорад ва таҷрибаи ҳамсоя як бори дигар нишон дод, ки ягон зарурият надорад ба хати форсӣ гузаштани мамлакати мо".  Муқоисаи гузори мо ба хатти порсӣ бо гузори узбакҳо ба хатти лотин ҳамонанди муқоисаи кайҳоннавардӣ бо кишоварзист, ки ҳеч бо ҳам ҷӯр наояд. Хатти лотин барои пешинаи Узбакистон ҳеч арзише надорад ва гузор ба нокуҷообод аст. Бо таваҷҷуҳ ба тафовути бисёр зиёди миёни забон ва имлои узбакӣ ва туркӣ, наметавон иддаъо кард, ки ин иқдоми узбакҳо пуле буда, ки онҳоро бо "ҳамтаборонашон" пайванд додааст ё заминаи дастрасии узбакҳо ба иттилоъоту адабиёти ҷаҳониро фароҳам кардааст. Аммо ҳамаи инҳоро метавон дар мавриди аҳаммияти алифбои порсӣ барои порсигӯёни Осиёи Марказӣ гуфт. Бо гузори мо ба хатти порсӣ ҳам забони порсии кабирону сағирони мо равонтару дурусттар мешавад ва ҳам дастрасии мо ба навиштаҳои ҷаҳониён дар ҳар заминае муяссар мешавад; чун дар ҳар заминаи қобили тасаввур ба хатти порсӣ китобҳое таҳрир ё тарҷума шудааст. Ва хатти пириллик дар сад ъумри худ қодир ба навиштану баргардони он ҳама донистанӣ нахоҳад буд. Дар воқеъ, хатти пириллик девори бузургест миёни Тоҷикистон ва пешрафт, Тоҷикистон ва фардо, Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тоҷикистон ва ҳамтаборон, Тоҷикистон ва пешина, Тоҷикистон ва фарҳанг, Тоҷикистон ва худӣ, Тоҷикистон ва худаш. Бо ин ки медонам дар кишваре чун Тоҷикистон танҳо як нафар метавонад дар ин замина тасмим бигирад ва он ҳам раисиҷумҳур аст, тасаввур мекунам раъйи мантиқитари вазироне чун оқои Саидов метавонист бар мантиқитар шудани раъйи раисиҷумҳур дар ин замина бахусус таъсир бигзорад. Пешниҳоди ман ин аст, ки вазири арҷманди маъориф тарҳи гузор ба хатти порсиро аз ҳамин ҳоло тадорук бибинанд. Дар ин замина бисёре ҳозиранд ҳамкорию кумаки бешоиба кунанд. Барои 10 соли тамом Тоҷикистон метавонад ду хатти пириллик ва порсиро канори ҳам дошта бошад ва тадриҷан (на ба таври истолинӣ, ки хатти феълии мо меросе аз ҳамӯст) ба хатти модарии худаш (ки чизе ҷуз порсӣ нест) баргардад. Дар сурати тамоюли оқои Саидов ва вазирони марбутаи дигар мешавад тарҳро ба таври шаффофтару мушаххастар дар миён гузошт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)