Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

"Ришвагирӣ барои ҳаҷ овоза аст"

13 июл 2012, 05:57

Гуфтугӯ бо Мавлон Мухторов, муовини раҳбари Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон

-Ҳамасола 5 - 5,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикитсон имкони ба ҷо овардани ҳаҷро доштанд. Соли равон Арабистони Саудӣ боз 500 адади дигар илова кард. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди имкони пайдо кардани 6 ҳазор нафар, ҳуқуқи Тоҷикитсон барои зиёрати Каъба риоя намешавад. Тибқи меъёрҳои қабулкардаи Арабистони Саудӣ аз 1миллион аҳолӣ ба ҳазор нафари он бояд роҳхат ҷудо намояд. Тибқи маълумоти расмӣ Тоҷикистон ҳудуди 8 милион ҷамъият дорад. Пас, чаро дар солҳои охир мақомот барои ҳадди ақал барои 7 ҳазор нафар шаҳрвандон гирифтани роҳхат муваффақ намешаванд?

 

- Бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ квотаҳоро барои ҳар як давлати мусалмонӣ аз рӯи маълумоти СММ ҷудо мекунад. Онҳо теъдоди нуфузи кишварҳоро тавассути коршиносони СММ дақиқ мекунанд. Мутаасифона, барои зиёд кардани роҳхат барои шаҳрвандони Тоҷикистон мо борҳо ба масъулини Арабистони Саудӣ муроҷиат намудем. Аммо ин пешниҳодоти мо қабул намешавад. Зеро манбаъи ягонаи муаяйн кардани мусалмонон барои ин кишвар ин СММ мебошад. СММ- ро лозим аст, то ба мо квотаи бештар ҷудо кунад. Феълан СММ дар мавриди нуфузи Тоҷикистон маълумоти умумӣ медиҳад, ки тибқи он аҳолии Тоҷикистон 6 милион муаяйн шудааст. Барои ҳамин мо талош намудем, ки дар соли равон ҳадди ақал 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ сафар кунад.

 

- Бо вуҷуди кам будани роҳхатҳо шикояти мардум аз мавҷудияти фасод дар ин бахш хеле зиёд аст. Соли гузашта низ дар арафаи сафар ба ҳаҷ аксарият аз он шикоят карданд, ки гурӯҳе аз масъулин бо гирифтани ришва ба шаҳрвандон роҳхат медиҳанд.

- Сару садо атрофи фурӯхта шудани квотаҳо барои ҳаҷро ҳам мо шунидем. Аммо ман бо тамоми масъулият метавонам бигӯям, ки ин шикоятҳо бе далеланд. Зеро то имрӯз на масъулини Кумитаи дин ва на масъулини дигар мақомоти дахлдор дар робита аризае нагирифтаанд. Ин танҳо овоза аст. Соли сипаришуда ин баҳс авҷ гирифт. Дар Кумита тамоми масъулин бо ширкати раис мулоқот анҷом додем. Дастур шуд, ки вазъиятро дар сатҳи ҷумҳурӣ дида бароем. Мо ҳамасола қабл аз сафар ба ҳаҷ масъулини худро ба тамоми манотиқи Тоҷикистон мефиристем. Онҳо бо мардуми шаҳру навоҳӣ дар мавриди роҳхатҳо ва мавҷудияти ришва дар ин бахш сӯҳбатҳо анҷом доданд. Дар натиҷа мо ҳеч шикояте нагирифтем, ҳатто шифоҳӣ.

 

-  Лутфан бигӯед, ки раванди ба қайдгирии шаҳрвандон ва интихоби онҳо барои сафар ба ҳаҷ чӣ гуна аст. Чӣ гуна мешавад, ки гурӯҳе аз мардум чанд сол мешавад, ки навбат нигоҳ мепоянду қисми дигари мардум бо номнавис шудан, дарҳол роҳхат мегиранд? Аз рӯи маълумоти шумо феҳрасти шаҳрвандон барои анҷом додани ҳаҷ барои чанд соли дигар муаяйн шуда аст?

- Дар ин маврид якранг ҷавоб гуфтан бисёр мушкил аст. Чунки дар баъзе аз ноҳияҳо мо намедонем, ки киро бифиристем. Барои мисол чунин мушкилӣ ҳамасола дар манотиқи ВМКБ ба вуҷуд меояд. Дар ин минтақа хоҳишмандонро пайдо кардан мушкил аст. Аммо дар ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ феҳрасти хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ барои 4 ва ҳатто 5 соли дигар тартиб дода шудааст. Аз ин хотир соли равон ҳангоми маҷлиси масъулини Кумитаи дин бо муовини сарвазир Руқия Қурбонова мо ду шакли ихтиёрии ҳоҷиёнро пешниҳод кардем. Тибқи ин яке аз рӯи навбат, гурӯҳи дигар бо куръапартоӣ ба ҳаҷ сафар хоҳанд кард. Барои ҳамин ҳам ин навбат мо гурӯҳеро аз рӯйи аризаву навбат интихоб намудем. Аммо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мо зоиронро аз рӯи куръапартоӣ интихоб намудем. Дар ҳузури масъулини мақомоти қудратӣ интихоб намудем. Ин як насиб аст.

Сӯҳбати Ҳумайрои Бахтиёр

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!