Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Захоири тилло дар бонк сирри давлатист

28 июл 2012, 03:46

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои барномавӣ ба шумор меравад, ба санаи 30 июни соли ҷорӣ 3899,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 1,8 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 фоиз (774,4 млн. сомонӣ) зиёд шудааст. Аммо захираҳои асъориву тиллои ҷумҳурӣ сирри давлатӣ буда имкони ифшои он вуҷуд надорад. Ин нуктаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар як нишасти хабарӣ баён намуд.

Абдуҷаббор Ширинов:

Чаро захоири тилло сирри давлатист?

Дар 6 моҳи соли 2012 ҳаҷми ММД ба 138, 8 млрд. сомонӣ расида, афзоиши воқеии он нисбат ба соли гузашта 7,4 фоизро тшкил намуд ва меъёри таваррум ҳам ба 2,5 фоиз баробар шуд. Сатҳи таварруми аслӣ низ (бе дар назардошти таъсири омилҳои берӯнӣ, мавсимӣ ва маъмурӣ) 1,4 фоизро ташкил дод, ки ин ба нишондиҳандаи порсол баробар аст. Қурби сомонӣ ҳам нисбати доллари ИМА дар ин давра 0,1 фоиз паст гардид. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар ин нимсола ба 2429,2 млн.долл. ИМА баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 9,7 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла ҳаҷми содирот 2,5 фоиз коҳиш ёфта, ба 669,6 млн. долл. ИМА - ро ташкил дод. Касри тавозуни савдо ҳам ба 1090,0 млн. долл. ИМА баробар шуда, нисбат ба нимсолаи якуми қаблӣ 29,6 фоиз зиёд гардид.
Аммо ба ростӣ чаро ҳамагуна оморҳо мунташир мегардаду омори захоири тилло не. Зеро Ҳаҷми захоири тилло дар бештари кишварҳои дунё мавҷуд аст, аммо дар Тоҷикистон нест. Раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки ҳаҷми тиллоои кишварро ифшо карда наметавонад. Вале таи чандин сол аст, ки тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшударо БМ ва Вазорати молия мехаранд ва ҳамаи инҳо ба захоири тиллову асъори Тоҷикистон дохил мешавад. Захоири софи асъории 6 моҳаи Тоҷикистон барои 1,6 моҳи воридот кифоя мекунад ҳарчанд ин маблағ хеле кам аст. Барои доштани иқтисодиёти пурқувват, ки ба зарбаҳои гуногун тобовар аст, бояд ин захираҳо ба 3 моҳ расонида шавад. Албатта вақташ, ки ояд, ҳамаи ин чизҳоро ифшо мекунем, чун имрӯз сабабҳое ҳастанд, ки иҷоза намедиҳанд то ин чизҳоро ифшо намоем. Ҳаҷми воридоти маблағҳои шахсони воқеӣ низ дар 6 моҳи аввали соли 2012 нисбат ба соли гузашта наздики 17% зиёдтар аст аммо инро ҳам БМТ ифшо карда наметавонад, афзуд номбурда.

Раиси Бонки миллӣ Ширинов инчунин илова намуд, ки порсол чанде аз бонкҳои Тоҷикистон фаъолияти хуб надоштанд, ки ин раванд боиси кам пешниҳод гардидани қарз гардид. Ҳарчанд аз ифшои номи онҳо худдорӣ намуд. Ба қавли номбурда бонкҳои Тоҷикистон аз маблағҳое, ки мардум интиқол медиҳанд, хеле фоидаи ночиз мебинанд ва қисми асосии маблағро ташкилотҳое ба монанди "Western union" мегиранд. Ин маблағҳои интиқолиро дар як муддати кутоҳ аз бонк гирифта мешаванд ва барои маблағгузорӣ ҳамчун захираи сармоявӣ истифода намешаванд.
Инчунин дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда 3,1 млрд. сомониро ташкил намуд, ки аз он 23,7 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 434,2 млн. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 284,4 млн. сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

Аммо ин рӯзҳо зиёд шудани пулҳои фарсуда ва низ кам шудани пулҳои хурд аз ҷумла 1 ва 3 сомонӣ дар бозор мардумро нигарон кардааст. Пас барои раҳоӣ БМТ чи чораҳое андешида аст? Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов дар ин бора гуфт: "ба бонкҳо тавсия медиҳем пулҳои фарсударо доимо ҷамъоварӣ кунанд, дар муқоиса бо 6 моҳи порсол, дар 6 моҳи имсол 23,6%  пулҳои фарсуда аз муомилот бештар гирифта шуданд. Ҳатто дар назар аст то стандарте, ки барои пулҳои фарсуда аст, тағир дода шавад ва пулҳои латамонанд вориди муомилот нагарданд. Албатта пешравӣ дар ин кор ба хидматрасонии касавии ин пулҳо алоқамандӣ дорад ва дар имрӯз сатҳи дигари автоматикунонии кори бонкҳоро талаб менамояд".         

"Қарзи ипотекӣ дода наметавонем"


Дар 6 моҳи соли ҷорӣ бақияи қарзҳои низоми бонкӣ 4,2 фоиз зиёд гардида, ба 4,6 млрд. сомонӣ расид ва 39,8 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 60,2 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар ин давра 2,9 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли қаблӣ 10,2 фоиз кам гардидааст. Бонки миллӣ барои мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ, меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллиро 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст намуд ва мутаносибан дар сатҳи 5,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
Мӯҳлати миёнаи қарзҳо ҳам таи ин 6 моҳ барои шахсони воқеӣ 399 рӯз ва барои шахсони ҳуқуқӣ 393 рӯзро тшкил додааст. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 20,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,3 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 3,0 банди фоизӣ кам ва бо асъори хориҷӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд шуд.Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 9 адад бонкҳо эмитентҳои кортҳои пардохтӣ фаъолият намуда, ба интиҳои давраи ҳисоботӣ 463 326 адад кортҳои пардохтӣ ба муомилот бароварданд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ зиёд шудани теъдоди то 390 адад ва терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ то 217 адад мушоҳида шуд.

Ҳоло, ки фоизи қарзҳо паст мешаваду ҳаҷми пасандозҳо каму зидё чаро қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон дода намешавад? Раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки чун ин қарзҳо мӯҳлати тӯлониро талаб менамоянд ҳадди ақал 30 сол ва дар шароити кунунӣ низоми бонкии Тоҷикистон маблағ барои додани қарзҳои дарозмуддат надорад. Чун қисми асосии қарзҳое, ки бонкҳои кишвар  ба мардум пешниҳод менамоянд, қарзҳои кутоҳмуддат аст ва худи маблағҳое ҳам, ки ҷамъоварӣ мешаванд, кутоҳмуддатанд. Умуман сармояи бонкҳо хеле кам аст ва барои эҳтиёҷоти иқтисодиёт намерасад. Қарзҳои ипотекӣ асосан аз ҳисоби фондҳи гуногун ташкил мегарданд ва маблағҳое, ки дар фондҳо ҳастанд, ба бонкҳо намерасанд.            

Дарди раиси БМТ даво меёбад?

Дар фаъолияти сарофон ва ё нуқтаҳои мубодилаи асъор норӯшаниҳо зиёданд. Бинобарин БМТ то куҷо аз болои фаъолияти сарофон чигуна назорат мебарад ва ҳангоми додани иҷозатнома ба фаъолияти онҳо кадом меъёрҳоро ба назар мегирад?
Абдуҷаббор Ширинов мегӯяд, ки ҳамаи меъёрҳо коркард ва пешниҳод шудаанд ва иҷрои ин меъёрҳо ба таври муназзам тафтиш карда мешавад: "вале мутаасифона қисме аз онҳое, ки бо фаъолияти сарофӣ сару кор доранд, баъзан аз риояи ин меъёрҳо сарфи назар мекунанд. Вале онҳо дар вақти тафтиш ҳатман ҷазо мегиранд ва ҳатто баъзе аз нуқтаҳои мубодилаи асъорро мо мебандем. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки кор то дараҷаи ҷиноят мерасад ва ҳамаи инро мо пешгирӣ карда наметавонем. Чун дар ин ҷо масъулияти шахсии худи сарофон ҳам хеле зиёд аст ва ҳар рӯз онҳоро тафтиш карда намешавад чун дар ин ҳолат дигар кор карда наметавонанд. Агар дар ин байн ҳодисае рух диҳад, масъулият бо худи онҳост".

Дар моҳи май ҳам дар бозорҳои Тоҷикистон ҷаҳиши қурби доллар ба назар расид ва акнун дар ҳоли мӯътадилшавӣ ва поинравист. Оё ин бо дахолати БМТ сурат гирифтааст ё раванди худи бозор будааст. Худи БМТ чи миқдор долларро таи ин 6 моҳ ба бозор ворид кардааст?
Тавре Абдуҷаббор Ширинов мегӯяд, дар нимсолаи соли 2012 ба миқдори хеле кам дахолат сурат гирифт, чун таи ин 6 моҳ чӣ бозори асъор ва чӣ  худи нархҳо дар бозори амвол хеле мӯътадил буданд ва дахолати БМТ ҳам он қадар лозим набуд ва ба эҳтимоли дар ин муддат якчанд маротиба дахолат сурат гирифтаасту бас. Бале дар моҳи май доллар боло рафту қурби сомонӣ поин. Аслан моҳи май чун анъана барои амалиётҳои мубодилаи асъор як моҳи пурфарозу нишеб аст. Ин аз омилҳои зиёде вобаста аст, тавре шуд, ки дар бахши содироту воридоти Тоҷикистон фаъолнокии бозор меафзояд ва ба ҳамин ҷиҳат хариду фурӯш дар бозори асъор суръат мегирад. Аз ин рӯ дар ин моҳ БМТ барои ҷилугирӣ аз ҷаҳиши қурби асъор омодагӣ мебинад.
Аммо ин ки барои нимсолаи дуввум БМТ ҷаҳиши долларро дар назар дорад ё на, Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки агар раванди феълӣ ҳамин тавр давом кунад, ҷаҳиши калони долларро дар назар нахоҳад дошт. Дар ин ҷо вазъият аз бозори ҷаҳонӣ вобастагии фаровон дорад, иттифоқоте, ки дар аврӯпо ва минтақаи араб дар ҳоли рух додан аст ва инҳо ҳам ба вазъият таъсир раснида метавонанд.              

Масъалаи дигаре, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъор дида мешавад, ин хариду фурӯши доллар аст, ки дар тахтаи сарофӣ фурӯши доллар 483 нишон дода шуда, вале дар асл сароф онро 488 мефурӯшад. Ин амали сарофон то куҷо қонунист ва оё набояд навиштаҷоти дар тахта аз ҷониби сароф риоя гардад?
Абдуҷаббор Ширинов иброз дошт, ки дар ин ҷо виҷдони тоҷир меистад ва шахсе, ки бо мизоҷ кор мекунад, то кадом андоза аз рӯи инсоф кор мекунад, ин ки дар тахта як нарх навишта шудаву сароф дар амал бо нархи дигар мефурӯшад, ин ба қавоиди хариду фурӯш мувофиқ несту як амали ғайриқонунӣ мебошад ва агар амалан ин собит шавад, онҳо ҳатман мавриди муҷозот қарор мегиранд.

Аммо Абдуҷаббор Ширинов дар посух ба ин суоли мо, ки чаро то ҳануз биржа дар Тоҷикистон ташкил нашудааст, мегӯяд: "набуди бозори коғазҳои қиматнок дарди ман ҳам ҳаст, зеро ин бозор имрӯз дар Тоҷикистон аслан вуҷуд надорад, он як миқдори муаяни коғазҳои қиматноку векселҳое, ки БМ ва Вазорати молия мебарорад, ҳаҷмашон хеле ночиз аст. Он қисми асоссии бозори коғазҳои қиматнок, ки қисми такрории бозори коғазҳои қиматнок мебошад, ин қисми бозор ҳануз дар мо хоб аст. барои роҳандозии ин бозор БМ ва Вазорати молия бояд дар ин соҳа фаъолтар бошанд, зеро аз ҳама аввал коғазҳои қиматнокро инҳо мебароранд. Ин бояд ҳамчун куланги тапонча кор кунад то бозори такрорӣ ба ҳаракат дарояд. Кор сари ин масъала ҷарён дорад, аммо пешакӣ наметавон гуфт, ки кай натиҷаи назаррас мерасем. Амал кардани ин бозор дар Тоҷикистон метавонад ба системаи молиявӣ ва иқтисодиёт як такони нав диҳад".


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!