Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Ноамнӣ дар Бадахшон аз куҷо маншаъ мегирад?

30 июл 2012, 06:47

Бархе аз гурӯҳҳои шибҳи низомӣ бо истифода аз шароити иқлимӣ (тобистон) ва ҳаводиси Бадахшон вориди Тоҷикистон шаванд, метавонанд дар фасли зимистон низ аз масири ҷодаи Хоруғ -Ӯш низ истифода кунанд.

Коршиноси масоили сиёсии Русия изҳор дошт, эҷоди таниш ва бесуботӣ дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон сабаби фароҳам кардани шароити муносиб ҷиҳати интиқоли гурӯҳҳои шибҳи низомӣ аз Афғонистон ба водии Фарғона шудааст.
Александр Князев, пажӯҳишгари аршади институти шарқшиносии академияи улуми Русия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Форс дар Осиёи Марказӣ гуфт: “Аз як моҳ қабл пешбиниҳое дар хусуси эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои шибҳи низомӣ аз қаламрави Афғонистон ба Осиёи Марказӣ бо ҳадафи иҷрои амалиётҳои низомӣ сурат гирифта буд”.

Вай бо ҷиҳатдор хондани таҳаввулоти Бадахшон, таъкид кард: “Амалиёти неруҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ҳодисаи қатли генерали баландпояи амниятии ин кишвар ба наҳве ба тасреҳи раванди интиқоли гурӯҳҳои шибҳи низомӣ аз хоки Афғонистон кӯмак кард”.
Князов мӯътақид аст, ки бо ҳадафҳои мушаххас, гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон берун мераванд, то бо истифода аз шароити муносиби иқлимӣ ва масирҳои ғайри қобили контрол, вориди минтақаи Осиёи Марказӣ шаванд. Коршиноси масоили сиёсиву амниятии минтақа бар ин назар аст, ки анҷоми ин барнома барои соли ҷорӣ ба таври комил имконпазир нахоҳад буд, зеро то оғози борандагиҳо ва гарданаҳои кӯҳистонии Бадахшони Афғонистон ва Тоҷикистон камтар аз як моҳ боқӣ монда, ки ин амр ҳаракати ҷангҷӯён ба водии Фарғонаро бо мушкил ру ба рӯ хоҳад кард.

Вай дар идомаи ин баҳс афзуда, ки тайи чанд ҳафтаи охир ҷо ба ҷойии гурӯҳҳои шибҳи низомӣ аз Покистон аз тариқи вилояти Нуристони Афғонистон ба манотиқи шимолу шарқи Афғонистон қобили тааммул аст. Ин коршиноси сиёсӣ, бомбаборони манотиқи марзӣ миёни Покистону Афғонистон ва мушаххасан шаҳристони Барг Матол аз сӯи НАТО дар чанд ҳафтаи охирро бо ҳадафи ҳидояти онҳо ба шимоли Афғонистон муртабит медонад.

Танишҳои Ӯзбакистон ва чолишҳои минтақа

Аз нигоҳи вай чунончи бархе аз гурӯҳҳои шибҳи низомӣ бо истифода аз шароити иқлимӣ (тобистон) ва ҳаводиси Бадахшон вориди Тоҷикистон шаванд, метавонанд дар фасли зимистон низ аз масири ҷодаи Хоруғ -Ӯш низ истифода кунанд. Ин таҳлилгари сиёсӣ иҷрои чанд сенарияро имконпазир дониста мегӯяд: “Баъд аз вуруд ба минтақа яке аз гурӯҳҳои шибҳи низомӣ метавонад вилояти Бодкенти Қирғизистонро, ки бо Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳаммарз мебошад, ҳадаф қарор диҳад. Ба сурати табии нерӯҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятии Қирғизистон таваҷҷӯҳи худро ба ин минтақа мутаммаркиз кардаанд дар ҳоле ки гурӯҳҳои дигаре аз шибҳи низомиён бо истифода аз масири Гулча метавонанд ба вилояти Ӯш таарруз карда ва узбактаборонеро, ки аз поксозиҳои қавмӣ соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон ранҷ бурда буданд, таҳрик кунанд. Ба эътиқоди вай эҷоди конуни ихтилофи доимӣ дар Бадахшон ( ҷиҳати истифода аз ин минтақа барои рафтуомади шибҳи низомиёни афғонӣ ба Осиёи Марказӣ) ва ҷануби Қирғизистон ( ба унвони бахше аз водии Фарғона) яке аз ҳадафҳои меҳварӣ дониста мешавад.

Князов бо баёни ин ки Амрико дар баробари иттилооти Покистон( ва ҳамчунин Чин ба унвони ҳомии иттилооти Покистон) шикаст хӯрдааст, таъкид кард: “Дар чунин шароите Амрико ба дунболи чанд сенария хоҳад рафт, ки яке аз онҳо мамониъат бо таҳаққуқи пружаҳои бузурги Чин дар минтақа мебошад. Дар ин росто ба барномаи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбакистон", ки мустақиман аз водии Фарғона убур мекунад ва ҳамчунин "Чин-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон" метавон ишора кард. Ин коршиноси рус доман задани Амрико ба ихтилофи Ҳинду Покистон дар Кашмир ва ихтилофи марзии Ҳинд бо Чинро баъид надонист.
Вай итминон дорад, ки Ӯзбакистон бо хуруҷ аз Созмони паймони амнияти ҷамъӣ(ОДКБ) худро ба истилоҳ барои муддате бима ё худ "страховка" карда вале  дар кул ҷалби ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамчунин Русия дар танишҳои тулонӣ аз аҳдофи дигари Вашингтон мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!