Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Исломобод ба Душанбе кӯмак мерасонад?

22 август 2012, 07:21

Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял, сафири Покистон дар Душанбе Тоҷикистонро хонаи дуввуми худ унвон карда гуфт, ки кишвараш ният дорад, дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон низ маводи озуқаворӣ ирсол  намояд.

Шукурҷон Зуҳуров, райиси Маҷлиси намояндагон  Сафири нави Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, дар мулоқот  масъалаи тақвияти ҳамкориҳои   Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.   

Зимнан, ҷаноби Зуҳуров изҳори дошт, ки бо таъин шудани  Амҷад Ҳусейн Сиял ба вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Покистон дар Тоҷикистон раванди муносиботи Исломобод ва Душанбе ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунад. Ӯ афзуд: «Мардуми Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистонро як қатор умумиятҳои муштарак аз қарнҳо қабл ба ҳам наздик кардааст ва хушбахтона, чунин фазо, ки то имрӯз дар миёни миллати сарбаланди ҳар ду кишвар вуҷуд дорад, яке аз омилҳои асосии густариш пайдо кардани ҳамкориҳои муштарак дар ҳамаи арсаҳо гардидааст».

Қайд гардид, ки миёни Душанбе ва Исломобод фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъминкунандаи чунин фазо мебошад, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтари қонуниву ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши муносиботи дуҷониба ба нафъи ҳарду кишвар иқдом хоҳад кард.

Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки раванди муносиботи байнипарлумонии ду кишвари дӯст бояд ба марҳалаи тоза ворид гардида, барои тақвияти ин равобит иқдомҳои ҷиддитаре рӯи даст гирифта шаванд.
Гуфтанист, миёни ду кишвар равобити неку ҳасана ҳукмфармо аст, аз ҷумла муносибати хуби сарони давлатҳои мо заминаи асосиро барои рушди ин ҳамкориҳо ба вуҷуд овардааст: «То имрӯз миёни кишварҳои мо 25 санади муҳим, аз қабили созишнома ва протоколҳо ба имзо расидаанд ва мо бояд барои мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо бештар талош намоем».

Ҳамзамон, миёни парлумонҳои кишварҳои мо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият мекунанд, ки ин нишонаи мавҷуд будани равобити дӯстона байни парлумонҳои Тоҷикистону Покистон аст ва ба қавли Зуҳуров вазифаи асосии ин гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароит ҷиҳати тақвияти муносиботи байнипарлумонӣ, истифода аз таҷрибаи якдигар ва боздид аз кишвар ва парлумонҳои ду ҷумҳурӣ мебошад.   

Дипломати покистонӣ дар навбати худ салому дуруди раиси парлумони кишварашро ба Зуҳуров расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломобод конфронси байнипарлумонӣ бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор мегардад, ки иштироки ду нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин конфронс дар назар дошта шудааст. Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял Тоҷикистонро хонаи дуввуми худ унвон карда гуфт, Покистон дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон низ маводи озуқаворӣ ирсол менамояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!