Бахшҳо
23 авг 2012 09:16Сиёсат

Исломи "тоҷикӣ"- 2

Бино бар иттилои баъзе аз сарчашмаҳо давоми як моҳи Рамазон дар Душанбе дар авқоти гуногун дар баъзе аз масоҷиди кишвар кӯдакон ва наврасонро масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз масҷид боздошт ва ё берун мекардаанд. Аммо ин иттилоъ аз ҷониби вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ нагардид. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати умури дохила дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ки ин иттилоъ асос надорад, зеро моҳи шарифи Рамазон дар вақти таътили кӯдакон ва наврасон омад. Гузашта аз ин давоми 1 моҳи сипаришуда дар ҳеч кадом як масҷиди шаҳри Душанбе амалиёти махсус барои боздошт ва ё берун кардани кӯдакону наврасон аз масоҷид гузаронида нашудааст. Дар рафти амалиёт гурӯҳи хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ танҳо кӯдакону наврасони оворагардро боздошт карданд. Аммо онҳо аз маҳалли намозгузорӣ боздошт нашудаанд, мегӯяд Маҳмадулло Асадуллоев.

Тоҷик +  мусалмон - ҳуқуқ?

Дар ҷомеаи Тоҷикистон ин вожаҳо пайваста пайи ҳам меоянд. Ҷомеа ва гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ҳам шикоят аз он мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи мусалмонон поймол мешавад. Аммо ин навбат намехоҳем мавориди нақзи ҳуқуқи мусалмонон дар кишварро қаламдод кунем. Танҳо баъзе аз мушоҳидаҳоро дар моҳи шарифи Рамазон иншо хоҳем кард.
Қабл аз моҳи шарифи Рамазон мардум аз эҳтимоли бамаротиб боло рафтани қимати хӯрокворӣ шикоят мекарданд. Дар ҳамин маврид масъулин, раиси шаҳр ва ҷумҳурӣ аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, то аз боло бурдани нархи ҳӯрокворӣ дар ин моҳ худдорӣ намоянд. Аммо, чун ҳамешагӣ суханони масъулин ба инобат гирифта нашуд. Дар моҳи гузашта илова бар боло рафтани нарх, ҳамзамон пайдо кардани баъзе аз маҳсулот, аз қабили орд ва ё гӯшти хуб дар бозорҳои кишвар хеле мушкил гардид. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти кишвар ҷомеашиносон мегӯянд, ки мақомот дигар садди роҳи ин падида шуда наметавонанд. Зеро боло бурдани нарх дар моҳи Рамазон миёни савдогарон ба як тиҷоратӣ мавсимӣ табдил ёфтааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки маротибаи аввал нест, ки дар арафаи Рамазон масъулин ба тоҷирон муроҷиат мекунанду, ба ҳарфи онҳо касе гӯш намедиҳад. Аз ин хотир ҷомеашиносон мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи рӯҳониён дар кишвар, масъулин бояд аз онҳо истифода кунанд. Ба бовари онҳо дар сурати муроҷиати рӯҳониёни маъруф ба мардум, тоҷирон ҳатман ҳарфи онҳоро ба замин нахоҳанд гузошт. Аммо на аз он рӯҳониёне, ки феълан дар ин ё он мақомоти давлатӣ вазифаеро касб кардаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти дохилӣ, таҳлилгарон мегӯянд, ки фосила миёни мардум ва мансабдорон то ҷое расидааст, ки дар ин авохир мардум ҳатто рӯҳониёни давлатиро қабул надоранд.

Инъикоси иди Фитр дар расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ

Албатта, дар ҳар кишвари дигар шабакаҳои телевизионӣ фаъолияти худро бо таваҷҷӯҳ ба дархост ва завқи ҷомеа ба роҳ мемонанд. Аммо  дар Тоҷикистон баракс аст. Тоҷикистон шояд ягона кишваре дар ҷаҳон бошад, ки мардумаш  танҳо аз шабакаҳои телевизионии давлатӣ метавонанд истифода кунанд, зеро метавон гуфт, ки шабакаи мустақиле дар ин кишвар вуҷуд надорад. Дар ҳеч кишвари дигар, ҳатто дар Афғонистони ҷангзада ин гуна мушкил ҳоло нест. Расман дар Тоҷикистон 1 шабакаи телевизионии мустақил фаъолият дорад, ки дастрасӣ ба он ҳам хеле мушкил аст. Тавре зикр намудем, дар кишвар шабакаҳои телевизионии давлатӣ фаъол ҳастанд. Агар дар солҳои қабл,  дар моҳи шарифи Рамазон баъд аз намози бомдод тавассути шабакаҳои телевизионӣ барномаҳо ва ё сӯҳбат атрофи масоили динӣ пахш мегардид, соли равон ин "анъана" бо сабабҳои гуногун риоя нагардид.  Ҳатто дар рӯзи иди саиди Фитр низ барномаву ровиёни телевизионҳои давлатӣ рӯҳияи идона надоштанд. Субҳи 19-ум, яъне рӯзи иди Фитр телевизиони "Ҷаҳоннамо" хабарҳои хориҷӣ, "Сафина" ва "Баҳористон" барномаҳои маъмулии истироҳатӣ пахш карданд. Дар ин се шабака ровиёни барнома ҳатто мардумро табрику таҳният нагуфтанд. Шабакаи 1-уми аввалин шуда суханронии раиси ҷумҳурро бахшида ба иди Фитр пахш намуд. Баъдан "Ҷаҳоннамо", "Сафина" ва "Баҳористон" низ онро намоиш доданд. Ровиёни шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ҳоле аз шодбошии мардум дар рӯзи иди Фитр худдорӣ карданд, ки ҳамкасбони хориҷии онҳо барномаҳои мустақим пахш мекарданд. Новобаста аз кишвари проваславӣ будан, аксари шабакаҳои телевизионии Русия пахшҳои мустақим аз масоҷид ва ҷойҳои дигари таҷаммуъи мусалмонон доштанд. Бояд гуфт, ки баъзе аз шабакаҳои телевизионии Русия намози иди Фитрро мустақиман пахш мекард. Гузашта аз ин ҷомеаи мусалмони русро ҳам президент Владимир Путин, сарвазир Дмитрий Медведев ва муфтиёту чанд тан аз аъзои Думаи давлатӣ расман муборакбод гуфтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мусалмонони кишвари мо, ки ақалиятро ташкил медиҳанд, танҳо як нафар- президент Эмомалӣ Раҳмон шодбош гуфт. Баъзе аз шабакаҳои интернетӣ дар гузоришҳои худ аз суханронии раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳарф задаанд. Албатта дар ин рӯз гурӯҳҳои мухолифи сиёсии кишвар низ тавассути дастгоҳҳои таблиғи худ мардумро ба муносибати иди Фитр табрику таҳният гуфтанд. Аммо пурсише посух меҷуяд, ки чаро дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ мансабдорони дигари давлатӣ дар қатори муҳолифон дар феҳристи сиёҳ ҷой гирифтаанд?

Таблиғи мусалмонӣ ба хотири имиҷи сиёсӣ?

Чунин ба назар мерасад, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз имрӯз ба имиҷсозии раҳбари давлат шурӯъ кардаанд. Давоми чанд рӯзи охири моҳи Шарифи Рамазон шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пайваста як барномаро пахш мекарданд. Дар барнома (гузориш, филм) зиёрати раиси ҷумҳур аз хонаи Каъба инъикос мегардид. Албатта дар умум пахши чунин барномае, барои кишваре, ки бештар аз 95 дарсадашро мусалмонон ташкил медиҳад, бояд як падидаи маъмулӣ бошад. Аммо на дар чунин шакл. Зеро, ҳамасола ба зиёрати Каъба бештар аз 5 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон сафар мекунанд. Аммо, чаро телевизионҳои давлатӣ дар баробари намоиши президент аз сафари онҳо низ намоиш омода намекунанд? Ин барнома аз вуруд ба шаҳрҳои Макка ва Мадина шурӯъ карда, то лаҳзаҳои охир танҳо як чеҳра- Эмомалӣ Раҳмонро намоиш медод. Аммо аҷобат он аст, ки ин дафъа имиҷсозони президенти кишвар танҳо ба намоиш аз маросими ҳаҷ иктифо накардаанд. Дар ин барнома, ки метавон онро "шедевр"-и телевизионӣ номид, чанд тан аз ҷамъияти тоҷикон дар Макка ва Мадина аз Эмомалӣ Раҳмон тавсиф мекарданд. Ин ҷамъият ба такрор аз он шукргузорӣ мекарданд, ки Тоҷикистон ҳоло бо шарофати ин шахсият хеле ором шуда, рушд ҳам кардааст. Бароям тааҷубангез аст, ки чӣ гуна шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба такрор чунин барномаи таблиғиро пахш мекунанд,  вақте даъват ба намоз дар кишвар мамнӯъ эълон шудааст? Оё пахши чунин барнома дар ҷомеае, ки занонаш ҳуқуқи сатрпӯшӣ ва намоз гузоштан дар масҷидро надоранд, ҷавонони то синнӣ 18 сола набояд дар масҷид ибодат кунанд, мавзӯи мавъизаи рӯҳониёнро танҳо ҳукумат муаяйн мекунад, мантиқӣ аст?
Шояд гурӯҳе ҷонибдори пахши чунин барномаҳо бошанд. Албатта мо ҳам зид не. Аммо дар баробари ин телевизионҳои Тоҷикистон дар фикри 99 дарсад аҳолии мусалмони Тоҷикистон низ бошанд. Ҳадди ақал дар моҳи Рамазон ба хотири аксарияти аҳолӣ имкон дошт, ки барономаҳои хусусияти динидошта ва маърифатию  ахлоқӣ пахш намоянд. Ё ин мардум ҳеч ҳаққе надоранд?   

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)