Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 04:50

Фаластин бар Афғонистон пирӯз шуд

30 июн 2011, 04:55

Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 тимҳои миллии Афғонистон бо Фаластин бо ҳам рақобат намуданд.


Ин дидор бо пирӯзии дастаи Фаластин поён ёфт. Нуралӣ  Хоркашов, ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, фаластиниҳо муваффақ шудаанд, ки ба дарвозаи ҳарифи худ ду голи беҷавоб зананд. Мурод эл-Эян ва Исмоил ал-Амур муаллифи голҳоянд. Ба иттилои манбаъ, бозии ҷавобӣ миёни ин тимҳо рӯзи 3-юми июл дар Фаластин баргузор хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби Афғонистон ҷиҳати ширкат дар бозии ҷавоби субҳи имрӯз ба шаҳри Кобул сафар намуда, фардо аз Кобул ба Дубай, аз Дубай ба Урдун ва аз Урдун ба пойтахти Фаластин сафар мекунад. Гуфта мешавад, ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ба даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 роҳхат мегирад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!