Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Кӯлобро силзада нагӯед!

5 сентябр 2012, 08:16

Абдулазизи ВОСЕЪ

Муовини вазир мегӯяд, Кӯлоб ё Восеъ он гуна ки бархе расонаҳо мегӯянд, ҳеч гоҳ сарчашмаи бемории сил дар Тоҷикистон набуданд.

"Бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон идорашавандаанд"

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти созмонёфтае дар шаҳри Душанбе бори дигар таъкид кард, ки бемории сил барои ҳаёти сокинони кишвар ба ҳадде хатарзо нест, ки бархе расонаҳо бонги хатар мезананд: "Тибқи омори расмӣ дар қаламрави кишвар аз рӯи афзоиши беморшавии аввалия мақоми аввалро касалиҳои узвҳои нафаскашӣ ишғол мекунанд. Аз 100 ҳазор аҳолӣ 11 ҳазору 399 нафар ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Дар ҷои дуюм бемориҳои узвҳои гувориш қарор дорад, ки ба 100 ҳазор нафар 3 ҳазору 419 кас рост меояд. Зинаи сеюм ба бемориҳои узвҳои гардиши хун бо рақами ҳазору 94 дуруст мегирад. Бемориҳои андоми ғадудҳои дохила (ҳазору 214) ва касалии саратон (37,8) дар мақомҳои баъдӣ қарор доранд. Дар ин миён мизони гирифтории аввалия ба бемории сил аз 100 ҳазор нафар ба 77 баробар аст".
Номбурда бо такя ба ин оморҳо изҳор дошт, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сохтори беморшавии аввалия касалиҳои ғайрисироятӣ мебошанд. Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, солҳои қабл вожаи Тоҷикистонро тавъам ба сироят мефаҳмиданд, аммо рақамҳои омории мавҷуда нишон медиҳад, ки имрӯз масъалаи муҳим на бемориҳои сироятӣ, балки касалиҳои ғайрисироятист. ӯ гуфт бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон идорашавандаанд: "Масалан агар соли 1997 дар кишвар зиёда аз 29 ҳазор бемории домана ва вараҷа ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2011 ин рақам таносубан ба 400 ва 75 поин омадааст. Гап дар бораи зиёда аз 2 ҳазору 900 маротиба коҳиш ёфтан меравад".
Соҳибназар Раҳмонов дар давоми 14 сол ба ин ҳад коҳиш ёфтани мизони бемориҳоро ба заҳмати тамоми қишрҳои ҷомеа ва соҳаи беҳдоштии ҷумҳурӣ рабт дод.

"Восеъ сарчашмаи бемории сил нест"

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон бори дигар аз доираи рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҳангоми инъикоси масоили бемории сил дар ин ё он маҳал мавзӯъро фарохтар нигоҳ кунанд. ӯ гуфт, ҳангоми баррасии мавзӯи мазкур бештари авқот аз ноҳияи Восеъ ба унвони ноҳияи силзада ном бурда мешавад, ки воқеият надорад: "Тибқи омори расмӣ аз рӯи сохтори беморшавии аввалия дар ҷои аввал вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аст. Ба 100 ҳазор аҳолӣ 105 нафар рост меояд. Дар Хатлон ин рақам 103 ва нишондиҳандаи аз ҳама поин дар вилояти Суғд- 48-49 нафар аст. Аз миёни шаҳру ноҳияҳо Табошар, баъдан Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ қарор доранд". Соҳибназар Раҳмонов афзуд, дарёфти беморӣ нишони ваҳим будани авзоъро надорад.
-Ин хуб аст, ки беморони сил зиёд ошкор мешаванд. Агар бо далели ошкор шудани мубтбалаоёни сил рақамҳои оморӣ боло равад, ҷои хурсандист. Шумо андеша кунед, ки агар мо имрӯз дарёфт накунем ва як бемор давоми сол 15 каси дигарро гирифтор кунад, дар чор панҷ соли дигар мо ба чӣ аҳвол гирифтор мешавем? Ҳар қадар дарёфт зиёд шуд, табобат ҳамон андоза осон мешавад.
Муовини вазир мегӯяд, Кӯлоб ё Восеъ он гуна ки бархе расонаҳо мегӯянд, ҳеч гоҳ сарчашмаи бемории сил дар Тоҷикистон набуданд. Як минтақа ба ҳеч ваҷҳ наметавонад манбаъи гирифторӣ ба як беморӣ дар тамоми кишвар бошад.   

"Муъҷизаи ишқ" ба Амрикову Аврупо меравад

Ахиран, телевизионҳои кишвар филмеро бо номи "Муъҷизаи ишқ" ба намоиш гузоштанд. Қабл аз ин он дар кинотеатрҳо низ манзури бинандаҳо гардида ва як теъдод фиттаҳо ба мардум ба таври ройгон тақсим шуд. Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ҳадафи аслии филм ба мардум фаҳмонидани пурра табобатшаванда будани бемории сил аст. Мутахассисон мегӯянд, "Муҷассамаи ишқ" тамоми паҳлӯҳои масъаларо фаро гирифта ва маълумотҳои фаровонеро дар ихтиёри бинанда мегузорад. Дар филм таваҷҷӯҳи асосӣ барои аз миён бурдани тамғагузорӣ (стигма) дода шудааст.
Тимур Аптекар, менеҷери барномаҳои зиддисилии лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло тарҷумаи филм бо забони русӣ дар ҳоли анҷомёбист. "Ҳамчунин мо тасмим дорем, ин филм бо забони англисӣ низ баргардон шавад. Тарҷумаи англисии онро мехоҳем мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом бидиҳем, яъне на дубляж, балки  забони аслии филм- тоҷикӣ ҳифз мешавад ва матни тарҷумаи англисӣ дар зери навор  пайдо мегардад. Барои мардуми англисзабони Амрикову Ғарб шунидани забони асл фикр мекунам таъсирбахш хоҳад буд".

"Муҳоҷирони гирифтори сил депорт нашаванд"

Чанд сол қабл яке аз омилҳои аслии зиёдшавии бемории силро мутахассисон дар тамос будан арзёбӣ мекарданд. Аммо ҳоло ин сабаб ба зинаи дуюм баромада, ҷои худро ба  муҳоҷирати меҳнатӣ "додааст". Соҳибназар Раҳмонов далели дуюм шудани онро натиҷаи мусбати корҳои фаҳмондадиҳӣ номида гуфт, ҳоло барои натиҷаҳои назарас дар самти муҳоҷират талош доранд: "Дар ин самт бо давлатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд, кор карда истодаем. Масалан, агар як ҳамватани мо дар Русия гирифтори бемории сил шавад, ӯро депорт накунанд, балки ба табобат фаро гирифта шавад". ӯ гуфт, феълан дар доираи шартномаи байнидавлатӣ шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ва табааи Тоҷикистон дар Русия ёрии таъҷилии тиббиро ройгон мегиранд. Ҳамчунин бо ташаббуси Тоҷикистон давлатҳои аъзои созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё, ки Тоҷикисон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомили он ҳастанд, ҳуҷҷати муҳиме барои муҳоҷирон таҳия гардид. Ин санад тасдиқнома ё маълумотномаи ягонаи тиббӣ аст. Ин тасдиқнома дар сатҳи вазирони тандурустии панҷ кишвар ба имзо расид. Дар назар аст, ки то охири соли равон аз сӯи сарони кишварҳо тасвиб шавад. Баъди ин тасдиқномаи тиббие, ки Тоҷикистон ба шаҳрвандон медиҳад, дар ҳамаи кишварҳои аъзои созмон эътироф гардида, зарурати такроран гузаштани муоинаи тиббиро аз миён мебарад. Барои роҳандозии ин иқдом мо дар ихтиёри кишварҳои аъзо феҳрасти муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро, ки ҳаққи додани ин тасдиқномаро доранд, гузоштем. Ҳамчунин он кишварҳо низ рӯйхати муассисаҳои худро ба мо фиристоданд".     
Номбурда бо таасуф гуфт, ки на ҳамаи шаҳрвандоне, ки барои пайдо кардани кор ба хориҷи кишвар мераванд, аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Аз миёни афроде, ки ихтиёран аз ташхис мегузаранд ва ба бемории сил гирифтор будани онҳо ошкор мегардад, ба табобат фаро гирифта мешаванд: "Тибқи маълумоте, ки мо дорем, теъдоди гирифторони бемории сил миёни афроде, ки аз Русия бармегарданд, дар қиёс ба онҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, зиёд аст".  
Соҳибназар Раҳмонов мегӯяд, заминаҳои ҳуқуқии баъд аз баргашт ба муоинаи ҳатмии тиббӣ фаро гирифтан дар сатҳи баррасӣ қарор дорад: "Вақте мо масъала гузоштем, ки ҳангоми ба Тоҷикистон баргаштани шаҳрвандон  метавонем дар фурудгоҳ бағоҷи ӯро то аз муоинаи тиббӣ нагузаштан, надиҳем, аксари созмонҳои байналмилалӣ ҳангома бардоштанд, ки шумо ҳуқуқи шаҳрвандонро нақз мекунед".      

Сил табобатшаванда аст, аммо…  

Табибон таъкид мекунанд, ки овозаҳо дар мавриди табобатнашаванда ва ирсӣ будани бемории сил асос надорад. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои сил, ки аз бемадорӣ, арақкунии шабона, камшавии вазн, беқуватӣ, сулфаи давомнок иборат аст, зуд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Табобати намуди оддии сили фаъол сабук ва камхарҷ аст.
Агар бемори сили маъмулӣ дар мӯҳлати шаш моҳ ва бо сарфи наздики 400 сомонӣ шифо ёбад, пас бемори шакли мутобиқгаштаи он дар ду сол ва бо маблағи 25-27 ҳазор сомонӣ муолиҷа мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, феълан дар таъмини ройгони дорувории зиддисилӣ ба беморон то соли 2014 мушкил надоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!