Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:29

Матни комили Баёнияи Теҳрон дар иҷлоси таърихии ҷунбиши адами тааҳҳуд

6 сентябр 2012, 11:57

Ба гузориши гуруҳи сиёсии хабаргузории Форс матни баёнияи 16-умин нишасти сарони кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Теҳрон дар таърихи 9-10 шаҳривар 1391 (30 ва 31 августи 2012)  ба ин шарҳ аст...

Мо сарони кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд дар 16-умин нишасти худ, дар 9 ва 10 шаҳривари 1391(30 ва 31 августи 2012) дар Теҳрон, Ҷумҳурии исломии Эрон, гирдиҳам омадаем ва шароити байналмилалиро бо ҳадафи кӯмаки муассир ба ҳалли мушкилоти умдае, ки боиси нигаронии ҳамаи кишварҳои узви ҷунбиш ва кулли башарият аст, мурур кардем ва бо илҳом аз биниш, усул ва аҳдофи ҷунбиши адами тааҳҳуд, ки дар конфронсҳои Вондунг (1955) ва Белгорд(1961) мавриди таъкид қарор гирифтаанд ва асоси талошҳоямон барои дастёбӣ ба ҷаҳони ҳамроҳ бо сулҳ,баробарӣ, ҳамкорӣ ва рифоҳ барои миллатҳо ҳастанд  ва низ бо такя ба таҷрибаҳои ҷунбиш дар гузашта ва тавони билқувваи кунунии он, бо таъкиди муҷаддад бар инки ҷунбиш, усул ва аҳдофи ҷунбиши адами тааҳҳуд ва шароити кунунии байналмилалӣ ҳамчунон муътабаранд, бо такя  бар дастовардҳои гузаштаи ҷунбиш дар мубориза бар алайҳи империализм, истеъмор, истеъмори нав, нажодпарастӣ, опортеид, истикбор ва тамомии шаклҳои мудохилаи хориҷӣ, таҷовуз, ишғол ва таъкид бар зарурати канор мондан аз эътилофҳо ба қудратҳо ва руёруиҳо, ки ҳамчунон меҳварҳои аслӣ дар сиёсатҳои ҷунбиш хоҳанд буд, бо таҷдиди аҳд бо усул ва аҳдофи ҷунбиши адами тааҳҳуд ва низ тааҳҳуд ба талош дар ҷиҳати кумаки созанда барои афкандани тарҳе нав дар равобити байналмилалӣ, бар мабнои усуле ҳамчун ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории мунсифона байни миллатҳо ва ҳаққи баробарии кишварҳо, бо таъкид бар усули иборит аз: ҳокимияти миллии кишварҳо, баробарии давлатҳо, тамомияти арзии кишварҳо ва адами дахолати умури онҳо; бо андешидани тадобири лозим барои гешгирӣ аз иқдомоти таҷовузкорона  ва дафъи ин иқдомот, ё дигар навъҳои поймолкунии сулҳ, ташвиқ ва тарғиби ҳамагон ба ҳаллу фасли ихтилофоти байналмиллаӣ бо шеваҳои сулҳомез ё ба ҳар тариқе,  ки сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва адолат ба хатар наафтад ; зимни худдорӣ аз таҳдид ва ё истифода аз зур бар алайҳи тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии ҳар кишвар ба ҳар тариқе, ки хилофи аҳдоф ва маншури Созмони милали муттаҳид бошад, бо таваҷҷӯҳ ба нукоти фавқ эълон мекунем:

1) Шаклгирии низоме мунсифона, ҷомеъ, шаффоф ва муъассире барои мудирияти муштараки ҷаҳонӣ,бар асоси адолат ва инсоф ва мушорикати ҳамаи кишварҳо, ҷиҳати муқобила бо мушкилот ва хаиарҳои кунунӣ, ки аз таҳдидоти амниятӣ, хатароти зист муҳитӣ, тағйироти обуҳаво, муҳоҷират,бемориҳои вогирдор, иқдомоти иқтисодӣ байналмилалӣ ва ғайра бар меояд, зарурӣ аст, барои барпоии чунин низоме, аъзои ҷунбиши адами тааҳҳуд мебояст мавзеъҳои худро ҳамоҳанг ва неруҳои худро сафарбар намуда ва дар ҷиҳати таъмини манофиъи кишварҳои дар ҳоли тавсиъа, гом бардоранд. Дар ин робита авлавиятҳое  ба шарҳи зер бояд дар назар дошта бошад:

- Ҳавзаи мудирияти ҷаҳонӣ бисёр густарда  буда, бар мавзуъоти марбут ба тавсиъа, бисёре аз дигар масоил ва мавзуъоти мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии кишварҳоро дар бар мегирад. Ҷаҳон  бо мушкилоте дар заминаҳои амниятӣ, иҷтимоӣ, зист муҳитӣ, беҳдоштӣ, паноҳандагон, маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромилӣ, ҳамалоти интернетӣ ва терроризм мувоҷеҳ аст. Ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ҳамчунон дар садри дастури кори бисёре аз кишварҳо қарор дорад. Сохтори кунунии тасмимгирии байналмилалӣ дар заминаи сулҳ ва амният, нокоромад аст ва дар баробари тағйир ёфтан, муқовимати бештаре нишон медиҳад.

- Созмони милали муттаҳид ба унвони ниҳоде ҷаҳоншумул, бояд нақши асосӣ дар шаклдиҳӣ ба чоҳорчуби ҳуқуқӣ  ва асосии идоракунии ҷаҳонӣ иҷро намояд . Аз ин ру ин созмон метавонад ва бояд нақши муҳиме дар талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои муштарак барои масъалаҳои муштарак, монанди эҷоди ҳамоҳангӣ байни тамомии созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалиии дигар дошта бошад. Барои инки Созмони милали муттаҳид дар хати масъалаҳои вобаста ба идоранунии ҷаҳонӣ қарор гирад, тақвият ва ислоҳи он бояд дар маркази таваҷҷуҳ бошад. Барои дастёбӣ ба чунин ҳадафе, эҳё ва тақвияти нақши Маҷмаъи умумии Созмони милал, аз ҷумла дар заминаи ҳифзи сулҳ ва амнияти бйналмилалӣ, таҷдиди сохтори Шурои амният, бо ин ҳадаф ки ин ду ниҳод мунъакискунандаи воқиятҳои ҷаҳони имруз бошанд, зарурӣ аст.

- Аҳамият ва ҷойгоҳи фазояндаи кишварҳои дар ҳоли тавсиъа аз назари иқтисодӣ бояд дар сохторҳои мудириятии ниҳодҳои калидии байналмилалӣ инъикос ёбад. Тасмимоти калидӣ марбут ба мавзуъи мудирияти(идоракунии) ҷаҳонӣ, дигар наметавонад дар инҳисори гуруҳи кучаке аз кишварҳои тавсиъа наёфта бимонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки сиёсатгузорӣ дар қиболи шумори зиёде аз мавзуъоте анҷом мешавад,  ки ҳамаи кишварҳоро таҳти таъсир қарор медиҳанд, зарурӣ аст ки кишварҳои дар ҳоли тавсиъа ҳузур ва нақши бештаре  дар ниҳодҳои муҳиме, ки дар пайи ҳамоҳаниги сиёсатҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳастанд, дошта бошанд.

- Буҳронҳои чанд соли ахир нокоромадӣ ва норисоиҳои ниҳодҳои молӣ ва иқтисодии байналмилалиро дар нотавонии онҳо барои пардохтан ба буҳронҳо ва ҳаракат дар ҷиҳати эҷоди ҳамоҳангиҳои лозим дар сатҳи калон , аён сохта аст. Аз онҷо ки ин ниҳодҳо тайи давраи баъд аз ҷанги дуюм эҷод шудаанд, қодир ба ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳони кунунӣ нестанд ва ин амр таъсироти манфӣ дар кишваҳои дар ҳоли тавсиъа дорад.

- Дар ҷомиъаи байнлмилалӣ ҳар миллияте дорои назарҳо ва арзишҳои хоси худ аст. Зиндаги сулҳомез ҳароҳ бо ҳамкорӣ дар сурате муяссар аст, ки гуногунӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шуда ва мавриди эҳтиром бошад. Аз ин ру талош барои таҳмили арзишҳо бар дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ, бояд парҳез шавад.

2) Ишғоли сарзамини Фаластин ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳамвора иллати аслии вазъияти буҳронӣ дар Ховар Миёна буда аст. Ҳар роҳи ҳалле барои ин буҳрон ниёзманди поён бахшидан ба ишғол, бозгардондани ҳаққи инкорнопазири мардуми Фаластин дар хусуси ҳаққи таъйини сарнавишти онҳо ва эҷоди кишваре пойдор ва мустақил  дар Фаластин бо пойтахтии Қудси шариф аст. Бозгардондани ҳуқуқи миллии мардуми Фаластин, танҳо роҳи барқарории сулҳи пойдор  ва мунсифона дар минтақа аст.

3) Нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ, тавҳини ошкоре ба каромат ва баробарии инсонҳост. Шаклҳои ҷадиди нажодпарастӣ ва ҷиноёти вобаста бо он дар қисматҳои мухталифи  ҷаҳон, боиси нигаронии бисиёр аст. Аз ин ру зарурӣ аст, ки бо андешидани тасмимоти қотеъ ва доштани иродаи сиёсӣ, ба тамомии шаклҳо ва намодҳои нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ, бегона ҳаросӣ, исломҳаросӣ ва монанди он низ ки дар  дар ҳар ҷое ки иттифоқ афтад,пардохта шавад.

4) Тамоми навъҳои ҳуқуқи башар ғайри қобили ҷудокунӣ ва вобаста бо ҳам ҳастанд. Масоъили ҳуқуқи башарӣ бояд бар асоси ҳамкорӣ ва руйкарди созанда, ғайри рақобатӣ, ғайри интихобӣ, одилона, мунсифона,бетарафона ва дур аз мулоҳизоти сиёсӣ, мадди назар қарор гиранд. Эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ, мудохила накардан дар умури дохилии кишварҳо, бо мадди назар қарор додани вижагиҳои фарҳангӣ , мазҳабӣ, иҷтимоъӣ, таърихӣ  ва сиёсии ҳар кишвар, аз дигар усуле аст ки бояд мабнои пардохтан ба мавзуъоти ҳуқуқи башарӣ бошад. Таваҷҷуҳи вижа ба ҳуқуқ ва зарфиятҳои занона ва ҷавонон ва мушорикати онон дар фарояндҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ зарурат дорад.

5) Таслиҳоти ҳастаӣ ғайри инсонитарин силоҳҳое ҳастанд, ки то кунун сохта шудаанд. Ҳифз ва нигаҳдории тавони ҳастайии тактикӣ ва роҳбурдӣ ва мудернсозии доимии онҳо  ва доктринаҳои низомии навин, ки асоскунандаи истифода аз онҳо, хусусан бар алайҳи кишварҳои маҳрум аз силоҳҳои ҳастаӣ ҳастанд, бузургтарин таҳдид алайҳи афроди башаранд. Паймони манъи паҳнкунии силоҳҳои ҳастаӣ, ҳақеро барои кишварҳои дорандаи таслиҳоти ҳастаӣ барои ҳифзи анборҳои худ ба таври номаҳдуд, ба вуҷуд намеоварад. Кишварҳои ёд шуда бояд ба тааҳҳудоти худ дар чоҳорчуби моддаи 6 паймони манъи паҳнкунии силоҳҳои ҳастаии худ, дар як чоҳорчуби замони мушаххас амал кунанд ва дар ин росто тадвини конвенсиюни ҷомеъи нобудкунии силоҳҳои ҳастаӣ, зарурат дорад.

6) Тамомии кишварҳо бояд битавонанд аз ҳаққи мусаллам  ва инкорнопазири худ барои тавсиъа, таҳқир, тавлид ва истифода аз энергии ҳастаӣ барои мақсадҳои сулҳҷуёна, бидуни табъиз ва мутобиқ бо тааҳҳудоти ҳуқуқии марбута, баҳраманд гарданд. Бинобарин, ҳеч чиз набояд ба тарзе тафсир гардад, ки ҳаққи кишварҳо барои тавсиъаи энергии атомӣ, барои мақсадҳои сулҳомезро манъ намуда ва ё маҳдуд намояд. Тасмимот ва интихоби кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи истифодаи сулҳомез аз фановарии ҳастаӣ ва сиёсатҳояш дар заминаи чархаи сухт, бояд муҳатарм шумурда шавад.

7) Дахлнопазирии фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ бояд муҳтарам шумурда шавад ва ҳаргуна ҳамла ва ё таҳдид ба ҳамла бар алайҳи таъсисоти сулҳомези ҳастаии фаъол ё дар ҳоли сохт, ҳамчун хатари ҷиддӣ алайҳи инсонҳо ва муҳити зист буда ва нақзи ҷидии ҳуқуқи байналмилал, усул ва аҳдофи маншури Милали муттаҳид ва муқарароти ожонси байналмилалии энергии атомӣ ба шумор меояд. Аз ин ру тадвини санаде ҷомеъ ва байналмилалӣ, ки ҳамла ва ё таҳдид ба ҳамла алайҳи тасисоти ҳастаии мавриди истифода барои тавлиди энергияро манъ кунад, мавриди ниёзи мубрам аст. Сохтори кунунии тасмимгирии байналмилалӣ дар заминаи сулҳ ва амният, нокоромад аст ва дар баробари тағйир,  муқовимати бештаре нишон медиҳад.

8) Кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд тавофуқ менамоянд ки аз шиносоӣ, тасвиб ё иҷрои иқдомот ё қавонини қаҳромези якҷониба ё фаромарзӣ, иборат аз таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ ва дигар иқдомоти таҳдидомез алайҳи кишварҳо ва баноргирии маҳдудиятҳои худсарона алайҳи сафари ашхос, ки ҳадафашон овардани фишор ба кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд- аз тариқи таҳдид бар алайҳи ҳокимият  ва истиқлол ва озодӣ дар тиҷорат ва сармоягузорӣ  аст, худдорӣ кунанд.
Кишварҳои узви ҷунбиш ҳамчунин тавофуқ доранд, ки монеъ аз таҳдиди ҳаққи кишварҳо барои тасмимгирӣ бар пояи иродаи озоди худ ва дар чаҳорчуби низомҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ,сиёсии худ шаванд, чаро ки чунин иқдомот ва ё қавонине ба маънои нақзи ошкори маншури Милали муттаҳид, қавонин байналмилал, низоми тиҷории чанд ҷониба ва меёрҳо ва усули ҳоким бар равобити дустона миёни кишварҳо аст. Дар ҳамин росто кишварҳо тавофуқ карданд, бо чунин иқдомот ва қонунҳо ва корбурди онҳо мухолифат намуда ва онҳоро маҳкум намоянд ва  якдилона дар пайи  хунсо кардани чунин талошҳое бошанд. Ҳамчунин Маҷмаъи умумӣ ва дигар ниҳодҳои Созмони милали муттаҳид, аъзои  ҷунбиши адами тааҳҳуд низ аз кишварҳо мехоҳанд дар ҳамин росто амал намоянд. Аъзои ҷунбиш ҳамчунин хостори он ҳастанд, ки кишварҳое ки чунин иқдомоте дар пеш мегиранд  ё чунин қонунҳоеро ҷорӣ мекунанд, бихоҳанд ки билофосила ва ба таври комил иқдомоти ёд шударо бекор намоянд.

9) Тамомии иқдомоти террорист, аз ҷумла терроризми давлатӣ, бояд бидуни ҳаргуна ибҳоме маҳкум шавад. Ҳамаи давлатҳо бояд дар робита бо таҳдиди терроризм, ки бар сулҳ, амният, субот ва тавсиъаи бисёре аз кишварҳои узви ҷунбиши адами тааҳҳуд таъсири манфӣ мегузорад, ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд бошанд ва дар ҷиҳати бунёди ҷаҳони орӣ аз терроризм бикушанд. Тамомии қурбониёни терроризм, аз ҷумла донишмандон ва муҳақиқини эронӣ, ки қурбонии иқдомоти террористии зидди башарӣ шуданд, шоистаи  амиқтарин ибрози ҳамдардӣ ҳастанд.

10) Зарурӣ аст, ки бо талошҳо барои ба таҳмили якфарҳангӣ ё таҳмили моделҳои хос, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, ҳуқуқӣ ё фарҳангӣ, мухолифат шавад ва гуфтугуи миёни адён, фарҳангҳо ва тамаддунҳо, ки метавон  ба тақвияти сулҳ, амният,  суботу тавсиъа, эҳтиром ба гуногунгароӣ бар асоси адолат, бародарӣ ва баробарӣ ва коҳиши руёруиҳо кумак кунад, афзуда шавад.

11) Ҷунбиши адами тааҳҳуд бояд тамомии имконоти худ ва аъзоро барои иҷрои қарорҳо ва иродаи сарони кишварҳои узв, ки дар асноди ҷунбиши мунъакис мешванд, ба кор гиранд. Бар ҳамин асос ҷунбиш мебояд дар садади эҷоди созукори мустаҳкам барои пайгирии аҳдоф ва иҷрои мусаваботи худ бошад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!