Бахшҳо
07 сен 2012 13:08Гузориш

Ҳамрайъӣ барои журналистон шарти зарурист

Ҷомеъаи хабарнигории Тоҷикистон ба хулосае омад, ки унвонии вазоратҳои қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд. Зеро вақтҳои ахир дар фаъолияти касбии онҳо мақомот монеъа эҷод менамояд…

Бахшида ба рӯзи ҳамраъйии журналистон дар толори хурди бинои «Шарқи озод»  ҳамойиши вижа таҳти унвони «Нақши ВАО дар таъмини суботи ҷамъиятӣ ва ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид.
Дар ин нишаст,  Акбаралӣ Сатторов, райиси ИЖТ, Хуршед Ниёзов, котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон, Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Зафари Суфӣ, мудири кулли Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон», Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати "Ориёно-Медиа", Саймуддин Дӯстов, райиси бунёди «ИНДЕМ»,Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОТ,Умед Бобохонов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс”, Раҷаби Мирзо, роҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”, Қироншо Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”, Ҳуриниссо Ализода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва намояндагони расонаҳои хабарии кишвар иштирок ва суханронӣ доштанд.

Дар нишасти мазкур бархе аз хабарнигорон ва муассисони расонаҳои кишвар аз муносибати сард ва бархӯрди дурушти ниҳодҳои қудратӣ тайи рӯзҳои ахир бо журналистон изҳори нигаронӣ карданд. Ба таъкиди онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вақти зарурӣ ба ВАО аз додани иттилоот ба ҳар баҳона худдорӣ мекунанд, аснои иҷрои рисолати касбии хабарнигорон ба онҳо монеъа эҷод менамоянд.
Иштирокдорони нишаст атрофи ҳаводиси Хоруғ, қатъ шудани алоқаи мухобирот ва интернет, инчунин чанд ҳодисае дигаре, ки дар Душанбе рух дода буд, ёдовар шуда атрофи ин ду мавзӯъ бештар сӯҳбат намуданд.

Дар мавриди ҳодисаи 6-уми сентябр (аз сӯхтори бозори Корвон ва то раҳпаймоии тоҷирон) қайд шуд, ки он рӯз садҳо нафар фурӯшандагони бозори «Корвон» дар пайи сӯхтори макони тиҷорати худ ба маркази шаҳр баромада, бо кӯчаи Саъдии Шерозӣ ҷониби корхонаи нассоҷӣ маъруф ба «Текстил» қадам мезаданд. Савдогарон изҳор медоштанд, ки ба шаҳрдорӣ барои расонидани арзу шикоят ва додхоҳӣ мераванд, на бештар аз он: «Дар ин росто журналистон инъикоси ҳодисаи мазкурро рисолати касбӣ дониста, пайи анҷоми вазифа буданд, аммо бархеи онҳо мавриди боздошт ва таҳдиди мақомот қарор гирифтанд, ки ин мӯъҷиби нигаронӣ аст».
Маврид ба ёдоварист, зимни сабт намудани рафти ҳодиса дар назди корхонаи мавсум ба «Текстил» чанд журналист- Зарринаи Хушвахт, Ибодуллоҳи Тоир, Саймуддин Дӯстов,   Зеваршоҳи Муҳаммад ва Ҳарамгули Қодиру чанд тани дигар мавриди таҳдиду зӯроварӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, аксбардору садогири онҳо гирифта шуд ва баъдан баргардонида шуданд.
Дар поёни ҳамойиш, ҷомеъаи хабарнигорон ба хулосае омад, ки унвонии мақомоти қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд.

Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)