Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:39

Арзи тоҷирони "Корвон"-ро кӣ мепурсад?

14 сентябр 2012, 10:14

Дар Амрико тунбоди шадиде ба амал омад... Заминларза Ҷумҳурии мардуми Чинро ба ларза овардааст... ва боз чанд хабари дигар аз рӯйдодҳои ҷаҳон ва кишвар.  Ин аст иттилои ТВ Тоҷикистон дар мавриди хабарҳои имрӯза ва чанд рузинаи дунё ва Тоҷикистон. Аммо аз бузургтарин сӯхтори даҳсолаи ахири шаҳри Душанбе, ки дар бозори машҳури "Корвон" сар заду беш аз 2600 дукони савдо сӯхта хокистар шуду мардуми зиёде бекор мондаву сарсону саргардонанд хабаре намешунавем.  Ҳатто аз хисороти мардум ҳам ҳарфе намегӯянд. Чаро? Ин мавзуест, ки хоҳем баргашт. Аммо пурсиши матраҳ ин аст, имрӯз беш аз ду ҳазор тоҷири хонасалот дар чӣ ҳоланд?

Барои огаҳӣ аз аҳволи мардум субҳ вориди бозор шудам.  Коргарон барои тоза кардани ҷои оташгирифта машғули коранд. Бисёре аз тоҷирон низ ба онҳо кумак мекунанд. Рустам ном тоҷири ин бозор, ки дар ҷойи дукони сухтааш қарор дошт мегӯяд: "Аз ман ду нуқта сӯхта нобуд шуд. Рости гап оташ аз мо хеле дур буд ва мо барои кумаки ҷойҳои оташгирифта рафтем ва мошинҳои оташнишонӣ омаданду об пошиданд ва обашон тамом шуд. То рафта об пур карда омаданд, ки ин ҷойҳо ҳам оташ гирифт". Ба гуфтаи ӯ агар мақомоти оташнишонӣ омодагии хуб медошт, сӯхтор ин қадар доман намезад ва мешуд, ки мардум молу амволи худашонро берун бикашанд.

Ба пурсиши он ки ҳоло чи мушкилие дар пеш доред, иброз дошт, ки хуб мешуд агар масъулини бозор барои бозпас сохтани дуконҳо ҳар чӣ зудтар кӯмак мекарданд.  
Аксар тоҷирон аз хабари он ки дар тӯли 5 сол аз иҷорапулӣ озод гаштаанд на он қадар қаноатманданд. Ба гуфтаи онҳо ин маблағи андак аст ва бо он ягон мушкилии худро наметавонанд тоҷирон бароварда кунанд: "Иҷорапулӣ чанд мешавад? Ба таври мисол 120 сомонӣ дар як моҳ яксолааш 1440 сомонӣ ва дар панҷ сол 7200 сомонӣ мешавад, аммо дар ин ҷо аксар мардум тамоми дороияшро дар бозор гузошта буд, ки сухтааст.  Ҳозир пеши кадом як дорандае меравӣ шубҳа карда намедиҳад. Масалан ман ягон пули дигар надорам. Фақат баъзе хитоиҳо ҳастанд, ки медиҳанд бору мегӯянд  бигиру ҳамкорӣ мекунем, аммо байни тоҷико тамоман манъ шудааст. Бозор бояд соз кунад ҷойи моро. Мо барои ҳар як метрии он 500 долларӣ додагием, ки аз ҳама бо зӯриву бо хушӣ аз доштаву надошта гирифтанд, ки дар 500 долар се чор метра мешавад обод кунем. Имрӯз вақташ расидааст, ки дасти моро бигирад то қоматомона рост кунем", мегӯяд ҳамсуҳбати дигари мо Маҳмадулло.

"Ҳар моҳ 138 сомони патент месупоридем, ки рӯзҳо дароз буданду кор мекардем, ҳоло рӯзҳо кӯтоҳ шуда истодаанд. Мо мегӯем, ки ҳамин андозро як муддат нагиранд. Панҷ сол даҳ сол аст кор кардему андоз супоридем имрӯз онҳо ҳам бояд фикри моро кунанд. Мо мехоҳем, ки моро дастгирӣ кунанд. Масалан ҳамин хитоӣ дар 2000 сомонӣ нася бор дод, ки кор кунам ва ҳатто аз 197 сомоние, ки қарздор будам 97 сомониашро нагирифт".

-Ман (мегиряд) тамоман сухтам. Аз банк қарз дорам беш аз 38 ҳазор доллар. Ҳоло намедонам, чи кор кунам? Ин чанд рӯз шуд дар хона касал хоб будам баъди сӯхтани бозор. Ҳоло нав мерам бинам чӣ ёрдаме мекунанд? Бозорова Дилафрӯз: "Ҳоло боз мегум хонаи хоҳарама дар банк залог монаму қарзҳои пешинаамро канам. Охир дигар илоҷ нест ва ягон кумаки ҷиддиеро ҳам надидаем. Ман нав бор оварда будам ва рӯзи ҷумъа молҳоямро дароварда будам, ки ҳамин кор шуд."

Меҳриннисо мегӯяд, ки бояд дар ин кор муҳофизини бозор ҷавоб гӯянд, зеро аз ҳар метри он аз тоҷирон пул мегирифтанд ва агар намедодед боз даҳ бор ба сарат меомаданд. "Ҳамин ман чор метр ҷо дорам ҳар моҳ чил сомонии маро мегирифт. Агар пул намедоштаму мегуфтам додар бирав рӯзи шанбе биё аз дасти ман чил сомониро бигир агар розӣ намешуд. Ана имрӯз барои чӣ ҷавоб намедиҳад, мардум ҳамашон сухтанд, ягон кас ба додмон нарасида истодааст. Ман ҳоло шаш кудаки ноболиғ дораму ва 13 сол шуд мардакам бемории қанд дораду коре кардан наметавонад".

"Албатта уно беҳтар буданд, ки як хас гум мешуд барқарор мекарданд. Ҳоло бошад касе ба додмон намераса. Чӣ меган як барқарор кардани ҷойи савдо … ин чӣ мешава? Ман шахсан аз банк 80 ҳазор сомонӣ қарз дорам, дуюм моҳ аст супоридан натавонистаам. Марҳамат касе бовар намекунад  биравад  хонама бинад. То раиси маҳалла ҳама медонанд, ки ҳатто қолини таги поям аз ҳамсояам аст. Ман ҳама чизе мекунам фақат барои фарзандом. Нав аз таги система хестаму ба такси савор карда оаврданам.  Ман таҳти назорати духтури дил қарор дорам аммо чӣ кор кунам? Касе ба додмон намерасад. Маҷбурем худмона як бало кунем, ки  соҳибони қарз ба саромон набиёяд ва боз ҳамон щаш кӯдаки ман дар сари роҳ мемонанд",мегӯяд ӯ.

Тоҷирон  талаб доранд, ки мушкилоти ягонаи онҳо ин кумаки пулӣ кардан аст. Ҳамсуҳбати мо аз масъулин ва мақомоти бозор танҳо як чизро талаб дорад:  "Ба додмон бирасан мо ягон тангаи дигар надорем. Акаҷон … хоҳиши мо танҳо ҳамин аст, ки пул надорем ва мо фақат дигар аз Эмомалӣ Раҳмон талаб мекунем, ки агар Ҷаонби олӣ ба додамон нарасад, дигар ҳеч кас намераса" .

-Мо ҳамон рӯз то ба текстил рафтем, дар роҳ мора заданд, ҳақорат ҳам карданд, аммо мо мегуфтем, ки мо ҷинояткор нестем, касеро накуштаем, ҳеч ҷойро оташ назадаем, чаро мора қама мекунед, шикоят намуд тоҷирзане.

Дар ҳамин асно Назаров Сайидраҳмон, раиси  кумитаи андози шаҳри Душанбе ба тоҷирон гуфт:
"…ҳамон аризаатон кифоя аст, ки фаъолиятатонро маҳкам кунанд. Ва касе мехоҳад фаъолият кунад. Ин барои касоне, ки фаъолиятро қатъ карданӣ аст ва касоне, ки мехоҳанд идома бидиҳанд бемалол омада ариза менависед, бе ягон маблағ онро медиҳанд ва шумо фаъолиятро шуруъ мекунед. Дар масъалаи пули  патентҳо ҳамин қадарро мехоҳам ба маълумоти шумо расонам, ки  мақомоти андоз мақомоти иҷроя ба ҳисоб меравад ва озод кардан аз патент ин ваколати ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти қонунгузорӣ аст. Минбаъда мумкин ҳукумат ҳам оиди ҳамин масъала  кор карда истодаанд , оянда мумкин ягон қарори алоҳида қабул шавад, ки онро мо ҳиччӣ гуфта наметавонем. Кадоме, ки қатъ кардани ҳастед маълумотномаи ҳамин бозор басанда аст."
Дар посух ба суоли тоҷирзане, ки мегуфт барои бидуни паспорт рафтаву қабул накардаанд, Назаров чунин гуфт:

"Фақат ариза нависед тамом. Кадоме, ки дар оянда давом доданӣ нест як справка мегирад, аз бозор ва як ариза тамом. Шумо медонед, ки барои қатъ кардан 20 сомонӣ боҷи давлатӣ аст, ки аз шумо намегирем. Маблағи то имрӯз напардохтаи патентро ҳам аз шумо намерӯёнанд. Ҳамин ки дар муддати кутоҳтарин аризаатонро супоред расман фаъолияти шуморо қатъ мекунанд".

Аммо аксар тоҷирон  фақат як талаб доранд, ки ҳукумати кишвар ва ё дигар ташкилотҳо хуб мешуд, ки барои онҳо қарзҳои бефоиз ё кумаки молӣ мекарданд то битавонанд хисороти худро ҷуброн кунанд.
"Аз куҷо гирем маблағро?" мегӯяд зане аз издиҳом
Дар ҷавоб ҷаноби Назаров гуфт, ки "ин дар салоҳияти Кумитаи андоз нест, вале тавре огаҳӣ дорем раиси шаҳр бозордорро супориш доданд, ки аз бонке дар гарави чизе қарз бигиранду барои ҳар ҷабрдида аз 500 то 1000 долларӣ пул бидаҳанд то ба фаъолият шуруъ кунанд. Бозор кафолат мешавад ва бонкҳо медиҳанд.
Ин маблағ қарзи бефоиз аст ва бозор кафолат мемонад ва ба шумо медиҳад, боз ба маълумоти шумо бояд бирасонам, ки қарз гирифтаед ва хонаро гарав гузоштаед.

Банк то шумо фаъолияти кориятонро шуруъ накунед банк хонаи шуморо кашида гирифтан ҳақ надорад".
Ин суханронӣ ва гузаштҳои Кумитаи андоз камее ҳамбошад мардуми ҷамъгаштаро дар назди бинои маъмурияти бозор ором кард, вале онҳо ба таваҷҷуҳу кумаки бештаре ниёз доранд.

Дар мавриди супориши шаҳрдор ба маъмурияти бозор танҳо ҳаминро бояд зикр кард, ки ин гуна маблағро ки ва ё кадом бонк бе фоиз медиҳад? Зеро тавре масъулини бозор меӯянд беш аз 2600 нуқтаи савдо нобуд шадааст ва агар ба ҳар кадоме 1000 доларӣ бидиҳанд  2 милиону 600 ҳазор доллар мешавад, ки маблағи андак нест ва бозордорон ҳам шояд ба ин пешниҳод розӣ нашаванд.
Чи мешавад ва ё чӣ хоҳад шуд хоҳем дид, танҳо он чизе, ки нигароникунанда аст ҳоли тоҷирони офатзада аст, ки аксар тамоми дороии хешро аз даст додаанд ва намедонанд чи кор кунанд. Аз як тараф қарзи бо фоизи бонкҳо ва хонаҳои дар гарав мондаи худу хешовандон, аз дигар тараф роҳи рушане не, ки қарзҳоро бипардозанд.. Хулоса  рӯ ба раҳми Худо..
Аз ҳоли тоҷирон боз пайгирӣ мекунем ва боз интизорем, ки дигар мақомот чӣ мекунад, то хубие ба тоҷирон оварад …

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!