Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:33

Демократия ва Ислом: стандарти дугона

21 сентябр 2012, 09:16

Демократия ё мардумсолорӣ низо ми сиёсиест, ки бар ҳокимияти мардум асос ёфтааст. Дар чунин низом, қарорҳо дар якҷоягӣ қабул шуда, ҳамагон имкон доранд ба қабули қарор ё ягон зинаи иҷрои он таъсиргузор бошанд. Агарчӣ мавҷудияти он дар дилхоҳ ҷамъият имконпазир аст, аммо аз сабаби қудрату ҳокимияти бештар, демократияро ба сохтори давлатӣ бештар нисбат медиҳанд. Шакли паҳншудаи он демократияи намояндагист, ки дар он мардум намояндагони худро дар вазифаҳои гуногун интихоб менамоянду курсинишинон аз номи интихобкунандагон ва мувофиқи хоҳиши онон мувофиқи тавоноиашон корҳои идоравию маъмуриро пеш мебаранд. Масъалаи дигар, ки дар демократияи имрӯза нақши калидӣ дорад, ҳуқуқи инсон аст. Аммо то куҷо ин демократия короӣ дорад ва амалишаванда аст?

Имрӯз мо мавҷудияти низоми мардумсолориро дар он мебинем, ки издиҳоме ҷамъ шаваду талаб намояд то дар низоми давлату ҳукумат иваз шудани чизеро талаб намояд. Бо талқини мамолики ғарб, ба хусус "гаҳвораи демократия" - Амрико, ки дар "ҷангҳои иттилоотӣ" пешдастӣ доранд, маҳз чунин тасаввур аз демократия дар зеҳни мардум ҷой гирифта аст. Тарафдорони таълимоти мардумсолорӣ, ки аз ғарб сарчашма гирифтаанд, инқилобро беҳтарин намунаи мардумсолорӣ мебинанд.
Истиқбол аз "баҳори араб" беҳтарин намунаи чунин тарафдорист. Аммо чанд фисади аҳолии он давлатҳо тарафдори чунин табаддулот буданд? Касе пурсиши умумӣ гузаронда буд? Дар ин хусус ҷое иттилоъе пайдо нашуд. Хостаи аксари мардум аз назарҳо дур монд.

Ҳамин аст стандарти дугона: муносибати "муаллимони демократия" бо кишварҳои исломӣ нисбати вазъи ҳуқуқи инсон ба куллӣ фарқ мекунад. Вақте дар замони авҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар Ню-Йорк тазоҳурот зидди низоми мавҷудаи молиявӣ сурат гирифт, пулис ҳама тавонашро истифода намуд то издиҳомро пароканда намояд. Аммо вақте дар Русия барои гузарондани "марши миллионҳо" иҷозат дода нашуд, ин кишварро "макони ноадолатию нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан" номиданд. Вақте дар Гурҷистон аҳолии манотиқи шарқии он озодӣ хостанд, неруҳои ҳарбии давлатӣ онҳоро тирборон карданд. Аммо вақте гурӯҳе дар ҳар кадом аз мамолики араб ҳукуматро нахостанд, ғарб бо дастгирии СММ аз ин истиқбол намуда ба инқилобчиён ёрӣ ҳам расонд.

Аммо таи як ҳафтаи охир ҷиҳати дигари мушкили стандартҳои дугонаро мебинем. Аз ҷумлаи мушкилоти аслии имрӯзи низоми демократӣ, ҳадди озодии баён аст. Мушкилоти вобаста ба озодии дин ва ҷудо будани ҳукумат аз дин, дахлнаёбандагии кишварҳои мустақил ва мухтори мамолик дар ҳалли қазияҳои дохилӣ - ҳама масоилест, ки аз он сарчашма мегирад.

Чанд нафар ифротбарангез дар ИМА филме таҳқиромез бо номи "Бегунаҳии муслимин" рӯи навор оварданд, ки дар он ҳарчӣ тавонистанд аз арзишҳои муқаддаси Ислом ва паёмбари он Муҳаммад (с) тавҳин намуданд. Табиист, ки дар паи он дар саросари кишварҳои мусулмон ва ҳатто Аврупо мардум бо тазоҳурот даст заданд. Садҳо ҳазор нафар аз Амрико ва ғарб мехостанд рафтори бадбинона нисбати ҷаҳони исломро қатъ намуда, ба сабту пахши чунин матолиб дигар роҳ надиҳанд ва он чӣ ҳаст аз миён бубаранд.

Аз таҷрубаи карикатура дар Дания ва қуръонсӯзӣ дар ИМА маълум буд, ки муслимин барои ҳифзи арзишҳои динии худ ҳар дафъа бештар садо баланд мекунанд. Агар нафаре аққалан чанд лаҳза аз ин филмро дида бошад, онҳоро дарк хоҳад кард.
Аммо мамолики ғарб ва созмонҳои байналмиллал, аз он ҷумла СММ, аз чунин рафтори мусалмонон сахт интиқод карданд. Сабаби аслии он марги сафири ИМА дар Либия буд, ки дар натиҷаи тирборон шудани бинои консулии ин кишвар дар шаҳри Бенғози ба қатл расид.

Ҳамзамон, муаллифони филмро касе маҳкум накард. Мувофиқи баёнияи раҳбари кунгураи умумимилли Либия Ал-Макриф, ин куштор "амали аз пеш омодашуда буда", бо тазоҳурот бастагӣ надошта асту роҳандозони он танҳо пайти мувофиқро мунтазир будаанд. Бар ин асос, агар се нафар амрикоии кушташударо канор бигзорем, чаҳор марги дигар дорем, ки аз ҷониби пулис дар Сурия ҳангоми пароканда намудани издиҳом бар ҷой монд. Ин танҳо рақами расмист. Касе аз мақомоти расмӣ ва намояндагии созмонҳои "ҳомии ҳуқуқи инсон" барои эшон ҳамдардӣ изҳор нанамуд ва ин амалро маҳкум накард.

Ҳоло мо чӣ дорем? Низоми ҷаҳонишавӣ, ки дар он дин, ба хусус Ислом, таҳқир мешавад. Дар мамолики аврупоӣ пӯшидани либоси исломӣ ва сатр ғайриқонунӣ эълом шуд. Дар баробари ин, аз Pussy Riot, ки барои амалҳои зидди одоби масеҳӣ дар калисо дастгир шудаанд, муҳофизат карда мешавад. Онҳоро ҳатто ба ҷоизаи Андрей Сахаров "барои озодии баён" пешбарӣ намудаанд.
Дар ҳоле, ки садҳо нафар мусалмон дар кишвари Бирма (Миёнмор) кушта шуданд, аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҷуз чанд изҳорот аксуламале сурат нагирифт, аммо дар баробари кушта шудани се нафар амрикоӣ, ду киштии ҳабрӣ ба соҳилҳои Либия сафарбар шуданд. Шояд, ин танҳо баҳонае буда барои ворид шудани қувваҳои мусаллаҳ ба минтақа? Агар тақсими неру дар чаҳонро ба назар гирем, то ҷое ин нуқтаи назар низ ҳақиқат дорад.

Имрӯз қудрат дар дасти Амрикост, ки бидуни муболиға пурқудраттарин кишвар аз нигоҳи ҳарбист. Ҳамчунин, нақши "лидерҳоро" Иттиҳди Аврупои рӯ ба бӯҳрон ва
Русияю Чин мебозанд. Аммо агар потенсиали кишварҳои арабро ба назар гирем, мамолики ин минтақа аз дигарон камӣ надоранд. Маҳз дар ҳамин ҷо манобеъи бузургтарини сарвати аслии ҷаҳони имрӯз - нафт ҷой доранд. Дар ҳамин ҷо миллионҳо нафар ҳозиранд барои дин, ё ба таври дигар гӯем - барои идея, сар аз як гиребон бароранд. То ду соли пеш, ин минтақа бештари сарвати молии ҷаҳонро ба худ ҷалб менамуд ва ҳаёт дар онҳо - ҳатто дар ҳамон Либия - аз баъзе кишварҳои ғарб бартарӣ дошт ки камӣ не. Комилан мантиқист, ки абарқудратон хостори пайдо шудани як қудрати дигар дар сатҳи ҷаҳон нестанд ва ба ҳар роҳ кӯшиш мекунанд аз рушди он ҷилавгирӣ намоянд. Дар баробари ин, бо ворид шудани ҳарбиёни худ, нуфузашонро дар минтақа мустақар намуда, идораи манобеъи бузурги сӯзишвориро таҳти контроли худ қарор медиҳанд. Нақзи ҳуқуқро баҳона қарор дода, сари ҳар низом ба ҳар роҳ дасти зӯр мебардоранд.

Ин ҳама дар сурате рӯи кор меояд, ки қавонини байналмиллалӣ аз озодии андешаю баён, дин ва арзишҳои дигар ҳамчун асоси ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунанд. Агар нафаре бо салиби шикаста (сластика) ба кӯча барояд, ӯро ба фашизм гунаҳкор намуда, то ҳукми қатл мебарандаш. Радди Ҳолокост низ аз ҷумлаи ҷиноятҳои сахттарин эътироф мешавад. Дар ҳамин ҳол, Терри Ҷонс ба қуръонсӯзӣ ва тавҳини Муҳаммад (с) мепардозаду ба маҳкама кашида намешавад. Ҳатто дар кишвари худамон ҳиҷоби занон, ки фарз асту риш, ки суннати пайамбар аст, нодуруст ҳисобида мешавад.

Ҳоло ки мардуми мусалмонро ба террор ва дастгирӣ аз он гунаҳкор медонанд, саволе ба миён меояд, ки сабаби ин ҳама куштору нооромӣ чӣ буда аст? Агар бо терроризму экстримизм мубориза мебарем, чаро бояд зидди мусалмонон террорро раво бинем ва экстремизми зидди динро қатъ накунем?
Аз солгарди террори соли 2011 замони зиёде нагузашта аст. Он террор бузургтарин дар таърихи ҷаҳон ҳисобида мешвад. Дар ҳошияи он ва дар охири мақола мегӯям:  Рӯҳи 2976 нафар қурбониёни террори 9/11 шод бод. Ҳамчунин, рӯҳи 48644 нафар афғонӣ ва 1690903 нафар ироқӣ, ки барои ҷинояти накардаашон бузургтарин қиматро пардохт намуданд. Ҳамчунин, садҳо ҳазор фаластинӣ, ки ҳар рӯз бо террор рӯ ба рӯ мешаванд. 9/11 барои онҳо 24/7 аст.

Рустам МАҶИДОВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!