Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:49

Русия бо майда-давлатҳои Осиёи Марказӣ бозии нав сар кардааст?

22 сентябр 2012, 06:14

Бишкек ва Маскав ба баҳс атрофи тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Қирғизистон хотима бахшиданд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев шартномаеро имзо карданд, ки тибқи он нерӯҳои низомии рус ҳуқуқ доранд, барои 20 соли дигар дар Қирғизистон мустақар бошанд. Тибқи мушоҳида дар ин баҳс Бишкек ҳам барои коҳиш додани мӯҳлати будубошӣ низомиёни Русия ва ҳам дар баъзе аз шартҳо то андозае муваффақ гардид. Зеро, Русия қарзи давлатии Қирғизистонро ба маблағи 489 доллар бахшид. Ба ҷуз ин Маскав ба Бишкек ваъда кард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Қамбар-ота» саҳм гузошта, сохтмони 3 нерӯгоҳи хӯрди дигарро низ сармоягузорӣ хоҳад кард. Тоҷикистон таҷрибаи қаблиро набояд фаромӯш созад Дар ҳамин маврид Аркадий Дубнов, коршиноси масоили минтақаи Осиёи Марказӣ дар як сӯҳбат гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҷаноби Путин чунин як масъалаеро ҳангоми боздид аз Точикистон низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Яъне, эҳтимол меравад Владимир Путин бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро бо Эмомалӣ Раҳмон матраҳ кунад. Ин дар ҳолест, ки Душанбеву Маскав 8 соли пеш чунин як таҷрибае доштанд. Таҷрибаи номуваффақ. Соли 2004 Русия ба Тоҷикистон ваъдаи сармоягузории бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро дод. Баъдан, бо сабаби иҷро накардани ӯҳдадорӣ Тоҷикистон якҷониба шартномаро бекор кард. Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар сурати ваъдабозӣ накардани Маскав, Душанбе дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» бо сармоягузории дигар кишварҳо дар солҳои гузашта ҳатман муваффақ мегардид. Чун пофишории ҳамсоякишвар- Ӯзбакистон он замон ҷиддӣ набуд. Бо таваҷӯҳ ба чунин таҷриба, таҳлилгарони тоҷик бар ин боваранд, ки Тоҷикистон набояд ин навбат ба Русия умед бандад. Зоҳиран, Путин бо ваъдаи сармоягузории пружаҳои энержии Душанбеву Бишкек қасди ба хашм овардани Тошкандро дорад. Чун додгоҳи Ӯзбакистон бештар аз ду моҳ мешавад, ки фаъолияти ширкати «МТС»-и русиро дар ҳудуди кишвараш қатъ кардааст. Ба бовари мақомоти додгоҳии Тошканд, сабаби аслии манъи фаъолияти ин ширкати бурунмарзии Русия да риоя нагардидани меъёрҳои қонунии Ӯзбакистон будааст. Таҳилгарон хисороти 3 моҳаи ширкати «МТС»-ро ба 2 миллирд доллар баробар кардаанд. Бояд гуфт, нисбати 4 масъули «МТС» додгоҳи Тошканд парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҳоло қасд дорад, ки сармояи ин ширкатро ба маблағи 700 милион доллар ба ҳисоби давлати Ӯзбакистон гузаронад. Ваъдаҳои ҷадиди Путин ба Бишкеку Душанбе Пас, суоли матраҳ ҳам ин аст, ки чӣ гуна дар чунин шароит Душанбеву Бишкек метавонанд ба ваъдаҳои Маскав оид ба амалисозии тарҳҳои энержӣ эътимод кунанд? Коршиносон бар ин назаранд, ки Русия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳамеша як ҳадаф дорад. Ин бароварда сохтани манфиатҳои худ. Ва агар имрӯз ҷаноби Путин ваъдаи сармоягузории пружаҳои энержии кишварҳои болообро кард, ин ҳам муввақатӣ аст, мегӯяд Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ. Ба бовари номбурда бо дахолат ба баъзе аз муноқишаҳои дохилии минтақаӣ Русия бо давлатҳои хӯрди Осиёи Марказӣ бозиҳои сиёсӣ анҷом медиҳад ва зимнан дар самти амалӣ кардани манфиатҳои худ пирӯз низ мешавад. «Ин сиёсати стратегии Русия дар минтақа аст. Маскав ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар минтақаи Осиёи Марказӣ як мавқеи номуаяйн дошта бошад. Аз ин хотир агар Русия ба фардо ваъдаи дастгирии бунёди тарҳҳои энержиро ба Тоҷикистон бидиҳад, пас ин ҳушдор ба Ӯзбакистон аст. На бештар аз ин. Маскав ба хубӣ дарк кардааст, ки дар сурати пурра дастгирӣ кардани бунёди нерӯгоҳи «Роғун» муносибаташ бо Тошканд боз ҳам печидатар мегардад»,- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов. Ин ҳам дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров, муовини роҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар дар бунёди тарҳҳои энержии худ дигар ба давлатҳои абарқудрат, ба хусус Русия такя нахоҳад кард. Душанбе мунтазири хулосаи ташхиси техникии Бонки Ҷаҳонӣ буда, қасди ҷалб кардани сармояи буруниро надорад. Ҳоло Русия тасмим дорад, то мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам устувор намояд. Масъулини Русия дар раванди ин гуфтушунид набояд мавқеъгирии коршиносони тоҷикро сарфи назар намояд. Чунки аксарияти таҳлилгарон андешаи мардумро ифода мекунанд. «Русия ҳамчун як кишвари абарқудрат ба хотири коҳиш наёфтани нуфузаш беҳтар аст, ки бастаи шартҳои давлати Тоҷикистонро бипазирад. Барои пиёда сохтани манфиатҳо Русия дигар роҳе надорад»,-муътақид аст Сайфулло Сафаров. Сиёсати Русия-дур нашаву наздик ҳам наё Таҷриба нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар баҳси масоили муштарак бо Русия ҳамеша ноком мешавад. Ба сифати далел метавон аз тарҳи «Роғун», иншооти «ОКНО» ва ширкати «ТалКо» мисол овард. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масоил коршиносон мегӯянд, ки ҳукмати Тоҷикистон набояд тамаркуз барои иҷорапулӣ бикунад. Зеро Маскав Душанберо як кишвари тобеи худ медонад ва ба ҳеч ваҷҳ барои будубоши низомиёнаш дар Тоҷикистон маблағе нахоҳад супурд. Аз ин хотир беҳтар аст, ки дар ин маврид Тоҷикистон аз Қирғизистон ибрат бигирад. Ба ҷойи пофишорӣ барои иҷорапулӣ, беҳтар аст, ки Душанбе аз Маскав дар дигар масоил имтиёз бихоҳад. Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ба Русия бояд тарҳи махсуси интиқоли сӯзишворӣ бидуни пардохти андозро пешниҳод намояд. Аммо зоҳиран Душанбе аз ин имтиёз низ бебаҳра хоҳад монд. Зеро пас аз мулоқоти худ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷаноби Шувалов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар робита ба масъалаи интиқоли сӯзишворӣ Вазорати энержии Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то вазъияти дохилиро омӯхта гузорише ба ҷониби Русия пешниҳод кунад. Ҳумайрои Бахтиёр


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!