Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:05

Хатсайрҳои навбаромад. Ё худсарии ронандагон

1 октябр 2012, 06:52

Рӯзи якшанбе, 23 сентябр, соати 13:30 дар бозори "Корвон" чун  ҳамарӯза  одам бисёр, тавре мегӯянд, замин  кафидаасту одам  баромадааст. Маълум, ки ҳама дар  интизори нақлиёти мусофирбар, аниқтараш, дар шикори "маршрутка"-ҳои хатсайри 28. Бале, "маршрутка"-ҳои №28-ро "шикор" мекунанд. Зеро "Старекс"-у "Газел"-у "Тангем"-хои бо №28 омада мусофиронро фуроварда, ба самти дигар тоб мехӯранду навиштаҷоти паси ойинаи пешро ба "ГАИ", "82", "102" иваз мекунанд.

Мусофирони зиёд, ки аксар дар дасту китф халтаву борхалтаҳои пурбор доранд, аз паси онҳо овора.

- Писар, бо маршрути 28 омадӣ, магар баргашта то Зарафшон намеравӣ?- ҳайратзада мепурсад муйсафеди халтабадасте.

- То ГАИ мерам, буфорад бишин, нафорат ихтиёрат…,- бепарво паси чанбари "Старекс" мешинад ронанда.

- Охир ин чӣ гап, ним соат шуд, ки роҳи 28 мепоем, ҳама то ГАИ, 82 меравед, инхела маршрут нест-ку!- мешӯрад зане дар як даст борхалтаву дар дасти дигар кудак.

- Холашка, чӣ бо 2 сомонӣ то Зарафшон бирем, мефорад бишин то 82, агане права качат накун, - ба ҷойи ронанда ҷавоб медиҳад ҷавони ҳузарбе аз курсии паҳлӯи ронандаи "Старекс"-и дигар.

Вақте "СТАРЕКС"-и рақами давлатии 25-49, хатсайри №28 дар истгоҳ қарор дод, мусофирони мунтазир хостанд вориди он шаванд, вале ронанда гуё ба аҳволи мусофирон механдид:

- Э, ман намерам, чӣ напурсида савор мешен? Ақаллан аввал  пурсен, ки мерӣ ё намерӣ? Ман намерам, дара пуш. То 82, 4 сомонӣ мерам, каседа  маъқулай, бшина, каседа не, нашина.

Як рӯз пеш аз ин,  мусофирбари рақами давлатиаш  19-01, бо навиштаҷоти хатсайри № 28 аз истгоҳи "ГАИ" то маҳаллаи Зарафшон аз нишастагон 2 сомонӣ талаб мекарду мегуфт, ки роҳҳо вайрона аст.

Пас, фикр кардам, ки шояд дар чанд рӯзи охир қимати роҳкиро боло рафтаасту бехабар ҳастем. Вале нозири истгоҳи маҳаллаи Зарафшон гуфт, ки касе нархи роҳкироро набардоштааст, шояд ин худсарии худи ронандагон бошад.

Чунин аҳволро дар истгоҳи бозори "Корвон" ҳамарӯза метавон мушоҳида кард. Вале рӯзҳои шанбею якшанбе, ки рӯзҳои истироҳатисту мардуми зиёд ба бозор мебароянд, ронандагони "маршрутка"-ҳои хатсайри №28 аз ин сӯиистифода мекунанд, як хатсайрро ба таври худ ба 3 ва ҳатто 4 қисм "тақсим" кардаву аз мусофирон пули бештар рӯёниданӣ мешаванд.

Ҳама медонанд, ки аз бозори "Корвон" хатсайрҳои "Корвон"-ГАИ", "Корвон"-Маҳаллаи 82", "Корвон" - Маҳаллаи 102" вуҷуд надорад, вале ноилоҷ монда, ба "маршрутка"-ҳои ин "хатсайрҳои навбаромад" савор мешаванд. Вале чаро кормандони БДА, Хадамоти нақлиёт ва чандин дигар идораву хадамоти назоратӣ рӯзҳои истирохат, ба ибораи маъмул рӯзҳои бозор, дар ин ҷо пайдо нестанд, то он ронандагони худсарро ба худ оварда, тартибу низоми нақлиётро таъмину танзим намоянд?

Дар дигар хатсайрҳои мусофиркашонии пойтахт низ аҳвол аз ин беҳтар нест. Пас, суоле пайдо мешавад, ки пеши роҳи ин гуна худсариҳои ронандагони маршруткаҳоро бояд бигирад? Ҳукумати шаҳр? Муассисаҳое, ки барои хизматрасонии "маршрутка"-ҳо литсензия медиҳанд? Бозрасии давлатии автомобилӣ? Хадамоти назорати нақлиёт?  Вакилони маҷлисҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он?
Кӣ?

Фархунда Шарифова


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!