Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:04

Манфиати миллӣ

25 октябр 2012, 05:57

Чандест, ки мушоҳида мешавад дар баррасиву решаёбии мафҳумҳои бунёдӣ ва ҳатто арзишҳо ба номафҳумиҳо рӯ ба рӯ мешавем. Шояд ин ҳолат барои як кишваре бо сохтори навпои давлатдорӣ як падидаи маъмулӣ ва қобили қабул бошад. Вале барои мардуме, ки таърихи беш аз панҷ ҳазорсолаи давлатдориро пушти сар карда ва дар таърихи инсоният бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи аввалин мафҳуму меъёри арзишӣ, яъне ҳуқуқи башарро муаррифӣ кардаву онро дар шакли эъломия пешниҳод намуда, бетавваҷҷӯҳӣ ба муҳтавои мафҳумҳои арзишӣ ба ростӣ беэҳтиромӣ дар баробари таърихи ифтихоромези миллати худ аст. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки мафоҳими бунёдӣ ва арзишӣ беш аз он ки ифодагари як таъбир ё вожаи забоне бошанд, таъбире дар ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ғайра доранд. Саҳлангорӣ дар ин маврид нишони заъфи сохторҳои дахлдори як давлат мебошад. Таври мисол вақте мафҳумҳое чун ормони миллӣ, идеяи миллӣ, манфиати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва ғайраро ба кор мебарем, ба ҷуз мазмуни забонии он ба бори муҳтавоии он аз нигоҳи улуми дигар низ бояд таваҷҷуҳи комил дошта бошем.
Пешдаромаде барои пажуҳиши роҳбурдӣ перомуни ин мафҳуми калидӣ ва арзишӣ

Як мисол; чанд гоҳе пеш бо пироҳани сиёсӣ ва таблиғотӣ пӯшондани ҳукуматҳои Узбакистон ва Тоҷикистон ба тарҳи бунёди обанбору нерӯгоҳи Роғун мафҳуми идеяи миллӣ дастхуши каҷфаҳмиву нофаҳмиҳо қарор гирифт. Ёдам намеояд, ки кай ва чи касе бори нахуст ин мафҳумро ба иншооти Роғун нисбат дод ва ин ҷо муҳим ҳам нест, ки паи ҷустуҷӯи он биравем. Муҳим он аст, ки як мафҳуми арзиширо ба василаи таблиғот табдил кардан хостанд. Идеяи миллӣ бояд фарогири арзишҳое бошанд, ки садсолаҳо зинда ва заруриянд. Аммо Роғун як иншоотест, ки дар сурати талоши дуруст ва ҳисобшуда метавон онро таи чор- панҷ сол ба итмом расонд ва табиист, ки дар баробари амали анҷомгирифта қарор гирифтани тарафи муқобил боиси аз байн рафтан ва ё ҳадди ақалл хеле заъиф шудани шиддати эътирозҳояш мегардад. Дар он сурат моро ҳам лозим меояд ба иншооти мазкур на аз дидгоҳи сиёсиву таблиғотӣ, балки аз назари мантиқӣ бингарему як тарҳи иқтисодӣ будани онро бипазирем. Ва табиист, ки бо ин васф идеяи миллӣ буданаш низ аз байн меравад. Роғун як зарурати инкорнопазир барои рушди иқтисодӣ ва мавқеъи минтақаии кишвари мост ва он бояд сохта шавад, вале ҳеч ниёзе надорад, ки дар ин росто мафҳумҳои арзиширо беарзиш кунем.

Ба сифати ҳошия зикр мекунам, ки идеяи миллӣ барои кишвари мо бунёди як ҷомеаи воқеан мардумсолор ва таъмини зиндагии дар камоли рифоҳ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву, мазҳабӣ, фарҳанги ва инсонӣ, фароҳам сохтани заминаҳои рушду пешрафт барои ҳар фарди ҷомеа ва дар маҷмуъ тамоми кишвар бояд бошад. Яъне ниёзҳои волову арзишие, ки садсолаҳо инҷониб ва то ба имрӯз ҷомаи амал ба бар накардааст. Идеяи миллӣ фарогири ин гуна арзишҳои волост ва набояд талошҳои лаҳзаиро бо он омезиш доду аз азаматаш кост.

Бо ин пешдаромад зикр мекунам, ки лозим аст пеш аз оғози баҳсу гуфтугӯ дар мавриди ин ё он мафҳуми фарогир сараввал таърифи ҷомеъ ва илмӣ аз он мафҳум дошта бошем. Ба назар мерасад, ки мисли хеле аз мафоҳими дигар мафҳуми манфиати миллӣ низ то кунун ношинохта боқӣ мондаву дар хеле ҳолатҳо мавриди сӯистифодаи огоҳонаву ноогоҳона қарор мегирад.

Ба назари инҷониб ҷомеътарин таърифи мафҳуми мазкур ин аст, ки манфиати миллӣ иборат аз маҷмуъи дороиҳои як кишвар аст. Дар зимн бояд таъкид кард, ки вожаи миллӣ дар ин ибора ифодагари мазмуни тааллуқ доштан ба ин ё он миллат нест, балки ба маънои кишвар метавон онро таъбир кард. Яъне манфиати миллӣ маҷмуъи дороиҳои табиӣ, зистмуҳитӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва зеҳнии мардумонест, ки дар як ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ зиндагӣ кардаанду зиндагӣ мекунанд. Бартарият додан дар ташреҳи манфиати миллӣ он қавмеро, ки кишвар ба номаш аст, маънии онро дорад, ки манфиати миллиро бо хатар рӯ ба рӯ мекунанд. Агар касе ин корро ноогоҳона ва аз мавзеъи ноошноӣ бо мафҳуми аслии манфиати миллӣ анҷом медиҳад, мешавад онро нодида гирифт ё барояш ташреҳ кард. Аммо агар огоҳонаву бо дидгоҳҳои ифротии сиёсӣ ва нажодгароёна матраҳ мекунад, бояд ба он муқобила намуд, зеро воқеан ӯ хайрхоҳ нест, балки душмани манфиати миллист.

Ҳамеша чунин будаву шояд чунин боқӣ бимонад, ки ташреҳи манфиати миллӣ аз дидгоҳи сиёсӣ дар ағлаби маврид бидуни арзёбиву баррасии жарф сурат мегирад.

Соҳибони ин дидгоҳ бештар аз мавзеъи манфиати сиёсии худу атрофиёнашон дидгоҳҳои яксӯяе матраҳ мекунанду ба дунболи он мешаванд, ки ба ҳар роҳу василае ин дидгоҳро ба дигарон бипазиронанд.

Шояд бархе масоил бар салоҳи ҷомеа дар ин ё он мавқеъ бошад, аммо ҳатман наметавон гуфт, ки он дар ростову таъмини манфиати миллӣ буд. Масалан қонеъ кардани иддаоҳои ин ё он кишвар ба ин ё он гӯшае аз хоки диёр шояд дар ҳамин маҳдудаи замонӣ ва зоҳиран ба салоҳи ҷомеа бошад, зеро метавонад амнияти кишварро аз таҳдиде наҷот диҳад ва шояд то андозае боиси ҷалби сармояҳои он кишвари муддаӣ шавад. Аммо як муҳимро набояд фаромӯш кард, ки марзу ҳудуди кишваре як ҷузъи роҳбурдии манфиати миллӣ барои шаҳрвандони ҳар кишварест. Гузашта аз ин бар асоси арзёбиву ҳисобҳои сиёсӣ дастбурд задан ба манфиати миллӣ метавонад дар дарозмуддат байни мардум ва ҳукумат фосилаву ҷудоӣ эҷод кунад. Табиист, ки ин ҳолат метавонад аз ҳар таҳдиди хориҷӣ чандин маротиба хатарноктар бошад. Мисоли рушани ин падида дар кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон рух дод, ки ҳарчанд қудтарҳои хориҷӣ пуштибонии ҳамаҷониба доштанд, аммо ҳукумат бо сарварии Қурмонбек Боқиевро мардум аз қудрат ронд ва ҳарчанд омилҳои дигар низ бетаъсир набуданд, вале омили таъсиргузортарин дар падид омадани ҷудоии мардум аз ҳукумат дар ихтиёри Чин қарор додани бахше аз хоки Қирғизистон аз сӯи ҳукумати Боқиев буд. Беш аз ин мардум ба ҳеч ваҷҳ мансабдоронеро, ки порае аз сарзаминро ба дигарон додаанд, нахоҳад бахшид в ин доғ бо ҳеч шустан пок намешавад.

Манфиати миллӣ мафҳуми лаҳзаӣ, яъне тактикӣ нест, балки як мафҳуми роҳбурдӣ, яъне стратегист. Албатта бархурди тактикӣ ба ин мафҳум бештар аз сӯи сиёсатмадорон сурат мегирад ва дар ин росто ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва аҳли адабу рӯзноманигорони маддоҳ низ бо мантиқи чоплусияшон бардоштҳои ифротиву тактикияшонро аз манфиати миллӣ метавонанд матраҳ намуда то ҷое боиси сардаргумӣ андар дарки ин мафҳум дар ҷомеа, ба вижа байни ҷавонону навҷавонон шаванд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳукумат дар шакли маъмулияш дар имрӯзи ҷаҳон шомили як гурӯҳи муайян аз ҷомеа мебошад. Табиист, ки ин гурӯҳ тақозо ва манфиатҳои худро дорост. Аз ин лиҳоз дар баъзе маврид манфиати ҳукумат метавонад бо манфиати миллӣ созгору ҳамоҳанг набошад ва ҳукумат кореро анҷом диҳад, ки дар ростои манфиати худи ӯст...

Талошҳои сиёсӣ дар ташреҳи манфиати миллӣ таи солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ боиси эҳё шудани расми душманкобӣ ва дар ростои тафсиру талқини мафҳуми манфиати миллӣ низ ба кор рафтани ин расми хато шудааст. Сиёсатмадорон ва маҳфилҳои тарғибгари онҳо барои таҳкими ҷойгоҳи ин ё он мафҳум ва аз ҷумла манфиати миллӣ талоши фаровон доштаву доранд, ки ҳатман дар баробараш он сӯи марзҳо душману бадхоҳе пайдо кунанд ва он душманро боиси таъмин нашудани ин ё он бахш аз манфиати миллӣ ҷилва диҳанд. Албатта ин гуна талош дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида мешавад ва ин худ далели дуруст таъриф нашудани мафҳуми манфиати миллӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, ҳамон гуна, ки зикраш рафт, дар ҳамин душмантарошиҳои сиёсӣ низ аксаран арзёбиву баррасиҳои жарф сурат намегирад ва сиёсатмадорону маҳфилҳои тарафдори онҳо бештар ин талошро на дар ростои дифоъ аз манфиати миллӣ ва беш аз ин воқеан нишон додани душманиҳои ҳукумати ин ё он кишвар, балки бештар барои ҷалби афкори мардум ва ба қавле барои масрафи дохилӣ анҷом медиҳанд. Як бадии дигар дар ин амали онҳо ба таври ғайримустақим бузург кардани ҳукумати кишвари дигар дар назди мардуми кишвари худашон мебошад. Масалан вақте ҳукумати Узбакистон дар ростои таблиғоти худ ҳукумати Тоҷикистонро таҳдид ба манфиати миллии худ ҷилва медиҳад, дар назари мардуми он кишвар ғайримустақим ҳукумати Тоҷикистонро бузург мекунад. Ҳамин ҳолат айнан дар шакли баракс низ метавонад падид ояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки гоҳо дар ҷӯши эҳсос таъбиру мафҳумҳоро нодида мегиранд. Масалан сиёсатмадорони мо ба ҷои он, ки бигӯянд "фалон амали ҳукумати Узбакистон" мегӯянд ё менависанд "фалон амали узбакҳо" ва сиёсатмадорони Узбакистон низ ҳамин тарзи гуфтору навишторро фаровон ба кор мебаранду ба ҷои ҳукумати Тоҷикистон вожаи тоҷиконро истифода мекунад. Ҳол он ки дар Тоҷикистон беш аз як миллион узбак ва дар Узбакистон беш аз ҳашт миллион тоҷик зиндагӣ мекунад. Ба иборати дигар манфиати миллӣ дар Тоҷикистон ба узбакҳои сокини ин кишвар ва дар Узбакистон ба тоҷикони муқимии он кишвар низ тааллуқ дошту дорад. Гузашта аз ин ҳама бояд мафҳуми давлат ва ҳукуматро дуруст арзёбӣ ва ташреҳ кунем. Яъне ҳукумат ин давлат нест, балки як ниҳоди идора аст ва агар як нафар нисбати ҳукумат дидгоҳи танқидӣ дорад ба ҳеч ваҷх набояд ҳамчун шахси норозӣ аз давлат пазируфта шавад. Беш аз ин манфиати ҳукуматро набояд сирфан манфиати давлат ва миллат донист, зеро ҳеч ҳукумате комилан миллӣ ва сад дар сад пуштибони манфиати миллат набудаву баъид аст, ки битавонад бошад.

Истиқлоли зеҳнӣ дар таъмини манфиати миллӣ нақши таъсиргузоре метавонад дошта бошад. Маъмулан тангноҳо, чи аз назари табииву ҷуғрофиёӣ ва чи аз назари сунъӣ ва эъмоли фишорҳо метавонад заминасози талошҳои бузургу созанда бошад. Албатта агар он мардуме, ки гирифтор дар ин тангно шуда, воқеан зеҳни созанда ва беш аз ин истиқлоли зеҳнӣ дошта бошад. Таҷрибаи Ҷопон, ки аз назари табиӣ дар тангно қарор дорад ва бо баҳрабардорӣ аз зеҳни халлоқашон манфиати миллӣ ва рушди пойдори кишварро таъмин кардани ҷопониҳо арзандаи омӯзиш ва баҳрабарист. Таҷрибаи Эрон, ки таи се даҳаи пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ аз сӯи қудратҳову абарқудратҳои ҷаҳон таҳти таҳрим ва фишорҳои иқтисодиву сиёсӣ қарор дошт, аммо бо такя ба истиқлоли зеҳнӣ ва корбурди созандаи зеҳни халлоқи фарзандони кишвар ҳам манфиати миллияшро таъмин намуд ва ҳам ба пешрафтатарин фановариҳо даст ёфт ва рушди пойдоре дорад, низ метавонад мисоле барои муқоиса ва корбурд бошад.

Ба назар мерасад лозим аст, ки мафҳуми манфиати миллӣ ҳадди ақалл др ин чанд бахше, ки дар поён зикр мешавад, баррасиву арзёбӣ гардад ва албатта чунин пажуҳиш на кори як шахс, балки бояд кори дастҷамъонаи гурӯҳе аз пажуҳишгарони воқеъӣ ва содиқ ба илму озодаву вораста бошад. Инак мавзӯъбандӣ:

1. Манфиати миллӣ аз назари табиӣ
2. Манфиати миллӣ аз назари зистмуҳитӣ
3. Манфиати миллӣ аз назари марзӣ ё ҳудудӣ
4. Манфиати миллӣ аз назари иқтисодӣ
5. Манфиати миллӣ аз назари таърихӣ
6. Манфиати миллӣ аз назари фарҳангӣ
7. Манфиати миллӣ аз назари мазҳабӣ
8. Манфиати миллӣ аз назари зеҳнӣ ё худ зеҳн ҳамчун як ҷузъи асосӣ ва таъсиргузор дар манфиати миллӣ.


Зафари СӯФӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!