Бахшҳо
25 окт 2012 08:33Иҷтимоӣ

Ид, бебарқӣ ва носеҳони танзимгар

Вақтҳои охир иддае аз рӯзноманигорон, таҳлилгарон, коршиносони масоили ину он соҳа ва дар маҷмӯъ, "қаламкашони муҳаққиқ" ба панду андарзхонӣ ва насиҳати райияти заҳматкаши кишвар пардохтаанд. Ин носеҳон миёнро аз ҳафт ҷояш маҳкам баста, ба мардум аз танзим ва сарфаю сариштакорӣ мегӯянд. Инак, ба идҳои мусулмонӣ ва тарзу шеваи камхарҷтари гузаронидани маъракаҳои маросимиву ҷашнӣ дахолат карда, гӯё хидмати бузургу мондагоре ба мардум мекарда бошанд, ба онон андарз мехонанду андарз мехонанд.

Иди Қурбон чун ҳарсола бо ҷорӣ шудани реҷаи барқ дар кишвар рост омад
Шарт нест, ки пулу маблағҳои зиёдеро баҳри маводи ғизоӣ, қанду ширавор ва анвои меваҷот, танҳо ба хотири орову зеб додани рӯи дастурхони идӣ сарф кунем,-вазъ мехонанд носеҳон. Дар кули мамолики билоди исломӣ чунин як наҳваи пешвозгирии иди рамазон ва Қурбон ба мушоҳида намерасад, чаро мо аз онон ибрат нагирем?- суол медиҳанд воизони қаламбадаст. Чаро мо ба тамаддуни пешрафта баробар шудан намехоҳем? Чаро кӯдакону бачагони мо хона ба хона қадам зада, аз қавле "харҷию идӣ" талаб мекунанд? Ва ғайра ва ба ин монанд пурсишҳои гӯё ҳайратбарангез медиҳанд? Ва боз…

Ва боз ту гӯӣ ин мардум кӯру кар ва аз воқеияти талхи мавҷуда бехабар бошанд, носеҳон "дилсӯзӣ" мекунанд, ки шароит надоред, "ба кӯрпаатон нигоҳ карда поятонро дароз кунед!"

Маро аламе дар дил рӯ мезанад, ки олуда ба ғазабу нафрат аст. Мехоҳам аз ин носеҳони бехабар ошкоро бипурсам, ки ба ҳамаи ин нобасомониҳои рӯзгор ва вазъу ҳолати печидаву мураккаб ва мушкилоти мардум кӣ гунаҳкор аст?

Мегӯед, ки шароити иқтисодиву иҷтимоии мардумхеле вазнин аст. Оре, ҳамин тавр аст ва ин аз касе пӯшида нест. Аммо чаро шумо (манзур ҳамин носеҳони қаламбадаст) намегӯед, ки чаро зарфи 21-сол ҳамин мардум бо ҷои кори доимӣ таъмин карда нашуданд? Чаро заводу фабрикаҳо ва корхонаҳои бигузор кӯчаки истеҳсолӣ ба пуррагӣ бунёд карда нашуданд? Чаро тӯли ҳамин муддат барқ ба мардум дода намешаваду ҳар сол масъулону роҳбарони ширкати "Барқи тоҷик" райиятро бо сафсаттаву варсоқихониҳо ва ваъдаҳои дурӯғин гул мезананду фиреб медиҳанд? Чаро Вазорати саноат ва энергетика корхонае таъсис  надод, ки як матои ватание истеҳсол кунад, то дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад? Чаро вазоратҳои молия, иқтисод, кумитаи андоз наметавонанд барномаи вожаи раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодиро кор карда бароянд? Чаро бо тағйиру ислоҳи кодекси андоз ташвишу азоб ва сарсониву оворагиҳои заминдорони хоҷагиҳои фермериро аз будаш зиёдтар мекунанд?

Чаро вазорати кишоварзӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулот ва маводи ғизоӣ ва таъмини пурраву комил ва арзонтари он ҳама маҳсулот  ҳеч кори чашмрасу самарабахше ба анҷом намерасонад? Врқеан чаро?

Чаро вазорати тандурустӣ аслан бемористону марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба ҳоли худ гузоштааст, ки дар ин макони шифобахш ва эҳёи саломатии мардум ҳар як амали кӯчаку ҷузъӣ бо ПУЛ баркашида мешавад? Чаро дар аксари дорухонаҳо шахсони тасодуфӣ ва камсавод ба фурӯши маводи тиббӣ машғуланд? Чаро боре ин нуқтаҳои доруфурӯшӣ аз ҷониби намояндагони Вазорат санҷида намешаванд?

Чаро дар ҷумҳурӣ фурӯши замин ва талаву тороҷи ин моликияти истисноии давлат ба авҷи аъло  ва нуқтаи баландтарини худ расидаасту ҳеч  як масъули ҳифзи ҳуқуқ аз он парвое надоранд? Чаро???

Ҳамакнун дар бахши аъзами музофоту навоҳӣ баҳузуру нотарсона заминҳои хоҷагиҳои фермериро, ки сертификат доранд ва дахлнопазиранд, озодона фурӯхта пул мекунанду ҳукумат хомӯш аст? Чаро???

Чаро раисони ҷамоатҳо, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо амалан кору фаъолияти назаррасе надоранду вазифаву рисолати худро иҷро намекунанд ва бахши фаровони эшон афроди тасодуфӣ ва солхӯрдаанд? Магар ба ҷавонони кордону соҳиблаёқат ва мутахассисони ҳирфаӣ дар ин кишвар қаҳтӣ омадааст???

Чаро аз рӯи таъбири "аввал хешу баъд дарвеш" амал карда, тоифаи зиёди амалдорону соҳибмақомон дар деҳоту музофот вазифаҳоро ба пайвандони хеш ҳиссу бахш кардаанд?

Чаро???

Ана сабабу омилҳои ин ҳама бебандубориро дар ҷомеа бояд ҷусту дарёфт.

Ва аммо…

Мо, як идда қаламкори "соҳибмаърифат" бар ивази фош намудану бозгӯӣ сохтани камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ва зарба задан ба маҳалгароиву хешу пайвандсолорӣ роҳи бас сабуку осонро ёфтаем:

Насиҳат ба заҳматкаши бечора. Ки дар рӯзҳои ид хароҷоти зиёд накунаду кӯдаконашон хонаҳо баҳри "Идӣ" нараванд. Афсӯс!

Бояд ин омилро некӯ бидонисту дар гӯш ҳалқа кард, ки халқи тоҷик  бо ана ҳамин дастурхони пурнозу неъмат, ки кулчаҳои ширмол дораду тухму ҳалво асрҳову қарнҳо номдору шӯҳратёр буд, ҳаст ва мемонад ва касе наметавонад, ки ба ин одату анъанаи қадимаву куҳани он тағйироту ислоҳот дарорад.

Ҳеч як булфузулу  зиёӣ ва қаламбадасти бомаҳораттарини кишвар.

Аз мансабдору масъулони бахши танзим умуман ҳарфе дар  миён намеандозем, ки мояи хиҷолати мову шумост, хонандаи азиз!

Ид муборак, мардуми шарифи тоҷик!!!

Ш. СУҲАЙЛ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)