Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Кӯлоб: Мавсими имонсӯзӣ фаро расид

25 октябр 2012, 09:29

Ҳамасола бо фарорасии мавсими идҳо, ба хусус идҳои милливу исломӣ, арзиши маводи хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ ба тадриҷ боло меравад. Бонги ҳукуматдорон, шурӯъ аз президент то масъулини дигар, ки савдогаронро ба инсофу имондорӣ даъват мекунанд, натиҷае ба бор намеорад. Ин ҳолат беш аз 20 сол аст, ки идома меёбад.

Гумон меравад, туҷҷори тоҷик дигар на танҳо инсоф надорад, ҳатто имонсӯзӣ мекунад. Ҳамон масали дурӯғини фитнаангези «аввал нон баъд имон»-ро ончунон аз худ кардаву дар қалб ҷо намудаанд, ки дигар бо ягон ҷарроҳӣ наметавон онро канда гирифт. Аҷиб аст, ки дар мавриди боло рафтани нархи хӯрока ба рӯзҳои идӣ, ягон нафар ҷазо намебинад, ҳатто ҷарима намешавад. Ин дар ҳоле ки ҳамаи масъулин аз он изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар аксари маврид масъулин барои раият маслиҳат медиҳанд, ки аз харидории маводи хӯрокаи гаронарзиш худдорӣ намоянд. Ин дар ҳолест, ки ҳамин ҳукуматдорон ба пуррагӣ медонанд, ки барои мардум дигар чорае ба ҷуз харидории он нест. Зеро, дар хонадони марди мусалмон дар рӯзи иди исломӣ дастархони идона ҳатман бояд ороста шавад. Дар ин рӯзҳо хонаи марди мусалмон ҳамеша пур аз меҳмон аст. Ана ҳамин чизи оддиро савдогарон хуб медонанд ва сару садоҳои масъулин заррае вазъро тағйир намедиҳад.
Гумони ғолиб ин аст, ки то ягон савдогари бозор бо ҷурми баланд бардоштани нархи мавод муҷозот нашавад, ҳеч гоҳ вазъият дигар намешавад.         

Дар Кӯлоб «гузаронданд»…
Ҳанӯз 3 рӯз пеш аз иди Қурбон дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб мавсум ба «Саховат», нархи маводи хӯрока, ба хусус меваҷоту ангур ва сабзавоту полезӣ якбора як маротиба боло рафт. Тайи 20 соли ахир барои нахустин маротиба аст, ки нархи меваҷот дар ин бозор ба ин ҳад баланд мегардад. Ҳамагӣ 4 рӯз қабл дар бозори «Саховат»-и Кӯлоб себ 3-4, ангур 3-4, нок 2-4, ангури босифаттар 5-6, чормағз 3-5 ва хурмо 1-3 сомонӣ нарх доштанд. Аммо 3 рӯзи то ид нархи себ то 10 сомонӣ, ангур то 15, нок 4-8, чормағз 5-10 ва хурмо то 6 сомонӣ шуд.

Ин гуна ва бо ин суръат баланд рафтани нархи меваву сабзавоту полезӣ дар бозори мазкур бесобиқа аст. Соҳибназарон сабаби чунин ранг гирифтани вазъиятро дар бемасъулиятӣ ва бепарвоии роҳбарияти нави бозор медонанд. Аҳмади Иброҳим, журналисти маҳаллӣ мегӯяд, ҳар сол дар арафаи идҳо нархи маводи хӯрокворӣ, ба хусус меваҷотро таҳлил мекунад ва ҳеч мавриде шоҳиди чунин баландравии нарх набудааст. Ба андешаи ӯ, нарху наво дар бозори «Саховат»-и Кӯлоб умуман таҳти назорат нест: «Бубинед, дар арафаи ид, ҳар савдогар чӣ гунае хоҳишаш бошад, ҳамон тавр нарх мегузорад ва савдо мекунад. Кор то ҷое расида, ки се рӯз пеш аз ид нархи ҳамаи меваҳо як баробар гарон шуд. Гузашта аз ин, савдогарон ҳар куҷое рост омад, молу колояшонро титу парешон карда мефурӯшанд ва ягон масъули бозор кордор нест».

Бобои Акрам, як пирамарди солманд миёни растаҳои мевафурӯшӣ зору ҳайрон меистод. Гуфтем, бобо чӣ саргардонӣ? Гуфт: «Эъ, Худо бигира ин демократиша, 120 сомонӣ пенсиям метану ин нарху навои бозора дидум, ҳушум рафт. Намедонум ба ин маблағ чӣ харам, ҳамагӣ 4 кило себ мешаваду 3 кило ангур, тамом. Ҳайрон мондам, ки дастархони идонаро чӣ хел тайёр кунам». Пиразане бо ду ҷавон аз меваҳои гаронарзиш харидорӣ мекарданд. Ба гуфтаи бобои Акрам фарзандони чунин нафарон дар Русия мардикоранд ва дар арафаи ид маблағ мефиристанд. Воқеан, зиёданд оилаҳое, ки наздиконашон дар мардикорианду дар ҳамин гуна ҳолатҳо барои хешовандон дастгир мешаванд. Вале боз ҳам зиёданд хонаводаҳое, ки танҳо бо маоши ночиз ва ё нафақаи кӯчак ба сар мебаранду дар рӯзҳои ид пайи дастархонороӣ қарздор мемонанд.

Райиси бозор: «Бо танқидам накунед»?
Аммо чӣ сабаб гашта, ки тоҷирони бозор нарху наворо ба маротиб баланд бардоштаву касе пеши онро гирифтан намехоҳад? Ба андешаи харидорон ва низ баъзе аз савдогарони бозор, дар ин маврид иллат пеш аз ҳама дар фаъолияти нохубу бемасъулиятии ходимону роҳбарони бозор мебошад. Назорат аз болои нархи ҳамагуна маҳсулот аз ҷониби кормандони ин даргоҳ бурда намешавад. Худи савдогарон мегӯянд, то иваз гаштани роҳбарияти бозор, ходимони он ин уҳдадориро доштаанд, вале бо ба сари қудрат омадани директори нав, дигар на танҳо нарху наво, ки ҳолати санитарӣ, дурустии тарозуву чӯбдастҳои худсохти метрӣ, ҷой гирифтани фурӯшандаҳо, молу маҳсулот, сифати маводи хӯрока ва ғайра аз ёдҳо фаромӯш гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, хостем бо директори бозор Меҳринисо Раҳимова ҳамсӯҳбат шавем. Аммо ин бонуи раисаро дар ҷои кораш наёфтем. Ба зангҳои телефонии мо бошад, хонуми директор ҷавоб намедод. Ахиран, як рӯз пеш аз ид бо ӯ сӯҳбати телефонӣ доштем. Вақте насаби бонуро пурсон шудем, бо як ширингуфторӣ «бо танқидам накунед? Ба ҳар ҳол охир ид аст-ку» гуфт. Бале ид аст, хонуми зебо, аммо ба хотири ҳамин ид шуморо ҳам зарур буд, ки аққалан нархи маводи хӯрокворӣ ва меваву сабзавотро дар бозоратон таҳти назорат мегирифтеду садҳо нафар аз сокинонро нороҳату саргардон намекардед.

Ҳолдонҳо мегӯянд, дар мавриди аз назорат дур мондани бозор ва фаъолияти нохуби ходимони он, зӯри як зан ҳеч гоҳ намерасад. Бо вуҷуди талоши беҳтар намудани вазъ (агар чунин хоҳиш дошта бошад) ҳам имкон надорад, ки он тағйир ёбад. Роҳбарии як бозори бузург дар шаҳри калон атолапазиву дарздӯзӣ нест, ки онро бе ягон масъулиятшиносӣ ба хонуме бор кард. Бозор бозор аст ва ин ҷо аксари савдогарон ончунон бо карру фарранд, ки ҳеч гоҳ ба амру фармудаи касе итоат кардан намехоҳанд, чӣ расад ба супориши хонуме. Ана ҳамин як чизаки оддиро дар Тоҷикматлубот фаромӯш кардаанд ва ё Раҳимоваро нафаре ба вазифа пешбарӣ намудааст, ки барои ҷаноби Сироҷиддин Валиев, райиси Тоҷикматлубот ба ҷуз фармон баровардан дигар чорае набуд?

Замоне ки дар бозори Кӯлоб ба «хотири» иди шарифи Қурбон нархи маҳсулоти хӯроквориву меваҷот қимат гаштаву одамон дашномдода аз он харидорӣ мекарданд, бо супориши Раёсати Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ идораи матлуботи шаҳри Кӯлоб ҳамин гуна маҳсулотро ба шаҳри Душанбе, ба қавли хонум Раҳимова ба «выставка» бурдаву бо нархи арзонтар барои сокинони пойтахт ба фурӯш бароварда буданд. Шояд тоҷирон ҳам барои «баланс» ва рӯпӯш намудани маблағи сарфашуда, дар Кӯлоб нархи ин маҳсулотро афзуда бошанд? Кӣ медонад.

Аслиддин Достиев




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!